Главная Статьи Арзиши вақт дар ҳаёти инсон

Арзиши вақт дар ҳаёти инсон

Арзиши вақт дар ҳаёти инсон
2019-11-01
129

Дар ин мақола мо перомуни вақт сухан менамоем. Зеро самаранок ва ба таври зарурӣ  истифода бурдани ин неруи арзишманд хело мушкил ҳам мебошад, аммо далели равшан он аст, ки  ҳар яки мо бояд ин корро карда тавонем.  Вақт ба монанди дигар арзишҳо барои худ хусусиятҳо ва имтиёзҳои хосе дорад, махсусан дар таълимоти дини ислом низ аз арзиши вақт аз мақоми хеле олӣ возеҳ бархӯрдор мебошад.

Худованд инсонро офарид ва ба ӯ иҷрои вазоифи зиёдеро вобаста намуд, баъдан барояш он қадар неъмати зиёде бахшид, ки ҳатто бар шумурдани он ҳама имконпазир нест. Яке аз ин неъматҳо вақт мебошад, то ки инсон масъулият ва вазифаҳои худро бо истифода аз вақт анҷом бидиҳад.

Худованд фармудааст: «Худо шабу рӯзро ба якдигар мегардонад; ба дурустӣ ки дар ин барои соҳибназарон панде ҳаст» (сураи «Нур», ояти 44). Ояти дигар: «Ва Ӯ Он (Худой) аст, ки шабу рӯзро барои касе, ки панд гирифтан хоҳад, ё шукргузорӣ кардан хоҳад- ҷонишини якдигар сохт» (сураи «Фурқон»,ояти 62).

Вақт ба монанди силоҳи дудама мебошад. Агаразондурустистифода бубарӣ, фоида мерасонад ва дар акси ҳолатзараровараст. Ҳар касазвақтхубистифодабурд, онробокорҳоимуфидпуркард, ҳатманбарояшбоисибаракатмегардад, валедарсуратибетаваҷҷуҳӣ ба арзиши вақтваонробокорҳоинолозимумаъсиятпуркардан, бешак боиси азобу итоби илоҳӣ мегардад.Иҷоза надиҳед, то вақтатон барҳадар равад, онро нигоҳ доред, назорат кунед ва водораш  намоед, ки бар манфиати шумо кор кунад.

Аллоҳ таоло дар китоби малакутии худ ба мо аз ҳарду гурӯҳ нақл кардааст.

Гурӯҳи якум, ки аз вақтҳои худ ба хубӣ истифода бурда ва онро ғанимат медонистанд: «Ба якдигар рӯй оварда бипурсанд, гӯянд: «Ба дурустӣ ки мо пеш аз ин дар миёни аҳли хонаи худ тарсон будем. Пас, Худо ба мо неъмати фаровон дод ва моро аз азоби боди гарм нигоҳ дошт. Мо пеш аз ин Ӯро ибодат мекардем, ба дурустӣ ки Ӯ эҳсонкунандаи меҳрубон аст» (сураи «Тур», оёти 25-28).

Гурӯҳи дуюме, ки аз вақти худ бахубӣ истифода набурданд ва оқибат ба бадбахтӣ рӯ ба рӯ гаштанд: «Ва барои онон, ки кофир шуданд, оташи дӯзах аст – на бар онҳо ҳукм карда шавад, то бимиранд ва на аз онҳо чизе аз азоби дӯзах сабук карда шавад. Ҳамчунин ҳар носипосро сазо медиҳем. Ва аҳли дӯзах дар онҷо фарёд кунанд«Эй Парвардигори мо, моро берун ор, то кори шоиста бикунем – ғайри он чи ки мекардем!» (Гуем:) «Оё шуморо он қадар зиндагонӣ надодем, ки дар он ҳар ки панд пазируфтан хоҳад, пандпазир шавад? Ва ба шумо тарсонанда омад. Акнун бичашед (азоби дӯзахро)!» Пас ситамгаронро ҳеҷ ёридиҳандае нест» (сураи «Фотир», оёти 36-37).

Умри инсон маҳдуд аст ва вақти интиҳои онро танҳо Аллоҳ таоло медонад. Зеро умр аз як фосилаи замоние иборат аст, ки бо ба дунё омадан оғоз мегардад ва бо вафот ба охир мерасад. Худованд дар каломаш гуфтааст: «Ба дурустӣ ки қиёмат омаданӣ аст. Мехоҳам, ки (вақти) онро пинҳон дорам, то ҳар касе ба ивази он чи мекард, ҷазо дода шавад» (сураи «Тоҳо», ояти15).

Миёни мардум андешаи дигаргуна ҳам вуҷуд дорад. Бештари одамон фикр мекунанд, ки се муҳимоти калидӣ вуҷуд дорад: Вақт, неру ва пул. Аммо яқин аст, ки чун вақтро дуруст ва босарфа истифода  бурда натавонистӣ, неру беҳуда сарф мегардад ва пул ҳам, ки як василаи зистан аст, ба даст намеояд.

Ба тақвими рӯз пурра дода  нашавед. Чунон ки мусаллам аст, дар як сол рӯзҳо хеле зиёданд, сухан оиди он меравад, ки шумо онҳоро чи тавр ва  чи қадар метавонед истифода баред. Пас як сол барои баъзе аз инсонҳо мисли  ҳафт рӯз ва барои  дигар афрод 365 рӯз мебошад.

935153767Вақт ниҳоят зудгузар аст ва ҳаргиз баақиб барнамегардад, зеро он аз ҳаракати фалакҳо иборат мебошад, фалакҳо доим дар ҳолати ҳаракат ҳастанд ва вақт ҳам бо гардиши онҳо мегузарад. Ва агар тамоми вақт ё қисмате аз он биравад, дигар ҳеҷ гоҳ барнамегардад.  Ҳасани Басрӣ (раҳ) гуфтаанд: «Эй писари Одам, ту аз чанд рӯз иборат ҳастӣ. Ҳар рӯзе, ки аз ҳаётат сипарӣ мегардад, қисмате аз ту ҳам сипарӣ мешавад».

Инчунин аз Ибни Аббос (раз) омада аст: «Ҳар рӯзе, ки офтоб медурахшад, дар маъно гӯё ба мардум мегӯяд, ки ҳар касе кори хайре карда метавонад, ҳатман иҷро бикунад, зеро ман дигар ҳаргиз бар намегардам».

Файласуф Б.Фуллер мегӯяд: «Ман 70 сол зиндагӣ намудам. Он ба 600 ҳазор соат баробар мебошад.  Аз ин ман 200 ҳазорашро ба хоб гузаронидам, 100 ҳазораш ба хӯрдану нушидан ва нигоҳ доштани саломатиам гузашт. 200 ҳазор соат ман хондам ва дар зиндагӣ кор кардам. Аз боқимонда, 60 ҳазор соатро ман дар роҳ гузаронидам. Боқии вақтро, ки 40 ҳазор соат буд ё дар як рӯз якуним соат,   метавонистам озодона кор кунам».Чун дар як шабона рӯз  бароятон 24 соат ҷудо шудааст, шумо вазифадоред хуб дарк кунед, ки на як, ду, се ё панҷ соат, балки тамоми соатҳоро пурра ва барои чи сарф менамоед.

Баъзеҳо мегӯянд, вақт ба тилло баробар аст. Албатта, ин андеша дуруст аст, вале танҳо барои касоне, ки ба олам бо чашми моддӣ нигоҳ мекунанд. Аммо он касоне, ки дар дунё нигоҳи болотар доранд, вақтро бо ҳаёт баробар медонанд. Эй инсон, оё ҳаёти ту дар ин дунё ғайр аз вақтат чизи дигар аст?! Вақте тиллову нуқраро аз даст бидиҳӣ, ҳатман рӯзе мешавад, ки дар ивазаш даҳҳо баробар тилло бадасторӣ, вале агар вақтат аз дастат биравад, ҳаргиз ивази онро пайдо карда наметавонӣ. Маълум мешавад, ки вақт аз тиллову нуқра ва ҳамагуна ҷавоҳирот қиммати бештар дорад, чунки он ҳаёти ту аст.

Мақоми вақт дар ислом

Вақт дар омӯзишҳои дини ислом аз мақоми хеле баланде бархӯрдор мебошад. Ҳамин аст, ки Аллоҳ таоло дар чандин ояҳои Каломи покаш бо шаб, рӯз, субҳ, рӯшноӣ, чошт ва аср қасам ёд карда аст, ки ин худ ба ҷойгоҳи олӣ доштани вақт дар ислом далолат мекунад.

Барои намуна: «Қасам ба шаб, чун бипӯшонад; ва қасам ба рӯз, чун равшан шавад» (сураи «Лайл», оёти1-2).  «ва савганд ба шаб, чун баргардад; ва савганд ба субҳ, чун равшан шавад (сураи «Муддассир», оёти 33-34).  «Савганд ба субҳ; ва савганд ба шабҳои даҳгона» (сураи «Фаҷр», оёти1-2).

Пайғамбар (с) дар ҳадисҳои худ ишора кардаанд, ки аз вақт бисёр кам нафарон истифода мебаранд ва шахсони зиёд дар истифодаи он фиреб хӯрда ҳастанд. Ибни Аббос (р) аз Пайғамбар (с) ривоят карда аст: «Дунеъмате ҳаст, ки бештари мардум дар он фиреб хӯрдаанд: тандурустӣ ва вақти холӣ» («Саҳеҳ»-иБухорӣ).

Ибни Ҷавзӣ (раҳ) дар шарҳи ҳадиси боло гуфтааст: «Маънои ҳадис ин аст, ки гоҳо шахсе тандуруст аст, аммо вақти холӣ надорад ва машғул аст ва гоҳо шахсе вақти холӣ зиёд дорад, аммо бемор аст. Агар ин ду неъмат-саломатӣ ва вақти холӣ барои касе бо ҳам ҷамъ гардад ва онро ба хубӣ истифода набарад, пас вай бешак аз ҷумлаи фиребхӯрдагон мебошад. Зеро дунё дар муқоиса ба охират ҳукми киштзорро дорад ва ҳарчи ин ҷо мекорем, онҷо медаравем. Ҳар касе фароғат ва саломатии худро дар тоат ва роҳи Худованд сарф намояд, дар ҳақиқат шахси бо саодат мебошад, аммо агар шахсе ин ду неъматро дар роҳи маъсият сарф намояд, бешубҳа аз ҷумлаи зиён дидагон ва фиребхӯрдагон баҳисоб меравад. Чунки ҳатман баъд аз фароғат машғулият ва баъди тандурустӣ беморӣ меояд ва агар танҳо ҳамин пиронсолӣ мебуд, барои шахси оқил басанда буд».

Ислом натиҷаи ибодат ва амали солеҳро бо вақт алоқаманд сохта аст. Дар ин бобат Пайғамбар (с) мегӯянд: «Қадами банда рӯзи қиёмат аз ҷо беҷо намешавад, магар ин ки аз вай пурсида мешавад, ки умрашро дар куҷо сипарӣ кардааст...» (ривояти «Тирмизӣ»)

Илова бар  ин ривоёт дини ислом пайравони худро барои ғанимат донистани истифода аз ҳар неъмат, ки мабодо аз даст биравад, даъват намудааст.

Пайғамбар (с) мегӯянд: «Панҷ чизро қабл аз панҷ чизи дигар ғанимат бидон: ҷавониро пеш аз пирӣ, тандурустиро пеш аз беморӣ, тавонгариро пеш аз фақирӣ, вақти холиро пеш аз машғулият ва ҳаётро пеш аз машғулият.» (ривояти«Ҳоким»)

Усули беҳтарин барои истифодаи вақт

Инсонҳое ҳастанд, ки ҳангоми фаро расидани шаб нафаси сабук кашида,  мегӯянд: Ана боз як рӯзи дигар ноаён гузашту рафт. Вале боз  нафароне низ ҳастанд, ки шабро боманфиат мегузаронанд, мисол бо хондани китоб ва тарҳрезӣ намудани корҳои оянда. Барои ба хубӣ аз вақт истифода бурданат бояд қадамҳо ва нуктаҳои зеринро ба инобат бигирӣ:

Якум. Ҳолати ҳозираи худро таҳлил бикун, ки оё аз вақти худ дуруст истифода мебарӣ ё не. Ин бароят дар нақшакашӣ ва истифодаи фурсат кӯмак мерасонад, то бубинӣ, ки дар кадом қисмат нуқсон дорӣ;

Дуюм. Муайян намудани қуллаи баландтарини завқу ҳаваси худ. Завқу ҳаваси мо дар як шабона рӯз яксон нест, балки гоҳо хеле чолок ҳастем ва гоҳо аз худ танбалӣ ва хастагӣ эҳсос мекунем. Барои ҳамин бояд аз ҳама соати асосие, ки ҳавасат хеле дар он боло меравад, муайян намоӣ. Ин амал барои он зарур аст, ки ту корҳои асосӣ ва аввалин дараҷаи худро ана дар ҳамин соатҳо мегузорӣ, то ин ки онҳоро хуб иҷро бикунӣ.

Якум. Аз тариқи муайян намудани ҳадафҳо, услубҳо ва равишҳои расидан ба он ба нақша даровардани вақт. Ин нақшаи ту метавонад як рӯза, ҳафтаина, моҳона ва солона бошад. Коре бикун, ки ин нақша ҳамеша бароят дастрас бошад, монеаҳо ва ҳолатҳои истисноиро ба назар бигир, бартариятро дар корҳоят бояд ба эътибор бигирӣ, ки кадом корат аввал иҷро шавад;

Дуюм. Ба тартиб даровардани макони кориат, ки нуктаҳои зеринро дарбар мегирад:

А-Ҳар чизро дар ҷойи худ бигузор;

Б- Болои мизи кориат танҳо он ашёеро бимон, ки ба он ҳоҷат дорӣ ё ҳамон рӯз онро истифода мебарӣ;

В- Кӯшиш кун, болои мизи кориат ҳамеша равшан бошад;

Г- Китобхонаатро тибқи мавзӯъҳо ба тартиб бидарор, агар китобхона дошта бошӣ;

Ғ- Ҳар асбоби кориат бояд ҷойи худро дошта бошад.

Якум. Аз ҳама асосӣ бояд ин нақшаи кашидаат фавран амалӣ бишавад ва имрӯзу фардо накун. Зеро ҳазрати Умар (р) мегӯяд: «Ба таъхир нагузоштани кори имрӯз ба фардо нишонаи нерӯмандӣ мебошад».  

Дуюм. Назорати доимӣ баъд аз ба нақша даровардани корҳо, ки оё иҷро шуда истодааст ё не. Чанд фисади он иҷро гашт ва чанд фисади боқӣ  иҷро нагашт ва чаро иҷро нагашт?! Бояд муолиҷа шавад.

Вақте ки арзиши вақтро ба хубӣ эҳсос менамоед, иҷоза надиҳед, то вақтатон барҳадар равад, онро сарфа намоед, назорат кунед ва водораш созед, ки бар манфиати шумо кор кунад.Ҳеҷ гоҳ нагӯед, ки вақт надорам. Вақти дар ихтиёри шумо  буда, баробар ба ҳамон андоза аст, ки барои Микеланҷело, Леонардо да Винчи, Томас  Ҷеффесрон, Пастер, Хелен Келлер, Алберт  Эйштейн ва ғайраҳо буд. 

Донишҷӯёне ҳастанд, ки дар машғулиятҳои синфӣ бо телфони мобилӣ нишаста бозӣ мекунанд, аммо ҳастанд нафаре, ки бодиққат ҳар ҳарфи муаллимро гӯш мекунанд. Ҳастанд  нафароне, ки дар соати ҳафти саҳар хобидаанд, вале шахсони дигаре низ ҳастанд, ки пайваста фикр ва андешаронӣ мекунанд. Афроде ҳастанд, ки шабҳои истироҳатиро бо ягон намуд зиёфат ё нишастҳои камарзише дар тарабхонаву маъракаҳо хотима медиҳанд, аммо нафароне низ  ҳастанд, ки дар ин муддат сари лоиҳаҳои нав ва судманд кор мекунанд.

Имом Ибни Ҷавзӣ (вафот соли 597 ҳ.) мегӯяд: «Бисёр мардумеро дидаам, ки ҳамеша аз паси ман мегаштанд, ҳамон тавре мардум ба зиёратҳои беҳадаф одат кардаанд. Онҳо ин рафту омади худро «хидмат» мегуфтанд. Аз ман дархост мекарданд, то ин ки бо онҳо бинишинам ва баъд аз нишастан ба суханони нолозимӣ, ғайбати мардум шуруъ мекарданд. Албатта, ин амале аст, ки бисёре аз мардум дар замони мо ба он гирифторанд ва гоҳо худи зиёратшаванда ҳаминро дӯст медорад. Гоҳо инсон эҳсоси хастагӣ мекунад ва мехоҳад бо касе ҳам сӯҳбат бишавад, то каме ҳам бошад ғами дар қалбаш буда зудуда гардад. Вале баъзан ин сӯҳбатҳо ба зоеъ кардани вақт табдил меёбанд.

Ман ба худ андешидам, ки охир, вақт барои ман боарзиштарин неъмат аст ва ин дӯстонам бо зиёратҳои ноҷои худ вақти маро мегиранд. Чӣ бояд кард? Миёни ду мушкилӣ қарор гирифтам: агар онҳоро аз пешам биравед бигӯям, нороҳат мешаванд ва аз ман нафрат мекунанд ва агар чизе нагӯям, соатҳо нишаста вақтамро мегиранд. Пас коре кардам, ки то ҳадди имкон зиёрати онҳо ва сӯҳбат бо дӯстонамро кӯтоҳ бикунам. Инчунин баъзе аз корҳои худро дар вақти омадани онҳо гузоштам, ки ҳам корамро иҷро бикунам ва ҳам бо онҳо сӯҳбат бикунам. Аз ҷумла корҳое, ки дар вақти зиёрати онҳо гузоштам: пора кардани коғазҳои нолозимӣ, тез кардани қалам, ба тартиб даровардани дафтару китоб. Инҳо корҳое ҳастанд, ки барои иҷро карданашон шарт нест, ки холӣ бошӣ, балки мешавад ҳам бо касе сӯҳбат сурат гирад ва ҳамин корҳо иҷро гарданд, то вақт зоеъ нагардад.

Сарфакорона истифода бурдани вақт – ин муҳаррик аст. Шумо онро метавонед қадам ба қадам таҳрик диҳед, амалӣ намоед, қудраташро бештар созед. Агар шумо онро як маротиба ба ҳаракат даровардед, суръаташро дигар кам накунед, дурустии  кори онро назорат намоед ва барои татбиқи корҳои судманд истифодааш баред. Инро фаромӯш накунед, ки он ҳам беохир ва ба итмом нарасанда нест, аммо дар хотир дошта бошед, ки дар ҳолати истифодаи оқилона он метавонад муддатҳои зиёд бар манфиати шумо кор кунад.

Нақшаҳои имрӯзаи худро ҳатман иҷро намоед ва ин амалро доимо такрор кардан гиред, то он вақте,  ки он як қисми муҳими рӯзи шумо  нагардад. Дар хотир дошта бошед: одат хислатро ташаккул медиҳад. Шахси дорои хислати хубу намунавӣ инсони хубу накуст. 

Мустафо Рустамзод,

муҳаррири маҷаллаи «Дин ва ҷомеа»

Время намаза в Душанбе

23.11.2019

Подробнее
Фаджр05:41
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:16
Иша18:46
Выступления Президента
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Подробнее