Қарори маҷлиси Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон
Рўзи 6-уми марти соли 2024 дар маҷлисгоҳи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Раёсати Шӯрои уламо баргузор гардид. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломи Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати омад-омади моҳи мубораки Рамазон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илми ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвар рўзи душанбе 11-уми март фаро мерасад.
Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рўзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор карданд:
- Мувофиқи ҳисоби илми аввали моҳи шаирифи Рамазон дар соли 2024 ба ҳисоби тақвими рўзи душанбе 11-уми март муайян карда шавад.
- Мувофиқи ҳисоби шаръи нисоби закот 35275 сомони муқаррар карда шавад, ки аз он 880 сомони закот дода мешавад.
- Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръи ба ҳисоби гандум 7 сомони ва ба ҳисоби мавиз 54 сомони (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад.
- Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2024 барои соҳибони узри шаръи (шайхи фони) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест ба миқдори 420 сомони барои 30 рўз муайян карда шавад.
Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.
More news
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


