Главная Статьи ПАЙРАВӢ БА АХЛОҚИ РАСУЛИ ХУДО (с)

ПАЙРАВӢ БА АХЛОҚИ РАСУЛИ ХУДО (с)

ПАЙРАВӢ БА АХЛОҚИ РАСУЛИ ХУДО (с)
2019-11-07
1886

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

         Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дорои ҳулқу хӯи зебо ва муомилаву муоширати накӯ буданд, бо ҳар касе рӯ ба рӯ мешуданд, хоҳ тавонгар бошаду хоҳ дарвеш, хоҳ хурду хоҳ калон, салом мекарданд. Хушсухану хушчеҳра буданд ва бидуни ин ки биханданд, ҳамеша табассуме бар лаб доштанд ва бидуни ин ки чеҳраашонро қаҳролуд хашмгин кунанд, андӯҳгин ба назар мерасиданд.

       Бидуни ин ки аз худ зиллату хорӣ нишон диҳанд, ҳамвора мутавозеу хоксор буданд. Дилнозук буда ва ба ҳамаи мусулмонон меҳрубонӣ мекарданд.

       Ҳаргиз ҳоҷати дигаронро рад накардаанд. Агар барояшон имкон мебуд, ҳоҷати ҳоҷатталабро мебароварданд, вагарна бо забони нарму ширин ӯро розӣ менамуданд.

        Расули Худо (с) агар се рӯз яке аз асҳоби худро намедиданд, аз ҳоли вай ҷӯё мешуданд. Агар дар сафар мебуд, дар ҳаққаш дуо мекарданд ва агар дар хона мебуд, ба дидораш мерафтанд. Чун бемор бошад, ба аёдаташ мешитофтанд.

       Ҳаргиз дида нашуд, ки Расули Худо (с) бо касе дар ҳоҷате ҳамкорӣ кунанд, вале зудтар аз вай даст аз кор бардоранд. Вақте бо касе ҳамсӯҳбат мешуданд, дида мешуд, ки пештар аз хомӯш бимонанд. Боре ҳам пеши касе пои худро дароз накардаанд. Расули Худо (с) рӯзҳои панҷшанбе ба сафар мебаромаданд. Саъй доштанд ба ҳамсафарони худ кӯмак кунанд ва дар ин бора мефармуданд: "Бузурги ҳар қавм касест, ки ҳангоми сафар ба ҳамроҳони худ кӯмак кунанд". Он ҳазрат (с) шахсан ӯҳдадори ҷамъоварии ҳезум мешуданд.

       Хашму ғазабашон фақат барои Худо буд ва ҳаргиз барои хештан ғазаб намекарданд. Дар ҳолати хашму ризоят фақат ҳақиқатро мегуфтанд.

Раёсати фатво

Время намаза в Душанбе

18.04.2024

Подробнее
Фаджр04:10
Зухр12:40
Аср17:17
Магриб19:15
Иша20:46
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее