Главная Новости Қарори маҷлиси Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон

Қарори маҷлиси Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон

Қарори маҷлиси Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон
2024-03-07
2104

Рўзи 6-уми марти соли 2024 дар маҷлисгоҳи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Раёсати Шӯрои уламо баргузор гардид. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломи Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати омад-омади моҳи мубораки Рамазон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илми ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвар рўзи душанбе 11-уми март фаро мерасад.

       Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рўзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор карданд:

  1. Мувофиқи ҳисоби илми аввали моҳи шаирифи Рамазон дар соли 2024 ба ҳисоби тақвими рўзи душанбе 11-уми март муайян карда шавад.
  2. Мувофиқи ҳисоби шаръи нисоби закот 35275 сомони муқаррар карда шавад, ки аз он 880 сомони закот дода мешавад.
  3. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръи ба ҳисоби гандум 7 сомони ва ба ҳисоби мавиз 54 сомони (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад.
  4. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2024 барои соҳибони узри шаръи (шайхи фони) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест ба миқдори 420 сомони барои 30 рўз муайян карда шавад.

         Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

Время намаза в Душанбе

27.04.2024

Подробнее
Фаджр03:53
Зухр12:40
Аср17:25
Магриб19:24
Иша20:55
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее