Questions and answers
03032:
Маънои шаби Қадр чист?
Categories:
Ruza03031:
Хушдоманам дар зиндагиям бе ниҳоят дахолат мекунад, мехоҳад, ки ҷавоби духтарашро диҳам, рўзе бисёр асабониям кард, гуфтам рав ҷавоби духтаратро додам. Хусурам бошад намедонам чи мақсад дорад, мегўям, ки занамро никоҳ карда мебарам. Мегўяд, ки холо вақташ нест, духтар бояд се ҳайз гузаронад, баъд ягон фикр мекунем, ҳозир бошад маро иҷозат намедиҳад ки бо занам вохўрам, занам бошад мегўяд ман аз зиндагиям умед дорам, вале падарам чизе гўяд, ҳамон. Чӣ кор кунам, намедонам?
Categories:
Family03024:
Дар ҷавобҳои қаблиатон ба дигарон хондам, ки намози таҳаҷҷудро аз хоби шабонгоҳ бархеста, дар ними шаб хондан лозим. Оё баъди адои намози хуфтан хоб нарафта, баъд аз соати 00.00 хондан дуруст аст ё не? Фарз кардем ман то ними шаб бедор ҳастам, аниқтараш хобам намебарад, метавонам таҳаҷҷуд хонда, сипас хоб равам, оё ин дуруст аст ё не?
Categories:
Namaz