Асосӣ Хабарҳо Қарори маҷлиси Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон

Қарори маҷлиси Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон

Қарори маҷлиси Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон
2024-03-07
2977

     Рўзи 6-уми марти соли 2024 дар маҷлисгоҳи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Раёсати Шӯрои уламо баргузор гардид. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломи Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати омад-омади моҳи мубораки Рамазон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илми ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвар рўзи душанбе 11-уми март фаро мерасад.

       Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рўзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор карданд:

  1. Мувофиқи ҳисоби илми аввали моҳи шаирифи Рамазон дар соли 2024 ба ҳисоби тақвими рўзи душанбе 11-уми март муайян карда шавад.
  2. Мувофиқи ҳисоби шаръи нисоби закот 35275 сомони муқаррар карда шавад, ки аз он 880 сомони закот дода мешавад.
  3. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръи ба ҳисоби гандум 7 сомони ва ба ҳисоби мавиз 54 сомони (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад.
  4. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2024 барои соҳибони узри шаръи (шайхи фони) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест ба миқдори 420 сомони барои 30 рўз муайян карда шавад.

         Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:02
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар