Question № 00934
Мехоҳам оиди шумораи пайғамбарони дар Қуръон омада ва оиди суннатҳои хутбаи намози ҷумъа маълумоти бештар пайдо кунам.
Question:
Ассалому алайкум домуллои азизу меҳрубон. Мехоҳам оиди шумораи пайғамбарони дар Қуръон омада ва оиди суннатҳои хутбаи намози ҷумъа маълумоти бештар пайдо кунам. Миннатдорам.
Саволдиҳанда: Султон
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, шумораи дақиқи пайғамбаронро танҳо Худованд медонад. Дар Қуръон фақат номи 25 нафар пайғамбар зикр шудааст, ки инҳо мебошанд: Одам, Идрис, Нӯҳ, Ҳуд, Солеҳ, Иброҳим, Лут, Исмоил, Исҳоқ, Яъқуб, Юсуф, Айюб, Шуъайб, Мӯсо, Ҳорун, Довуд, Сулаймон, Юнус, Илёс, Алясаъ, Зулкифл, Закариё, Яҳё, Исо ва Муҳаммади Мустафо (алайҳимуссалоту вассалом). Хутбаи намози ҷумъа суннатҳои зиёде дорад ва аз инҳо иборат ҳастанд: Таҳорат, сатри аврат, нишастан болои минбар пеш аз шуруъи хутба, азон гуфтан рӯ ба рӯи хатиб, бо такя ба асо рост истодан, рӯ ба намозгузорон кардан, оғоз кардани хутба бо ҳамду санои Худо ва дуруд ба Пайғамбар (с), панду андарз додан, қироати як оят аз Қуръон, ду хутба хондан, нишастан дар байни ду хутба, такрори ҳамду сано ва дуруд ба Пайғамбар (с) дар оғози хутбаи сонӣ, дуо кардан ва омурзиш хостан дар охири хутба барои мӯъминон, расонидани хутба ба самъи намозгузорон, тахфиф намудани хутба. (“Нурул-изоҳ”, с. 117)