Главная Статьи ВАҲДАТУ ЯККАМАЗҲАБӢ САРМОЯИ ҶОВИДОНИИ МИЛЛАТ

ВАҲДАТУ ЯККАМАЗҲАБӢ САРМОЯИ ҶОВИДОНИИ МИЛЛАТ

ВАҲДАТУ ЯККАМАЗҲАБӢ САРМОЯИ ҶОВИДОНИИ МИЛЛАТ
2019-08-09
2477

      Ҳамду ситоиши беандоза шоистаи Худованди ягона ва дуруду саломи бардавом бар Расули раҳмат саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва хонадону ёрони ӯ бод.

Яке аз сармояҳои арзишманди ҳар миллати худогоҳ ваҳдат аст. Амну суботи ҳар кишваре, ки мехоҳад пойдор бимонад, ба ваҳдат робитаи зич дорад. Агар ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон коҳиш ёбад, пас наметавон ба амнияти бардавом, рушди иқтисод ва пешрафти ҷомеа умед баст. Осоиштагӣ неъмати худовандист ва шукри онро ба ҷой наовардан куфрони неъмат ба шумор меояд. Қадри ин неъматро бештар онҳое медонанд, ки дар даврони ҷангу инқилобҳои гуногун ба сар бурдаанд.

Аксари мардуми мо низ дар гузаштаи начандон дур шоҳиди ноамниҳо дар дохили кишвар буданд. Он замон қариб тамоми хушиҳои зиндагӣ, амсоли тинҷию оромӣ, серию пурӣ, хандаю хушҳолӣ, силаи раҳму меҳмоннавозӣ ва тоату ибодат ба хотири осудагиро аз даст дода будем. Дар ҳар ҷо овози тир шунида мешуд, беназмию бесуботӣ, тарсу ҳарос ва камбуди ғизо мардумро рӯҳафтодаю парешонхотир карда буданд. Ҳамагӣ ба яъсу ноумедӣ гирифтор будем ва ба оянда бо чашми ҳарос бидуни эътимод менигаристем. Ниҳоят ба қавли шоири шаҳири тоҷик Лоиқ:

Раҳми Парвардигори мо омад,
Сулҳи деринтизори мо омад...

Бо вазидани насими сулҳ Худованди Маннон неъматҳои худро ба тадриҷ ба мо бозпас овард. Бесуботиро волоияти қонун иваз намуд, тарсу ҳарос аз миён рафт ва ҷои онро сулҳу сафо ва амнияту итминони хотир гирифт. Ҷойи гуруснагиро серию пурӣ иваз намуд. Дар чашмони мардум ба ҷои яъс шарораҳои хушҳолӣ барқ зад. Ба оянда хушбину дилгарм шудем. Зиндагӣ оҳиста-оҳиста ба маҷрои муътадили худ баргашт.

Имрӯз ба масоҷид ва анбӯҳи намозгузорон нигариста, шукри Худованди меҳрубон мекунем, шукр аз он дорем, ки ин мардум бидуни тарсу ҳарос ба хонаи Худо омада, бо Парвардигори худ изҳори бандагӣ ва пайравӣ аз суннати Расулаш саллаллоҳу алайҳи ва саллам мекунанд. Ин неъматро бояд шукр гуфт, зеро Худованди азимушшаън дар Қуръони карим мефармояд:

«Агар шукр кунед, ба шумо зиёда диҳам». («Иброҳим»; 7).

Сидқан аз таҳти дил бояд шукр гуфт ва онро дар амал бояд нишон дод. Яке аз нишонаҳои шукр арҷгузорӣ  ба неъмати осоиштагӣ ва истиқлолу ваҳдат аст. Мо ваҳдати худро ҳамон гоҳ устувор нигоҳ дошта метавонем, ки ҳамагӣ якдилу якзабон, якфикру якмазҳаб буда, ватани азизи худро дӯст дорем ва дар пайи ободии он бошем.

Имрӯзҳо чунонки ба мушоҳида мерасад, баъзе аз ҷавонони камҳавсалаву камдониш ба ҳаракату созмонҳои навтаъсису навпайдо, ки ҳамагӣ бо мақсадҳои муғризона ва баҳри барҳамзании ваҳдати миллатҳо созмон ёфтаанд, рӯ оварда, ба ин гумон ҳастанд, ки исломи нобро пайравӣ мекунанд. Аксарияти ин нафарон он ҷавонони фиребхӯрдае мебошанд, ки мазҳабро як унсури барзиёду бегона аз дин мепиндоранд. Баъзе аз ин афрод по фаротар ниҳода, бе он ки таҳқиқе аз асли мазҳаб намуда бошанд, таъна бар пайравон ва соҳибони мазҳаб мезананд. Агар ин афрод аз кӯчаи инсоф мегузаштанд, бояд пай мебурданд, ки мазоҳиби аҳли суннат аз замони «хайр-ул-қурун» сарчашма мегиранд ва соҳибонашон дар замоне зиндагӣ ва фаъолият кардаанд, ки онро худи Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам «беҳтарини асрҳо» хондааст. Аз он замон то ба садсолаҳои гузашта ҳамагӣ мазоҳиби аҳли суннатро хуш пазируфта, аз онҳо пайравӣ намудаанд. Хусусан мазҳаби Имоми Аъзам (р) ними сайёраи Заминро фаро гирифт ва мардуми зиёде ин мазҳабро пазируфта, ҳамагӣ якфикру якақида дур аз буғзу хусумат, ва мухолифату душманӣ ва фитнаю парешонӣ зиста, аз Қуръону суннат пайравии содиқона намудаанд, зеро ҳеҷ амале дар мазҳаби ҳанафӣ вуҷуд надорад, ки аз доираи шариат берун бошад. Ба ҳамин шакл мазҳаби ҳанафӣ дар таърихи пешрафти аксари мамлакатҳои Шарқ таъсири амиқ гузошта ва имрӯз ҳам омили муҳим дар амну суботи минтақа ба ҳисоб меравад. Ин раванд ба сабаби мағз андар мағзи мардум дар тӯли беш аз ҳазор сол ҷой доштани пайравӣ ба мазҳаби ҳанафӣ, дар зиндагии ҳамарӯзаи оммаи васеъ ҷой доштани иҷрои адои аҳком ва аркони исломӣ бар пояи ин мазҳаб мебошад.

Аммо имрӯз гоҳо манзараҳоеро мебинем, ки пайравони равияҳои навпайдо мардумро ба баҳсҳои ноҷо ва тарзи дигари ақидаву ибодат тарғиб мекунанд. Агар зоҳиран бубинем, шояд чандон зараровар набошанд, вале агар жарфтар биандешем, ин чандмазҳабию чандақидагӣ ба ваҳдату якдилӣ ва амнияти кишвар хатар дорад. Ин нафарон ба ҷои он ки ваҳдатро, ки ба сад ҷоннисориҳо ба даст омадааст, қадр кунанд, ба танқиди уламо ва намозгузорон пардохта, онҳоро ба он айбдор мекунанд, ки пайравӣ аз ин ё он мазҳаби суннат намуда, дар умури динии худ хатокор ва дар ақидаи худ норасоянд. Агар ба назари инсоф бингарем, ин рафтори онҳо ислоҳкорӣ набуда, балки як фитна ва фурӯпошии ваҳдати ҷомеа аст. Ҷомеае, ки пайрави як мазҳабанд, якдилу якфикранд, баръакси он ҷомеае, ки пайрави якчанд мазҳабу равияҳои ноошнову муғризанд, парешону саргардон хоҳанд буд. Инро дар мисоли вазъи диндории чанд мамолики исломии дуру наздик ба мушоҳида гиифтан мумкин аст. Ҳол он ки Худованди мутаъол дар каломи осмонии худ аз аҳволи умматони пешин ёдовар шуда, уммати Исломро аз ихтилофоту парокандагӣ ҳушдор медиҳад ва чунин мефармояд:  

«Аз зумраи касоне мабошед, ки дини Худоро пора-пора карданд ва фирқа-фирқа шуданд ва ҳар фирқае ба ҳарчи дошт, дилхуш буд». (Рум; 31-32).

