Главная Статьи Боргоҳи маърифат

Боргоҳи маърифат

Боргоҳи маърифат
2019-11-01
139

Худованд пайғамбаронро барои ҳидояти мардум фиристодааст. Пайғамбари мо Ҳазрати Муҳаммад (с) мебошад. Вай охирин пайғамбари Худо аст.

Мо ба ҳамаи пайғамбарони Худо имон дорем, онҳоро дӯст медорем ва ба онҳо эҳтиром мегузорем. Зеро, ҳама баргузидагон ва фиристодагони Худованд ба сӯи башарият мебошад. Онҳо дар марҳалаҳои гуногуни рушди неруҳои фикрӣ ва зарфиятҳои ақлонии инсон ба сӯи қавмҳо ва мардумони гуногун фиристода шудаанд.

Гуфтем, ки инсон бо зарфиятҳои маҳдуди ақлу андешаи худ наметавонад барномаи зиндагӣ, дурнамои дурусти такомули маънавӣ ва тарҳи саодати дунё ва охиратро барои худ тарҳрезӣ намояд. Танҳо Худованди ҷаҳонофарин, ки инсон ва ҷаҳонро офаридааст ва аз асрору нуҳуфтаҳои он огоҳ аст, метавонад барномаи дурусти зиндагӣ ва тарҳи комили саодати инсонро бино ниҳад ва ба василаи паёмоварони баргузидаи худ ба вай фиристад.

Дин ҳамон барномаи дурусти зиндагӣ ва тарҳи комили саодати инсон дар дунё ва охират мебошад, ки Худо онро ба воситаи пайғамбарони раҳнамо барои мардум фиристодааст.

Пайғамбарон бандагони баргузидаи Худо ҳастанд. Худованд барномаи инсонсози худро ба воситаи он бандагони босалоҳияташ дар ихтиёри мардум қарор додааст ва паёмбарон бар асоси ҳамон барномаи илоҳӣ одамонро ҳидоят менамоянд, роҳи дурусти зиндагиро ба онҳо нишон медиҳанд, онҳоро тарбияи солим намуда, фитрати худоҷӯиро дар ботинашон бедор месозанд. Худованд мефармояд:

«Ҳамоно Мо туро муждадиҳанда ба дини рост ва бимкунанда фиристодем; ва ҳеҷ уммате нест, магар он ки дар он бимкунандае гузаштааст» (сураи «Фотир», ояти 24).

Пайғамбарон барои расонидан ва омӯхтани рукнҳои асосии дин ва арзишҳои илоҳии он, ба монанди имон ба Худо ва ба рӯзи қиёмат ва ҳамин тавр, даъвати мардум ба сӯи худопарастӣ ва расидан ба хайру саодати ҳарду ҷаҳон омадаанд. Имон овардан ба Худо ва ба рӯзи охират ва парастиши Худои ягона асоси даъвати тамоми пайғамбаронро ташкил медиҳад.

Даъват намудани мардум ба сӯи Худои ягона ва бовар кардан ба гуфтаҳои Ӯ дар бораи ҷаҳони охират бахше аз барномаи амалии пайғамаброн мебошад. Зеро, маърифати Ҳақ ва шинохти дурусти Худованд бузургтарин арзиши инсонӣ буда, бандагӣ ва итоати Ӯ ягона ҳадафи офариниши ҷаҳон ва инсон ва роҳи воқеии такомули шахсияти  вай  мебошад.

Одам аз дигар мавҷудоти олам тафовути бисёр муҳим ва асосӣ дорад. Вай дорои неруи тафаккур, ирода (тасмимгирӣ) ва ихтиёр мебошад. Мавҷудоти дигар аз чунин имконоти вуҷудӣ ва зарфиятҳои фикрӣ бархӯрдор намебошанд. Худованд неъмати андеша ва қобилияти тафаккурро танҳо барои одам иноят фармудааст. Пас, агар Худованд инсонро низ дар барномаи зиндагиаш дар зимни ҳидояти умумӣ ва нақшаи таквинӣ, ба мисли дигар мавҷудоти олам, шомил месохт, дигар маҷоле барои озмоиши ихтиёрот, салоҳиятҳои инсонӣ ва нуҳуфтаҳои шахсияти вай боқӣ намемонд.

Аз ин рӯ, Худованд барномаи зиндагии босаодатро барои ӯ пешкаш намуд, роҳи неку бадро ба вай нишон дод ва дурнамои бузурги ҷаҳони охиратро дар пеши рӯяш гузошт, то бо ирода ва ихтиёри худ онро интихоб намояд.

Расонандагони ин барномаи ҳаётбахши илоҳӣ ва роҳбарони роҳи саодат ва растагорӣ пайғамбарон мебошанд. Худованд таълимоти нуронӣ ва паёмҳои ҷовидонаи худро аз тариқи ваҳй ба пайғамбарон расонида ва онҳо масъулияти илоҳии хешро дар ҳидояти мардум ба беҳтарин ваҷҳ анҷом додаанд.

 Дар тӯли таърих пайғамбарони зиёде аз ҷониби Худо ба сӯи мардум омадааст. Шуморе аз ин паёмоварони барҳақ дину шариат ва роҳи наве барои зиндагии мардум меоварданд ва ба бинои тозаи тавҳид мепардохтанд. Қисми дигари онҳо, ки тақрибан аксарияти онҳоро ташкил медиҳанд, дин ва шариати наве барои умматони худ намеоварданд, балки ҳамон даъват ва барномаи пайғамбари пеш аз худро идома медоданд. Пайғамбарони соҳиби дин ва шариати навро пайғамбарони «улу-л-азм» меноманд, ба монанди Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Исо ва Муҳаммад (с).

Асоси тамоми динҳои илоҳӣ ва даъвати ҳамаи пайғамбаронро як чиз ташкил медиҳад: Даъвати мардум ба сӯи Худои ягона. Тамоми динҳои осмонӣ ва тамаддунҳои илоҳӣ бар се асл бино ёфтаанд:

  1. Имон овардан ба Худои якто (тавҳид).
  2. Имон овардан ба рӯзи охират ва ҳаёти ҷовидона (маъод).
  3. Имон овардан ба пайғамбарон ва даъвати онҳо (нубувват).

Вақте ин се асли бузург барои инсон таҳаққуқ ёбанд, се асли дигари имон ногузир барояш ҳосил мешаванд. Он се асл: имон ба фариштагон, ба китобҳо ва тақдири некӣ ва бадӣ мебошанд.

Роҳу равишеро, ки Худованд барои зиндагии босаодати одамон баргузидааст ва ба воситаи пайғамбарони барҳақаш ба сӯи онҳо фиристодааст, «дини Худо» номида мешавад. Дини Худо дар тамоми давраҳои таърихи инсон якест ва он дини ислом мебошад. Қуръони карим мефармояд: «Ба дурустӣ ки дин (-и мӯътабар) назди Худо Ислом аст…» (сураи «Оли Имрон», ояти 19).

Худованд паёмҳои ҷовидона ва ҳақоиқи дини худро бар қалби поки пайғамбаронаш фуруд меовард. Онҳо дорои чунон лаёқат ва тавоноии неруҳои нафсонӣ буданд, ки тамоми ҳақоиқ ва донишҳои нозилгаштаро дарёфт мекарданд ва онро бе ҳеҷ каму косте ба мардум мерасониданд. Чунин иртиботи Худованд бо пайғамбаронашро дар истилоҳи Қуръон «ваҳй кардан» ва худи каломи илоҳиро «ваҳй» меноманд.

Фасли сеюм. Рӯзи охират

Инсон барои зиндагии ҷовидона офарида шудааст ва марг ӯро нобуд намесозад, балки он барояш гузарише аст, ки ӯро аз ин ҳаёт ба ҷаҳони абадият интиқол медиҳад. Инсон ба василаи гарданаҳои танги марг аз ин ҷаҳон ба олами охират мегузарад ва натиҷаи корҳои худро дар он ҷо мебинад.

Агар одам бо марг нобуд мешуд, пас ин ҳама талошу гардиши тамоми мавҷудоти олам, ки барои фароҳам омадани шароити зиндагии инсон дар ҳаракат мебошанд, беҳуда мебуд, вале Худованд ин ҷаҳонро беҳуда ва беҳадаф наофаридааст.

Аз оятҳои гуногуни Қуръон, ки ба ҳаводиси даҳшатноки рӯзи қиёмат ишора менамоянд, чунин бармеояд, ки ҳангоми фаро расидани рӯзи қиёмат низоми ҳозираи ҷаҳон ба куллӣ барҳам мехӯрад. Офтоб ва дигар ҷирмҳои оташин хомӯш, тира ва бешуоъ мегарданд (ишора ба оятҳои якум ва дуюми сураи «Таквир» мебошад, ки дар онҳо аз фурӯпошии низоми олам ва хомӯшу тира ва бешуоъ гардидани офтоб ва дигар ҷирмҳои осмонӣ сухан рафтааст. Манзур аз дигар ҷирмҳои осмонӣ он ҷирмҳое мебошад, ки ба монанди офтоб ҷирмҳои оташин доранд ва дар истилоҳи қуръонӣ бо калимаи нуҷум ифода шудаанд: «Вақте ки офтоб печида шавад; ва вақте ки ситораҳо тира шаванд»), моҳтоб бефурӯғ ва бо офтоб ҷамъ мегардад (ишора ба оятҳои ҳаштум ва нӯҳуми сураи «Қиёмат» мебошад, ки дар он дар бораи бефурӯғ гардидани моҳтоб ва бо офтоб бархӯрдан ва якҷоя шудани он дар зимни ҳаводиси рӯзи қиёмат сухан меравад: «ва моҳ тира гардад; ва офтобу моҳ якҷо ҷамъ карда шавад»). Ситораҳо пароканда мегарданд (ишора ба ояти дуюми сураи «Инфитор» мебошад, ки дар он аз пароканда гардидани ситораҳо сухан рафтааст: «ва вақте ки ситорагон аз ҳам фурӯ резанд». Дар истилоҳи қуръонӣ ситораҳо, яъне ҷирмҳои беоташи осмонӣ бо калимаи кавкаб ифода ёфтааст. Ҳамин тавр, Қуръони карим аз ҳамон ибтидо ҷирмҳои осмониро ба ду гурӯҳ: ҷирмҳои оташин ва ҷирмҳои хомӯш ва ё беоташ ҷудо сохта буд. Ҷирмҳои навъи аввалро бо калимаи нуҷум ва ҷирмҳои навъи дуюмро бо калимаи кавокиб ифода намудааст. Ҷирмҳои навъи аввал танури азими оташ мебошанд ва ҷирмҳои навъи дуюм танҳо нурро инъикос менамоянд) ва кӯҳҳо ба ларза меафтанд ва чун ғуборе дар фазо пароканда мешаванд (ишора бо оятҳои 4-6 сураи «Воқиъа» мебошад, ки дар онҳо дар бораи аз байн рафтани қувваи ҷозибият ва ба ғубор табдил ёфтани кӯҳҳо сухан рафтааст: «Он гоҳ, ки замин ба якбора сахт ҷунбонида шавад; ва кӯҳҳо ба реза-реза карда шаванд; пас монанди ғубор пароканда шаванд»). Замину осмонҳо ба ҳолати наве ғайр аз ҳолати имрӯзаи худ табдил дода мешаванд (ишора ба ояти 48-уми сураи «Иброҳим» мебошад: «Рӯзе, ки ин замин ба ғайри он замин ва осмонҳо (низ) бадал карда шаванд; ва (ҳама) ба ҳузури Худои Ягонаи Ғолиб ошкор шаванд»).

Дар бораи рӯйдодҳои ҳавлангези рӯзи қиёмат ва марҳалаҳои гуногуни ба вуқӯъ пайвастани онҳо оятҳои зиёде дар Қуръони карим сухан мегӯянд. Аз ҷумла: «ва вақте ки кӯҳҳо равон карда шаванд; ва вақте ки модашутурони бордори даҳмоҳа бесоҳиб гузошта шаванд; ва вақте ки ҷонварони ваҳшӣ ҷамъ карда шаванд; ва вақте ки дарёҳо (мисли оташ) афрӯхта шаванд» (сураи «Таквир», оёти 3-6)«Вақте ки осмон шикофта шавад; ва вақте ки ситорагон аз ҳам фурӯ резанд; ва вақте ки дарёҳо (ба шиддат) равон карда шаванд; ва вақте ки гӯрҳо зеру забар карда шаванд, ҳар нафсе бидонад, ки чӣ чизе пеш фиристода буд ва чӣ чизе бозпас гузошта буд» (сураи «Инфитор», оёти 1-5)«Вақте ки замин ба ҷунбиши (сахти) худ ҷунбонида шавад; ва замин борҳои худро берун оварад; ва одами гӯяд: «Заминро чӣ ҳолат аст?» (сураи «Зилзол», оёти 1-3)«Рӯзе, ки мардум монанди парвонаҳои пароканда бошанд. Ва кӯҳҳо монанди пашми рангини ҳаллоҷишуда бошанд» (сураи «Қориъа», оёти 4,5)«дар рӯзе, ки замину кӯҳҳо биҷунбанд ва кӯҳҳо монанди тали рег аз ҳам пошида шаванд» (сураи «Муззаммил», ояти 14)«Рӯзе, ки осмон якбора ҷунбиш кунад; ва кӯҳҳо якбора равон шаванд» (сураи «Тур», оёти 9,10)«ва осмон шикофта шавад, пас, (гӯӣ) дарвозаҳост; ва кӯҳҳо равон карда шаванд, пас, (гӯӣ) сароб аст» (сураи «Набаъ», оёти 19, 20).

Дар охир пас аз тамоми ин марҳалаҳо замин бо нури Парвардигораш дубора мунаввар мегардад ва пас аз нафха (дамидан)-и бори дуюм дар Сур ҳамаи мурдагон зинда мегарданд ва ба по мехезанд, он гоҳ китоби аъмоли бандагон гузошта мешавад ва ҳисобу китоб ва бозхости халоиқ шурӯъ мегардад.

Қуръони карим дар ин бора чунин мефармояд: «Ва Худоро (ба андозаи) ҳаққи шинохтани Ӯ нашинохтанд; ва рӯзи қиёмат ҳамаи замин якҷо дар мушти Ӯ бошад ва осмонҳо дар дасти рости Ӯ печида шаванд. Покӣ Ӯро аст ва аз он чи шарик (-и Ӯ) муқаррар мекунанд, Бартар аст. Ва дар сур дамида шавад; пас, ҳар ки дар осмонҳо ва ҳар ки дар замин аст, бимирад, магар он, ки Худо хоста бошад. Сипас, бори дигар дар сур дамида шавад; пас, ногаҳон (бибинӣ, ки) онҳо истодаанд (ва) менигаранд. Ва замин ба нури Парвардигори хеш равшан гардад; ва номаи (-и аъмол) ниҳода шавад ва пайғамбарон ва гувоҳон оварда шаванд; ва миёни одамиён ба ростӣ ҳукм карда шавад ва онҳо ситам карда намешаванд» (сураи «Зумар», оёти 67-68-69 ва оятҳои пас аз он).

Пас аз хатми бозхости аъмоли бандагон ва муайян гардидани сарнавишт ва манзили абадии онҳо, номаи аъмолашон ба онҳо дода мешавад ва ҳар гурӯҳе ба маъвои абадии хеш бурда мешавад. Дигар ё биҳишти ҷовидона ва неъматҳои абадии он аст ва ё оташи ҷаҳаннам ва азоби ҳамешагии он (оятҳои 71-ум ва мобаъди сураи «Зумар» ба ҳамин  марҳалаи рӯйдодҳои рӯзи қиёмат ихтисос ёфтааст: « Ва кофирон гурӯҳ-гурӯҳ ба сӯи дӯзах равон карда шаванд, то вақте ки наздики дӯзах биёянд, дарвозаҳои он боз карда шаванд ва нигоҳбонони дӯзах ба онҳо гӯянд: «Оё пайғамбарон аз ҷинси худатон ба шумо наомада буданд, (ки) оятҳои Парвардигоратонро бар шумо мехонданд ва шуморо аз мулоқоти ин рӯзатон метарсонданд?!» Гӯянд: «Оре!» Валекин ҳукми азоб бар кофирон воҷиб шуд. Гуфта шавад: «Ба дарвозаҳои дӯзах дароед; дар он ҷо ҷовидонед!» Пас, (дӯзах) чӣ бад ҷоест барои мутакабирон! Ва онон, ки аз Парвардигорашон тарсидаанд, гурӯх-гурӯҳ ба сӯи биҳишт равон карда мешаванд, то вақте ки наздики биҳишт биёянд ва дарвозаҳои он боз карда шавад ва нигоҳбонони биҳишт ба онҳо гӯянд: «Салом бар шумо бод! Хушҳол шудед, пас, ҷовидон ба биҳишт дароед!»

Ҳаёти барзах

Вале одам пас аз марг то дамидани субҳи қиёмат муддатҳо дар ҳаёти дарунқабрӣ ба сар мебарад. Одамон пас аз гузаштани гарданаҳои сахти марг ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: а) Некон ва растагорон, б) бадон ва гунаҳкорон. Дар ҳаёти дарунқабрӣ низ, ки дар фарҳанги динӣ ба он «ҳаёти барзах» гуфта мешавад, ҳар гурӯҳ аз неъматҳо ва ё азоби илоҳӣ чашонида мешаванд.

Вақте одам ба сахтиҳои марг рӯ ба рӯ мегардад ва дар ҳолати қабзу басти рӯҳ қарор мегирад, мегӯяд: «То вақте ки ба касе аз онҳо марг биёяд, гӯяд: «Эй Парвардигори ман, маро баргардон, бувад ки дар сарое, ки онро бигузоштам, кори некӯ кунам!» Чунин (бозгашт) нахоҳад буд! Ба дурустӣ ки ин сухане аст, ки вай гӯяндаи он аст. Ва пеши онҳо то рӯзе, ки барангехта шаванд, барзахе бошад» (сураи «Мӯъминун»,оёти 99, 100).

Инсон аз пайраҳаи душворгузари марг, аз торикиҳо ва сахтиҳои ҳаёти барзах ва аз ҳавлу даҳшат ва бозхости рӯзи қиёмат танҳо бо кӯмаки имони ба Худо дошта, тақвои Ӯ, амали солеҳи дар зиндагӣ анҷомдодаи ӯ (барои ободии кишвар саъю кушиш кардан, роҳе, бунгоҳи тиббие, мактабе, пуле сохтан, дасти бенавое гирифтан, сухани носазо нагуфтан, шукронаю лутфи бекаронаи Худованд кардан аз ин сулҳу суббот, оромию амн)  эмин ва солим мемонад. 

Абдушариф Боқизода,

муфассир

Время намаза в Душанбе

23.11.2019

Подробнее
Фаджр05:41
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:16
Иша18:46
Выступления Президента
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Подробнее