Question № 00980
Мегуфтед, ки дар кадом маврид Пайғамбарамон (с) фишурдани ангуштони дасту по ва садо баровардани онҳоро манъ кардаанд. Дар Исломи азизамон ин корро дар беруни намоз анҷом додан мумкин аст?
Question:
Ассалому алайкум домуллои гиромӣ. Мегуфтед, ки дар кадом маврид Пайғамбарамон (с) фишурдани ангуштони дасту по ва садо баровардани онҳоро манъ кардаанд. Дар Исломи азизамон ин корро дар беруни намоз анҷом додан мумкин аст? Пурратар маълумот мехоҳам.
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, фишурдани ангуштон ва садо баровардан аз онҳо дар дохил ва хориҷи намоз макрӯҳ аст, зеро Пайғамбари Худо (с) ба ҳазрати Алӣ чунин васият карда фармуданд: “Ман барои ту он чиро, ки барои худ дӯст медорӣ, дӯст медорам, ангуштонатро фишор надеҳ, ки садо бароранд”. (“Раддул-муҳтор”, ҷ. 1, с. 288-294)