Home News ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ  САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА,  РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ  ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ
2023-03-29
2894

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «ТАШАККУЛИ МАФКУРАВИИ ҶАҲОНБИНИИ ҶАВОНОН ДАР МУҚОВИМАТ БА ИДЕОЛОГИЯИ ЭКСТРЕМИСТӢ-ТЕРРОРИСТӢ» ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД-И ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

          Раиси Шўрои уламои маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 30-юми ноябри соли 2022 дар кори Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Ташаккули мафкуравии ҷаҳонбинии ҷавонон дар муқовимат ба идеологияи экстремистӣ-террористӣ», ки дар Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок ва дар мавзўи «Илму маърифат ва ахлоқи ҳамида – омили муҳим аз таъсири ҳамагуна зуҳуроти номатлуб» баромад намуданд.

    Зимни баромади худ мавсуф қайд намуданд, ки ҷавонон дар ҳар кишвари дунё қишри асосии бунияи иҷтимоиро ташкил медиҳанд ва давлате, ки ба ин масъала, яъне чигунагии аҳвол ва дурнамои рушди ҷавонону ноболиѓон аҳаммият медиҳад ва сари вақт мушкилоти онро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, аз ҳар мавқеъ – ҳам осоиши кишвар ва ҳам тараққиёти бемайлони он бурди азиме хоҳад кард.

Инчунин таъкид ба он намуданд, ки имрӯз гиромӣ доштану қадр кардани Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва он нерӯи бузурги ваҳдатовар, ки бо хости Парвардигор сарнавишти неки мо ва наслҳоямонро муқаррар намуда, бароямон осмони софу ҳаёти осоиштаро таъмин кард, вазифаи муқаддаси ҳар як фарди огоҳу соҳибхирад мебошад.

Аз ин лиҳоз, дуо мекунем, ки Парвардигор кишвари моро аз офатҳо нигаҳбон бошад, раҳмату баракати худро ба ин сарзамин арзонӣ дорад,  мардуми ин диёрро зиндагонии орому саодатмандона дар дунёву охират насибу рӯзӣ бигардонад, ҷавонони моро дар паноҳи исмати худ нигаҳбон бошад.

Pray time in Dushanbe

19.04.2024

More
Fajr04:09
Zuhr12:40
Asr17:18
Maghrib19:16
Isha20:47
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More