Аёдати Раиси Шӯрои уламо аз осебдидагон
Субҳи имрӯз Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — шаҳраки «Шифобахш» ташриф оварда аз аҳволи сохтмончиёне, ки дар аснои корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди калони пойтахти кишвар осеб дида буданд, хабар гирифта, ба онҳо ёриии моддию маънавӣ расониданд. Ёдовар мешавем, ки дирӯз пагоҳӣ нуҳ нафар сохтмончиён ҳангоми машғул буданашон ба корҳои кафшергарӣ аз баландии гунбази масҷид ногаҳон афтода ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Хушбахтона касе дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст надодааст. Баъд аз аёдати беморон маълум гардид, ки танҳо ду нафари осебдидагон дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дошта, аҳволи дигарон муътадил мебошад ва зери назорати бевоситаи роҳбарияти беморхона қарор доранд. Аз Худо умед дорем, ки осебдидагон ҳарчи зудтар шифо ёфта ба кори худ бармегарданд.
Другие новости
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намози Ҷумъа дар Масҷиди Ҷомеи Имом Бухорӣ иштирок намуданд
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо имом ва хатиби Масҷидулҳаром, Шайх доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд мулоқот намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”
Выступления Президента
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
ПодробнееВыступления Председателья Исламского Центра
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Подробнее


