Question № 00982
Дар масҷидҳое, ки халоҷо ва таҳоратхонааш якҷо ҳаст, аммо обрав дошта бӯи ифлосу бад надорад, салом додан ва дуоҳои таҳоратро хондан дуруст аст?
Question:
Домуллои гиромӣ, дар таҳоратхонаи мадрасаи Душанбе “Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ” гуфтан ва ҷавоби онро додан мумкин аст? Умуман дар масҷидҳое, ки халоҷо ва таҳоратхонааш якҷо ҳаст, аммо обрав дошта бӯи ифлосу бад надорад, салом додан ва дуоҳои таҳоратро хондан дуруст аст?
Саволдиҳанда: Аҳмад
Answer:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар таҳоратхонаҳое, ки бӯи нохуш эҳсос намешавад, салом додан боке надорад, агар бӯи нохуш эҳсос шавад, дар ин ҳолат салом додан ва дуоҳои таҳоратро набояд хонд.