Главная Статьи ҶИНОЯТЕ БЕ ҶАЗО НАМЕМОНАД

ҶИНОЯТЕ БЕ ҶАЗО НАМЕМОНАД

ҶИНОЯТЕ БЕ ҶАЗО НАМЕМОНАД
2020-03-21
78

Ҳар як фарди солимфикр медонад, ки ягон ҷиноят бе ҷавоб нахоҳад монд ва ҷинояткору ҷиноятпеша рӯзе ба ҷазои худ хоҳад расид, ки ин қазияи монанди офтоб равшан аст. Давлатҳои Аврупо билохира фаҳмида истодаанд, ки наҳзатиёне, ки ба миллату кишвари хеш хиёнат кардаанд, рӯзе ба ин давлат низ балои ҷон мешаванд, аз ин хотир замини худро аз ин хел бадхоҳони зараррасон тоза карда истодаанд. Чи хеле ки аз расонаҳо хабар ёфтем, ки мақомоти Австрия яке аз пайравони ТЭТ ҲНИ-ро ба Тоҷикистон фиристодааст. Нафаре, ки ба Тоҷикистон оварда шуд, ҳаёт ва фаъолияти кориаш дар назди қонунгузор ташхис мешавад, агар бемор бошад табобат мешавад, агар гунаҳкор бошад ҷазо мебинад ва агар бегуноҳ бошад, озодаш мекунанд.

     Чихеле, ки маълум гардид, Шовализода Ҳизбулло аз ҷумлаи пайравони ҳизби мамнуъшудаи наҳзат будааст, ки  солҳост дар ҷустуҷуи байналмилалӣ қарор дорад. Масоили ҳадафмандонаи ТЭТ ҲНИ ба ҳамагон маълум аст. Ҷойи таассуф аст, ки вақте ҷинояткоре аз ин ҳизб дастгир мешавад, дарҳол сардори хиёнаткори ин ҳизб Кабирӣ ба дод задану фарёд задан шурӯъ мекунад. Ҳой Кабирӣ ту шитоб накун, дар рӯзҳои наздик навбати ту ҳам мерасад ва баъд мардум мебинанд, ки ба ҷиноятҳои кардаат чи гунна посух медиҳӣ? Ё гумон меравад, ки  ифлосии худро бори шахсе ё кишваре ё гурӯҳе ё қавме карданиед?. Беҳтараш гӯед, ки бигзор санҷида шавад, қонунгузор баҳогузорӣ кунад.

Ҷамолиддин Хомӯшов,

ходими дин

Время намаза в Душанбе

02.04.2020

Подробнее
Фаджр00:00
Зухр00:00
Аср00:00
Магриб00:00
Иша00:00
Выступления Президента
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Подробнее