Ташрифи як гурўҳ хонандагон аз шаҳри Хоруғи ВМКБ ба масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе
Рўзи 16-уми декабри соли 2018 як гурўҳ хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хоруғи вилояти Кўҳистони Бадахшон аз масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи «ҳоҷӣ Яъқуб» дидан карданд. Зимни ташриф ба масҷид имомхатиб Сатторов Беҳрўз меҳмононро истиқбол гирифта, роҷеъ ба таърих ва давраҳои бунёди масҷиди марказӣ, инчунин оиди фазилати масҷид суҳбати пурмуҳтаво анҷом доданд. Дар идомаи суҳбат имомхатиб бо хонандагон доир ба моҳияти Ислом ва қуръону суннат сухан ронда, замони соҳибистиқлолии кишварро даврони эҳёи фарҳанги исломӣ ва дастовардҳои динӣ номиданд. Инчунин ёдовар шуданд, ки соли оянда дар пойтахти кишвари азизамон калонтарин масҷид ба истифода дода мешавад, ки он яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб мегардад.
Хонандагон аз ташрифашон ба ин масҷид изҳори хушнудӣ намуда, қайд карданд, ки чунин вохўриҳо боиси бештар огоҳӣ пайдо кардан аз ободкориҳову пешравиҳои кишвари азизамон ва мустаҳкам шудани дўстию рафоқат миёни хонандагон мегардад. Дар охир онҳо аз имомхатиби масҷид ҷиҳати истиқболи гарм ва суҳбатҳои пурмуҳтаво миннатдорӣ баён намуданд.
Другие новости
МУКОФОТИ ҶАШНӢ - ДАВЛАТӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА
Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ Н. МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Выступления Президента
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
ПодробнееВыступления Председателья Исламского Центра
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Подробнее


