Question № 00962
Вақтҳои охир гумоне дар дилам пайдо шудааст, ки дар дарунам ҷин ҳаст, дарди сар, парешонфикрӣ, даҳвоза бениҳоят зиёд шуда, шабҳо бехобӣ дорам.
Question:
Ассалому алайкум. Вақтҳои охир гумоне дар дилам пайдо шудааст, ки дар дарунам ҷин ҳаст, дарди сар, парешонфикрӣ, даҳвоза бениҳоят зиёд шуда, шабҳо бехобӣ дорам. Дар интернет хондам, ки ин яке аз нишонахои ҷин аст. Чӣ кор кунам, ба кӣ муроҷиат кунам, ки маро дуо хонад ва агар дар дарунам бошад, берунаш кунанд? Бародари исломии Шумо
Саволдиҳанда: Шералӣ
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, барои дуо шарт нест, ки инсон ҷин дошта бошад, агар дар шумо чунин ҳолатҳо вуҷуд дошта бошад, дуохонӣ кунед, бешак ҳамаи оятҳои қуръонӣ шифо ҳастанд. Чунончи Худованд мефармояд: “Ва аз Қуръон он чиро фуруд меорем, ки вай барои мӯъминон шифо ва раҳмат аст”. (Сураи “Исро” ояти 82) Барои хондани дуо шумо метавонед ба имоми масҷиди маҳалла ё дигар имомхатибон ва касоне, ки маълумоти динӣ доранд, муроҷиат намоед. Беҳтар аст, ки шумо худ ҳар субҳу шаб сураи “Фотиҳа”, “Оятул-Курсӣ”, сураҳои “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”-ро себорӣ бихонед ва ба сару баданатон масҳ кунед, иншоаллоҳ Худованд ба шумо шифо ато мефармояд.