ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «ТАШАККУЛИ МАФКУРАВИИ ҶАҲОНБИНИИ ҶАВОНОН ДАР МУҚОВИМАТ БА ИДЕОЛОГИЯИ ЭКСТРЕМИСТӢ-ТЕРРОРИСТӢ» ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД-И ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
Раиси Шўрои уламои маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 30-юми ноябри соли 2022 дар кори Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Ташаккули мафкуравии ҷаҳонбинии ҷавонон дар муқовимат ба идеологияи экстремистӣ-террористӣ», ки дар Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок ва дар мавзўи «Илму маърифат ва ахлоқи ҳамида – омили муҳим аз таъсири ҳамагуна зуҳуроти номатлуб» баромад намуданд.
Зимни баромади худ мавсуф қайд намуданд, ки ҷавонон дар ҳар кишвари дунё қишри асосии бунияи иҷтимоиро ташкил медиҳанд ва давлате, ки ба ин масъала, яъне чигунагии аҳвол ва дурнамои рушди ҷавонону ноболиѓон аҳаммият медиҳад ва сари вақт мушкилоти онро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, аз ҳар мавқеъ – ҳам осоиши кишвар ва ҳам тараққиёти бемайлони он бурди азиме хоҳад кард.
Инчунин таъкид ба он намуданд, ки имрӯз гиромӣ доштану қадр кардани Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва он нерӯи бузурги ваҳдатовар, ки бо хости Парвардигор сарнавишти неки мо ва наслҳоямонро муқаррар намуда, бароямон осмони софу ҳаёти осоиштаро таъмин кард, вазифаи муқаддаси ҳар як фарди огоҳу соҳибхирад мебошад.
Аз ин лиҳоз, дуо мекунем, ки Парвардигор кишвари моро аз офатҳо нигаҳбон бошад, раҳмату баракати худро ба ин сарзамин арзонӣ дорад, мардуми ин диёрро зиндагонии орому саодатмандона дар дунёву охират насибу рӯзӣ бигардонад, ҷавонони моро дар паноҳи исмати худ нигаҳбон бошад.
Дигар хабарҳо
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намози Ҷумъа дар Масҷиди Ҷомеи Имом Бухорӣ иштирок намуданд
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо имом ва хатиби Масҷидулҳаром, Шайх доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд мулоқот намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Муфассалтар


