Question № 00949

Қимор чист? Рост аст, ки лото ҳам ба қимор дохил мешавад?

Question:

Ассалому алайкум. Қимор чист? Рост аст, ки лото ҳам ба қимор дохил мешавад? Бо далели қуръонӣ ва ҳадиси саҳеҳ муфассал фаҳмонед.

Саволдиҳанда: Муҳаммад

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, қимор ҳар навъ бозиеро мегӯянд, ки дар он маблағе ба шарт дода ва гирифта мешавад. Қиморбозӣ бо далели қуръонӣ ҳаром аст, чунонки Худованд дар Қуръони карим мефармояд: “Эй мӯъминон, ҷуз ин нест, ки хамр ва қимор ва нишонаҳои маъбудони ботил ва тирҳои фол палид ва аз кирдори Шайтон аст; пас, аз вай дурӣ кунед, то бувад ки растагор шавед”. (“Анъом”, 90) Анҷом додани ин амал гуноҳи кабира аст, чунки василаи хӯрдани моли мардум бо роҳи фиребу ҳаром мебошад, ҳол он ки Худованд фармудааст: “Эй мӯъминон, амволатонро дар миёни худ ба ноҳақ махӯред”. (“Нисо”, 29) Гуноҳи қимор чунон сангин аст, ки ҳатто даъват ба он боиси гунаҳгор шудани гӯяндааш мегардад. Чунонки Расули Худо (с) дар ин ҳадис фармудааст: “Агар шахсе ба рафиқаш гӯяд, ки “биё қимор бозем”, пас бояд, ки садақае диҳад”. (Ривояти Бухорӣ) Яъне гӯяндаи ин сухан чизе садақа диҳад, то ки гуноҳаш бахшида шавад. Қиморбозӣ дар баробари гуноҳи кабира будан зарарҳо ва паёмадҳои ногувори зиёде дорад. Аз ҷумла: василаи ба даст овардани мол бо роҳи ҳаром, зоеъ кардани вақт ва умри гаронмоя, аз даст додани баракати зиндагӣ, зоеъ кардани намозҳои фариза ва дигар воҷиботи шаръӣ, ғофил мондан аз ёди Худо, барбод додани молу сарват ва хонаву кошона, барангехтани кинаву адоват ва душманӣ. Агар дар бозии лото ва дигар навъҳои бозӣ маблағе гузошта шавад, пас он ҳам қимор ба ҳисоб меравад ва тибқи ояти қуръонӣ ҳаром мебошад. Вале агар бидуни маблағ анҷом дода шавад, пас як навъ лаҳв ва кори беҳуда ба шумор рафта, боиси зоеъ шудани умри гаронмоя мебошад. Фарди оқил ва огоҳ набояд, ки вақти худро дар корҳои беҳуда сарф кунад ва аз масъулияти инсонӣ ва шаръӣ, ки дар зимма дорад, ғофил бошад, балки барои ободии хонаву кишвар ва дунёву охираташ саъйу талош намояд. 

2017-03-13
3098
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38