Question № 00996
Дар чанд масҷид намоз хондам, дар яке баъд аз намози шом тасбеҳ гуфтем ва дар дигар масҷид тасбеҳ нагуфтем. Гӯед, ки амали кадоме аз ин ҷамоат дуруст аст.
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Дар чанд масҷид намоз хондам, дар яке баъд аз намози шом тасбеҳ гуфтем ва дар дигар масҷид тасбеҳ нагуфтем. Гӯед, ки амали кадоме аз ин ҷамоат дуруст аст. 2. Дар вақти хондани «Аттаҳийёт» баъзе одамон бо ангушт ишора мекунанд ва баъзе одамон намекунанд. Гӯед, ки амали кадоме аз инҳо дуруст аст.
Саволдиҳанда: Шаҳром
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, тасбеҳ гуфтан пас аз намозҳо мустаҳаб аст ва бо тарки тасбеҳ низ намоз дуруст мешавад. Дар урфи мардуми мо чунин роиҷ шудааст, ки пас аз намози шом дуои мухтасар карда, ба хондани намози нофила мепардозанд, аз ин рӯ, пас аз намози шом тасбеҳ намегӯянд. 2. Дар вақти хондани “Аттаҳийёт” ишора кардан бо ангушт амри мустаҳаб аст, агар ин амалро анҷом ҳам надиҳад, намозаш дуруст мешавад.