Home News Ташрифи як гурўҳ хонандагон аз шаҳри Хоруғи ВМКБ ба масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе

Ташрифи як гурўҳ хонандагон аз шаҳри Хоруғи ВМКБ ба масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе

Ташрифи як гурўҳ хонандагон аз шаҳри Хоруғи ВМКБ ба масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе
2018-12-19
4920

Рўзи 16-уми декабри соли 2018 як гурўҳ хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хоруғи вилояти Кўҳистони Бадахшон аз масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи «ҳоҷӣ Яъқуб» дидан карданд. Зимни ташриф ба масҷид имомхатиб Сатторов Беҳрўз меҳмононро истиқбол гирифта, роҷеъ ба таърих ва давраҳои бунёди масҷиди марказӣ, инчунин оиди фазилати масҷид суҳбати пурмуҳтаво анҷом доданд. Дар идомаи суҳбат имомхатиб бо хонандагон доир ба моҳияти Ислом ва қуръону суннат сухан ронда, замони соҳибистиқлолии кишварро даврони эҳёи фарҳанги исломӣ ва дастовардҳои динӣ номиданд. Инчунин ёдовар шуданд, ки соли оянда дар пойтахти кишвари азизамон калонтарин масҷид ба истифода дода мешавад, ки он яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб мегардад.

          Хонандагон аз ташрифашон ба ин масҷид изҳори хушнудӣ намуда, қайд карданд, ки чунин вохўриҳо боиси бештар огоҳӣ пайдо кардан аз ободкориҳову пешравиҳои кишвари азизамон ва мустаҳкам шудани дўстию рафоқат миёни хонандагон мегардад. Дар охир онҳо аз имомхатиби масҷид ҷиҳати истиқболи гарм ва суҳбатҳои пурмуҳтаво миннатдорӣ баён намуданд.

Pray time in Dushanbe

26.04.2024

More
Fajr03:55
Zuhr12:40
Asr17:24
Maghrib19:23
Isha20:54
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More