Questions and answers
02646:
Марди қиморбозе пас аз бохтани пулҳояш ба қаҳр мегўяд, ки “агар дафъаи дигар қиморбозӣ кунам, имонам аз кофир ва кофир шавам”, лекин бори дигар низ бозӣ мекунад, дар ин ҳолат никоҳи ў чӣ мешавад? Дар ҳоле ки қаблан ду бор ҳамсарашро талоқ дода ва боз таҷдиди никоҳ кардааст.
Categories:
Other categories02645:
Агар шахсе занашро як талоқ кард ва баъд аз як моҳ боз ўро се талоқ дод, дар ин ҳолат чанд талоқ мешавад? Ин кор чанд сол пеш воқеъ шуда буд, Раёсати фатво ба як талоқ фатво дода буд. Вале шунидам, ки дар сурати мазкур на як талоқ, балки се талоқ воқеъ мешавад. Кадоми ин ду қавл дуруст аст?
Categories:
Family02643:
Агар шахсе худ ба худ ягон шарт монад ва гўяд, ки “агар ман фалон корро кунам, занам бар ман се талоқ”, дар ҳоле ки занаш қаблан ду бор талоқ шуда ва таҷдиди никоҳ кардаанд. Ин дафъа агар шартро шиканад, занаш боз талоқ мешавад? Оё метавонад, ки шарти гузоштаро бо ягон хайр ё рўза гирифтан бекор кунад?
Categories:
Family