الصفحة الرئيسية الأخبار Мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо њайъати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо њайъати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти  Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо њайъати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
2020-01-20
4733

Рўзи 16-уми январи соли 2020  дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ҳайати шахсии ин ниҳод баргузор гардид. 

Дар мулоқот масъалаҳои муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризм, ҳамчунин пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро мавриди суҳбат қарор гирифт.

Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки ифротгароӣ ва терроризм як неруи вайронгари тафаккури инсон ва ҷисму ҷони вай буда, бояд ба муқобили он муборизаи беамон бурд. 

Зимни баромади худ Раиси Шўрои уламо қайд намуданд, ки экстремизм ва терроризм, ки дар зери пушишҳои ислом амал мекунанд, ҳељ иртиботе ба ислом надошта, нерӯи харобкунандаи ақл ва бадани инсонанд ва ба мубориза алайҳи ин зуҳурот даъват карданд.

Инчунин иброз намуданд, ки мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок бе роҳандозии корҳои таблиғотӣ маъно надорад. Бояд асли Ислом ва ҳадафи ин гуна гурӯҳҳои тундравро ба мардум расонд. Воситаҳои мухталифи таъсиррасонро бояд истифода кард. Яке аз ин роҳҳо муколама бо мардум аст, бо роҳҳои суолу ҷавоб метавон ҳадафи тундравонро фаҳмонд ва аз вуруди ҷавонону наврасон ба сафи онҳо ҷилавгирӣ кард. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд дар тарбияи ҷавонон ва нобудсозии чунин зуҳуроти харобиовар ба монанди экстремизм ва терроризм саҳмгузор бошем.

Раиси Шўрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода дар суханронии худ ҳамчунин дар бораи корҳои анљомдодаи Шӯрои уламои кишвар дар мавриди ба ҷавонон расонидани арзишҳои аслии Ислом ва мазҳаби ҳанафӣ, равона сохтани онҳо ба созандагӣ, бунёдкорӣ ва дурӣ аз ҳар гуна гурӯҳҳои тундрав қайд карданд. Вай ҳамчунин ба як сислила барномаҳое низ ишора кард, ки Шӯрои уламо барои расидан ба ин ҳадафҳо онҳоро амалӣ месозад.

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.04.2024

أكثر
الفجر03:55
الظهر12:40
العصر17:24
المغرب19:23
العشاء20:54
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر