Home News Аёдати Раиси Шӯрои уламо аз осебдидагон

Аёдати Раиси Шӯрои уламо аз осебдидагон

Аёдати Раиси Шӯрои уламо аз осебдидагон
2019-02-26
4664

Субҳи имрӯз Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — шаҳраки «Шифобахш» ташриф оварда аз аҳволи сохтмончиёне, ки дар аснои корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди калони пойтахти кишвар осеб дида буданд, хабар гирифта, ба онҳо ёриии моддию  маънавӣ расониданд. Ёдовар мешавем, ки дирӯз пагоҳӣ нуҳ нафар сохтмончиён ҳангоми машғул буданашон ба корҳои кафшергарӣ аз баландии гунбази масҷид ногаҳон афтода ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Хушбахтона касе дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст надодааст. Баъд аз аёдати беморон маълум гардид, ки танҳо ду нафари осебдидагон дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дошта, аҳволи дигарон муътадил мебошад ва зери назорати бевоситаи роҳбарияти беморхона қарор доранд. Аз Худо умед дорем, ки осебдидагон ҳарчи зудтар шифо ёфта ба кори худ бармегарданд.

Pray time in Dushanbe

26.04.2024

More
Fajr03:55
Zuhr12:40
Asr17:24
Maghrib19:23
Isha20:54
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More