МУРОҶИАТНОМАИ Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи мубораки мавлуди Паёмбар (с)
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, ҳамд мегўем Худоеро, ки дар китоби муқаддасаш Қуръони карим ба ваҳдату ягонагӣ дастур дода, аз тафриқаву ҷудоӣ манъ намудааст. Шаҳодат медиҳем, ки нест маъбуде ѓайри Худованди ѓолиби якто. Ва шаҳодат медиҳем, ки Муҳаммад (с) банда ва фиристодаи ўст, раҳмате барои оламиён ва шафоаткунандаи рўзи ҷазо. Салавот ва саломи бепоёни Худо бар вай ва бар олу асҳобаш, ки бо роҳи ў рафта, суннаташро риоя намуданд.
Ассалому алайкум ҳамватанони гиромӣ, Аввалан, ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии моҳи мубораки мавлуди Паёмбари акрам (с) табрику таҳният намуда, барои ҳамагон тавфиқи тоату ибодат ва хушбахтию саодатмандиро таманно менамоем ва аз Худованди меҳрубон илтиҷо дорем, ки аъмоли неки ҳамаи моро ба даргоҳи хеш қабул фармояд.
Мавлуди босаодати Расули Худо (с), ки имсол ба рўзи 29-уми октябр рост меояд, яке аз рӯйдодҳои муҳим ва фаромӯшношуданӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Ба шарофати ин рӯйдоди саодатофарин таҳаввулоти бузурге дар зиндагии аҳли башар ба вуқуъ пайваст ва олам ба нури вуҷуди Ӯ мунаввар гардид.
Чунонки ба ҳамагон маълум аст, ҳар сол дар моҳи Рабеъул-аввал мавлуди мубораки Расули акрам (с) дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеъи кишвар баргузор мегардид. Мутаассифона, ба сабаби хуруҷи бемории КОВИД-19 дар ҳамаи кишварҳои олам маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуда, аз ҷумла дар кишвари мо масҷидҳо низ муваққатан баста шуданд. Вобаста ба ин мушкили пешомада, ки аз тавону иродаи мо берун аст, Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми азизи кишвар муроҷиат мекунад, ки мавлуди Паёмбари акрам (с)-ро дар доираи хонаводаи худ баргузор намуда, бо тиловати Қуръон ва дуруду саловоту дуо рўҳи пурфутуҳи он Ҳазрат (с)-ро шод гардонанд ва ҳамзамон барои ҳарчи зудтар бартараф шудани бемории сироятии коронавирус ва пешрафту тараққиёти кишвари азизамон дуои неки худро фаромўш накунанд.
Раёсати Шўрои уламо бори дигар кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Паёмбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно дорад.
Раёсати Шўрои уламои
Ҷумҳурии Тоҷикистон
23.10.2020
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар