Question № 00937

Вақте ки моро дашном ё сухани носазое гуфтанд, чӣ кор бояд кунем? Шахси дашномдиҳандаро чӣ интизор аст ва дини Ислом дар мавриди чунин шахс чӣ мегӯяд?

Question:

Вақте ки моро дашном ё сухани носазое гуфтанд, чӣ кор бояд кунем? Шахси дашномдиҳандаро чӣ интизор аст ва дини Ислом дар мавриди чунин шахс чӣ мегӯяд?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Answer:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, дашном додан фисқ аст, яъне инсон ба сабаби дашном додан ё сухани носазо гуфтан фосиқ мешавад, зеро Расули Худо (с) фармудаанд: “Дашном додани мусулмон фисқ аст”. Дар ҳадиси дигаре чунин фармудаанд:  “Мусулмон бародари мусулмон аст, ба ӯ зулм ва хиёнат накунад ва ӯро таҳқир нанамояд. …Аз бадӣ ҳамин мардро басанда аст, ки бародари мусулмонашро нописандӣ кунад. Ҳуқуқи ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст, хуни ӯ, моли ӯ ва шарафу обрӯи ӯ». (Ривояти Муслим)

2017-03-10
2952
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38