الصفحة الرئيسية الأخبار МУРОҶИАТНОМАИ Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи мубораки мавлуди Паёмбар (с)

МУРОҶИАТНОМАИ Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи мубораки мавлуди Паёмбар (с)

МУРОҶИАТНОМАИ  Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи мубораки мавлуди Паёмбар (с)
2020-10-24
4222

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, ҳамд мегўем Худоеро, ки дар китоби муқаддасаш Қуръони карим ба ваҳдату ягонагӣ дастур дода, аз тафриқаву ҷудоӣ манъ намудааст. Шаҳодат медиҳем, ки нест маъбуде ѓайри Худованди ѓолиби якто. Ва шаҳодат медиҳем, ки Муҳаммад (с) банда ва фиристодаи ўст, раҳмате барои оламиён ва шафоаткунандаи рўзи ҷазо. Салавот ва саломи бепоёни Худо бар вай ва бар олу асҳобаш, ки бо роҳи ў рафта, суннаташро риоя намуданд.

Ассалому алайкум ҳамватанони гиромӣ, Аввалан, ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии моҳи мубораки мавлуди Паёмбари акрам (с) табрику таҳният намуда, барои ҳамагон тавфиқи тоату ибодат ва хушбахтию саодатмандиро таманно менамоем ва аз Худованди меҳрубон илтиҷо дорем, ки аъмоли неки ҳамаи моро ба даргоҳи хеш қабул фармояд.

Мавлуди босаодати Расули Худо (с), ки имсол ба рўзи 29-уми октябр рост меояд, яке аз рӯйдодҳои муҳим ва фаромӯшношуданӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Ба шарофати ин рӯйдоди саодатофарин таҳаввулоти бузурге дар зиндагии аҳли башар ба вуқуъ пайваст ва олам ба нури вуҷуди Ӯ мунаввар гардид.

Чунонки ба ҳамагон маълум аст, ҳар сол дар моҳи Рабеъул-аввал мавлуди мубораки Расули акрам (с) дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеъи кишвар баргузор мегардид. Мутаассифона, ба сабаби хуруҷи бемории КОВИД-19 дар ҳамаи кишварҳои олам маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуда, аз ҷумла дар кишвари мо масҷидҳо низ муваққатан баста шуданд. Вобаста ба ин мушкили пешомада, ки аз тавону иродаи мо берун аст, Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми азизи кишвар муроҷиат мекунад, ки мавлуди Паёмбари акрам (с)-ро дар доираи хонаводаи худ баргузор намуда, бо тиловати Қуръон ва дуруду саловоту дуо рўҳи пурфутуҳи он Ҳазрат (с)-ро шод гардонанд ва ҳамзамон барои ҳарчи зудтар бартараф шудани бемории сироятии коронавирус ва пешрафту тараққиёти кишвари азизамон дуои неки худро фаромўш накунанд.

Раёсати Шўрои уламо бори дигар кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Паёмбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно дорад.

Раёсати Шўрои уламои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.10.2020

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.04.2024

أكثر
الفجر03:53
الظهر12:40
العصر17:25
المغرب19:24
العشاء20:55
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر