Home Articles МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН МОҲИ РАҲМАТУ МАҒФИРАТ АСТ

МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН МОҲИ РАҲМАТУ МАҒФИРАТ АСТ

МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН МОҲИ РАҲМАТУ МАҒФИРАТ АСТ
2021-04-08
2551

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон.

    Ҳамду сано Худовандро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар хотами пайғбарон – ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар ҳамаи хонадону ёронаш бод!

     Имрўзҳо мардуми мусалмони кураи олам аз ҷумла Ҷумҳурии азизи мо Тоҷикистон дар арафаи истиқболи моҳи шарифи Рамазон мебошанд. Ин моҳи муқаддас барои ҳар як мусалмон, азизу гиромист. Барои онҳое, ки худро пайрави дини мубини Ислом медонанд, ин моҳи шариф бузургтарин ва муқаддастарин моҳи солшумории ҳиҷрии қамарист ва риояи ҳар муқаррароти он муҳтарам дониста мешавад.

    Моҳи шарифи Рамазон, ки Офаридагори олам дар каломи осмонии худ онро айёми иҷобати дуо, қабули тавба ва амалҳои хайру савоб дониста аст, мардуми мо кўшиш мекунанд, ки фазилатҳои парҳезу накукориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорӣ намоянд, ба аёдати падарону модарони худ ва беморону ранҷурон раванд ва шахсоне, ки тавону имконашон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандӣ дароз намоянд. Дар баробари ин моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини Ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад.

    Дар ҳақиқат аз ҳикматҳои Илоҳист, ки мардум бояд ҷамъу муваҳҳид ва дар иттиҳоду ҳамбастагӣ бошанд, манофеи  умумимиллиро  аз манфиатҳои шахсӣ ва гурўҳи болотар ҳисобанд, барои фардои наслҳои оянда кишвари ободро ба мерос гузоранд. Ҳам дар каломи бузурги Худованди тавонову якто – Қуръони карим ва ҳам дар аҳодиси Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) моҳи Рамазон ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши  гуноҳ ва иҷобати дуо таъкид ва ёдрас шудаааст. Гиромӣ донистани ин моҳи шариф барои муслимини олам аз он сарчашма мегирад, ки дар ин моҳ китоби муқаддаси Қуръон – ҳамчун ҳидоятгару раҳнамои башарият нозил шудааст. Ин моҳ арзишҳо ва ҳикматҳое дорад, ки барои ҷаҳониён сабақомўз ва намунаи ибратанд.

     Парҳезгорӣ ва зиндагии ҳалолу покиза, муравват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, кўмак кардан ба бародарони худ аз рўи тавону имкон худдорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи накў ва нерў бахшидани он тавассути амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ва ҷомеаро ҷузъи худ ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре  ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рўзадорон ҳатмӣ шумурда мешаванд. Анҷом  додани амалҳои хайру  савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву обрўю эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз ҳикматҳои дигари ин моҳи азизу муқаддас мебошад. Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом дода аст. Яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоатон ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад. Вобаста ба ин, мо ҳамеша он нуқтаро таъкид мекунем, ки садақаи фитр ба ин табақаи ниёзмандони аҳолӣ бояд дода шавад.

     Дар ин бобат Паёмбари гиромӣ фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад». Тибқи ахлоқ ва одоби исломӣ инсон бояд ба шукронаи Худованд бо дасту дили кушод ва аз заҳмати поку ҳалоли худ хайру садақа анҷом диҳад.

     Дар баробари он ки фарз будани доштани рўза таъкид мешавад, кумак ба табақаи бенаво ва мувофиқи имконияти худ анҷом додани амалҳои хайру савоб низ хотиррасон мегардад. Маълум мешавад, ки парҳезгориву  амали хайр ду қатб ё рукни ин моҳи бузург будааст.

      Набояд фаромўш кард, ки моҳи Рамазон моҳи имтиҳони на фақат неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рўҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд. Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтарине ҳаст, ки дар дини мубини Ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст. Набояд фаромўш кард, ки дар ин маврид Паёмбари гиромии Ислом фармудаанд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рўзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рўзи қиёмат ўро дар оташи дўзах қарор хоҳад дод».

     Инчунин аз Абуҳурайра  (р) ривоят аст, ки Пайғамбари  Худо (с) фармуданд: «Касе, ки мушкиле аз мушкилоти дунявии муъминеро бикушояд. Ва касе, ки бо тангдасте саҳлгирӣ кунад, Худованд дар дунё ва қиёмат бо ў саҳлгирӣ мекунад ва касе, ки айби мусулмонеро бипўшад, Худованд дар дунё ва охират айби ўро мепўшад ва Худованд дар садади  кўмаки банда аст, то лаҳзае, ки банда дар садади кўмак бо бародараш бошад». (Ривояти Муслим).

   Аз ин хотир, аз ҳама тоҷирону соҳибкорон, фурўшандагони маводи ғизоӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба таъминоти мардум бо молу маҳсулоти хўрокворӣ машғуланд, хоҳиш мекунем, ки нарху наворо ба таври сунъӣ баланд набардоранд, баръакс,  агар тавонанд, бо паст кардани нарху наво ва муомилаи неку гуворо бо харидорон, корҳои савоб ва хизматрасониҳои иловагӣ ба мардум дар моҳи шарифи Рамазон ба меҳрубониҳои Худованди мутаъол мушарраф гарданд. Бори дигар омад омади моҳи муборакро ба ҳамагон табрику таҳният мегўям.

Ҳомидов Абдулвоҳид- мутахассиси Раёсати фатво

Pray time in Dushanbe

28.03.2024

More
Fajr04:44
Zuhr12:40
Asr16:55
Maghrib18:54
Isha20:24
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More