Масҷиди ҷомеи марказии н. Рӯдакӣ ба номи Мавлоно Яъқуби Чархӣ
Map to mosque
н. Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти
"Гулистон" Тел :+(992) 951857777
Масҷиди ба номи Мавлоно Яъқуби Чархӣ дар ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и ноҳияи Рудакӣ ҷойгир буда, таърихи қадим дорад. Дар гузаштаи дур ин деҳа бо номи Ҳалғату маъруф буд ва ба сарзамини Чағониён (ҳозира ноҳияи Ҳисор) дохил мешуд. Дар ҳамин деҳа яке аз намояндагони барҷастаи равияи нақшбандӣ Мавлоно Яъқуби Чархӣ зиндагӣ кардааст. Мавлоно бо тавсияи устодаш Баҳоуддини Нақшбанд ба ин сарзамин омада, мардумро ба таълимоти нақшбания ошно месозад. Пас аз чанд соли зиндагӣ бо ёриву мадади шогирдон ва мардуми гирду атроф бинои масҷиди ҷомеъ қомат меафрозад. Тибқи ривояте таърихи бунёди масҷид дар давраи ҳаёти Мавлоно сурат гирифтааст, ки ба соли 818-и ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1414-и мелодӣ рост меояд. Вале тибқи ривояти дигар масҷиди мазкур соли 916-и ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба соли 1512-и мелодӣ бунёд гардида, дорои се гунбаз будааст. Дар пештоқи масҷид ибораи “Кулоҳи сурх” кандакорӣ шудааст, ки моддаи таърихи бунёди масҷид буда, ба ҳисоби абҷад ба соли 916-и ҳиҷрӣ баробар аст. Деҳаи Ҳалғату аз ҳамон рӯзгор ба номи Ҳазрати Мавлоно маъруф гардид.
Пас аз Инқилоби Октябр масҷиди Мавлоно рӯ ба харобӣ овард. Баъд аз он ки колхозҳо ташкил шуданд, масҷиди Мавлоно ба анбор табдил дода шуд. Аз солҳои 60-ум сар карда, анбори колхозро аз масҷид кӯчонданд ва мардум онро таъмир карданд. Баъдтар мақбараи Мавлоно Яъқуб обод шуд.
То соли 1980 атрофи масҷид ягон биное вуҷуд надошт. Соли 1981 бо ташаббуси домулло Муҳаммадшарифи Ҳисорӣ бинои масҷид тавсиъа дода шуд. Дар пеши масҷид айвон сохта шуда, аз тарафи чапи он масҷиди боҳашамати ҷумъахонӣ қомат афрохт. Минбару сақф, сутунҳо ва дарвозаи масҷид аз чӯб кандакорӣ шуда, дар он симои меъмории миллӣ таҷассум ёфтаааст. Дар қисмати болои айвони масҷид номҳои зебои Худо бо хатти зебо навишта шудааст, ки ба ҳусни масҷид ҳусни дигар зам намудааст.
Масҷиди Мавлоно ҳафт чанори бузург дорад, ки дар сафи онҳо яке чанори Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи ривоятҳо онро Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ шинондааст ва таърихи зиёда аз 500-сола дорад.
Ривояте ҳаст, ки Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ба дидори Мавлоно Яъқуби Чархӣ шарафёб шудааст. Шояд ин воқеа дар охири умри Мавлоно воқеъ шуда бошад, зеро Ҷомӣ соли 1414 таваллуд ёфта ва Мавлоно соли 1447 дар ҳамин деҳаи Ҳалғату вафот кардааст. Ҷомӣ ҳангоми рафтан дастниҳоле дар канори наҳри масҷид менишонад, ки акнун дар саҳни масҷид чанори бузурге шуда ва побарҷост. Имрӯз дар гирду атрофи чанорҳо сарҳавзҳои зебо бунёд ёфтаанд.
More mosques
ш. Душанбе, н. И. Сомонӣ, маҳаллаи Нодира 52,
кӯч Хоҷамбиёи боло, тел: +992 904 56 66 67
ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кӯч
“Бӯстон-3”.Тел:+(992) 919219176
Суроғаи масҷид: ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ,
кӯч Фирдавсӣ 13/10.Тел :+(992) 918704850
ш. Душанбе,н Фирдавсӣ
кӯч.Панфилов, Тел :+(992)918629819