Хеле ҷойи таассуф аст, ки як миллатро гавҳари сулҳу оромӣ ба даст ояду афроди ноогоҳи он ин асли арзишмандро нашиносанд ва қадр накунанд. Ҳатто дар даврони шӯравӣ, ки динро ба афюн ва маҳсули бофтаи хаёлпарастон медонистанд, мардум ба ин дараҷа парешону ҳайратзада ва дар амри дини худ саргашта набуданд, зеро ки аз як мазҳаб пайравӣ мекарданд. Агар инсони оқил дар ин сухани Худованди якто тааммул намояд, дарк мекунад, ки ин парокандагиҳо чӣ оқибати ногуворе дар пай дорад:

«Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф варзиданд, албатта барои инҳо азобе бузург хоҳад буд». («Оли Имрон»; 105).

Мутаассифона имрӯз ихтилофҳо сабаби парешонию фурӯпошии якдилӣ ва аз байн рафтани арзишҳои исломи ноб шуда истодааст. Кор ба ҷое расидааст, ки афроди пайрави равияҳои нав ба сафи ҷангиёни ДИИШ пайваста, дар қатли мардуми мусулмони минтақаҳои дигари мусалмоннишин ширкат мекунанд ва боз даъвои шаҳодат ҳам доранд. Ин нафарон фаромӯш намудаанд, ки Пайғамбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудааст: «Ҳар гоҳ ду мусулмон бар зидди якдигар шамшер баркашанд, пас кушанда ва кушташуда ҳарду дар дӯзаханд».

Дар ҳадиси дигар Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷавонеро, ки мехост ба ҷиҳод рафта, бо кофирон (на бо мусулмонон) биҷангад, ба хидмати падару модар тавсия намудаанд. Чӣ шудааст, ки ҷавонони мо дар ҳоле ба ҷангиёни ДИИШ мепайванданд, ки падару модаронашон аз рафтани онҳорозӣ нестанд ва бо шунидани ин хабар ба даҳшат афтода, ба сактаҳои қалб гирифтор мешаванд. Бисёр аламовар аст, ки ҷавонони мо аз мазҳаб рӯй мегардонанд, ҳол он ки аз он иттилои дурусте  надоранд. Ба андешаи банда, ҳамин ноогоҳист, ки ҷавонони мо ба доми муғризон меафтанд ва бар ивази аз даст рафтани ҷони ҷавони худ орзуҳои бегонагонро амалӣ мекунанд.

Мардуми мо гузаштаи пурифтихор дорад ва ин миллат ба олам родмардонеро эҳдо намудааст, ки нобиғагони илму адаб эътироф шудаанд ва ҳамагон медонанд, ки онҳо аз мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) пайравӣ мекарданд. Бинобар ин, ҷавонони моро лозим аст, ақлу хирадашонро кор фармуда, номи неки гузаштагонашонро доғдор накунанд.

Номи неки рафтагон зоеъ макун,
То бимонад номи некат ёдгор...

Аз Худованди Зулҷалол умеди он дорам, ки ақли солим пирӯз ояд ва ҷавонони мо қурбони дасисаҳои ҳадафмандонаи абарқудратон ва хоҷагони хориҷӣ нагарданд. Фарзандони номбардори падару модари худ гарданд ва ободкори ин ватани азиз бошанд. Аз Худо умед дорем, ки ваҳдати моро поянда гардонад ва ҳамагӣ пайи нигоҳдории он кӯшо бошем. Худованд ҳамагонро ба сӯи ҳидояту раҳматаш роҳнамоӣ кунад.

Время намаза в Душанбе

17.04.2024

Подробнее
Фаджр04:12
Зухр12:40
Аср17:16
Магриб19:14
Иша20:45
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее