Главная Статьи ҲАСАД ВА БАДБИНӢ НИСБАТИ ҲАМДИГАР

ҲАСАД ВА БАДБИНӢ НИСБАТИ ҲАМДИГАР

ҲАСАД ВА БАДБИНӢ НИСБАТИ ҲАМДИГАР
2019-11-25
2413

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду санои беҳисоб он Худованди яктову беҳамторо, дуруди бепоён бар фиристодаи барҳаққи ӯ Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва олу асҳобаш ризвонуллоҳи алайҳим.

Аз Анас (Худо аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Бо ҳамдигар душманӣ, ҳасад ва қатъи робита нанамоед ва бо ҳамдигар пушт надиҳед. Эй бандагони Худо бо ҳам бародар бошед ва барои ҳеҷ мусулмоне раво нест, ки беш аз се рӯз бародарашро тарк кунад (бо ӯ қаҳрӣ кунад ё қатъи робита ва алоқа намояд)." (Муттафақун алайҳ)

Дар ин ҳадис Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба мо чунин тавсия ва панд медиҳад, ки бояд бо ҳамдигар бародарвор муомалаи исломӣ намоем, зеро ки муомалаи мазкур ба мо ахлоқи писандида меомӯзаду аз рафтору кирдори бад моро боз медорад, инчунин аз дилҳоямон буғзу кинаро пок сохта, рафтори накӯ ва бархӯрди хуб намудан бо ҳамдигарро дар сиришти мо эҷод менамояд.

Ҳамчунин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар сухани хеш ба ин нукта ишора менамояд, ки робитаи бародарӣ дар дини мубини Ислом аз робитаи насабӣ ва хунӣ қавитар мебошад, зеро ки асосу пояи робитаи бародарӣ имон ба Худо мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат барои мусулмон раво нест, ки беш аз се рӯз бо бародараш қаҳрӣ кунад ё аз вай рӯй битобад, модоме ки амали мазкур сабаб ва омили динӣ надошта бошад. Агар бародараш кадом кори мухолифи динро намуда, ӯро чандин бор насиҳат намояд, вале ӯ аз амали мазкур даст накашад, дар ин сурат ҷоиз аст, ки бо ӯ қатъи робита намояд, шояд ки бародараш аз рафтори ӯ мутаассир гашта аз кори бад даст бардорад.

Фавоид ва андарзҳои ҳадис:

Ҳаром будани душманӣ, ҳасад, қатъи робита намудан ва пушт гардондан ба якдигар.

 Манъ намудани озордиҳии мусулмон ба кадом сурате ки бошад.

 Ҳаром будани қаҳрикунӣ ва қатъи равобит бо бародари мусулмон беш аз се рӯз.

 Раёсати фатво

Время намаза в Душанбе

26.04.2024

Подробнее
Фаджр03:55
Зухр12:40
Аср17:24
Магриб19:23
Иша20:54
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее