Question № 00983
Устодони азиз, лутфан дар мавриди истимно (бо даст хориҷ кардани манӣ) аз нигоҳи чор мазҳаб мефаҳмондед.
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Устодони азиз, лутфан дар мавриди истимно (бо даст хориҷ кардани манӣ) аз нигоҳи чор мазҳаб мефаҳмондед.
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз назари уламои аҳли суннат ва ҷамоат амали истимно раво нест, зеро Расули Худо (с) шахсеро, ки ин амалро анҷом медиҳад, малъун хондааст. (“Ал-биноя”, ҷ. 3, с. 141)