Question № 00964

Лутфан мегуфтед, ки кадом рӯз барои аз як манзил ба манзили дигар кӯчидан беҳтар аст.

Question:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Лутфан мегуфтед, ки кадом рӯз барои аз як манзил ба манзили дигар кӯчидан беҳтар аст.

Саволдиҳанда: Комил

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, гузаштан ба манзили нав рӯзи муайян надорад, ҳар рӯзе, ки барои шумо осонтар ва муносибтар аст, он рӯз барои гузаштан беҳтар мебошад. Албатта дар чунин рӯзҳои хуши зиндагӣ дар дини мубини Ислом вақт муайян нашудааст, барои кори нек ҳама рӯз вақти хуб ва муносиб аст. 

2017-03-16
3344
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

13.01.2025

More
Fajr06:06
Zuhr12:40
Asr15:32
Maghrib17:29
Isha18:59