Главная Статьи ФАЗЛФУРӮШИИ “ПМТ”

ФАЗЛФУРӮШИИ “ПМТ”

ФАЗЛФУРӮШИИ “ПМТ”
2020-04-01
233

Донишманде гуфтааст, ки инсонҳо дўст медоранд, ки сатил-сатил маслиҳат медиҳанду худашон қатра-қатра ҳам бо он амал намекунанд. Гурӯҳи ифротию худхондаи ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон”, ки дар хориҷи кишвар қарор дорад, мисли ҳамин гуфта сатил-сатил маслиҳат медиҳанду худашон қатрае барои амалӣ гаштани он кўшиш намекунанд.

Дар ин ҷо сухан дар бораи пешгирии оқибатҳои манфии буҳрони иқтисодӣ меравад, ки дар натиҷаи паҳншавии коронавирус ба Тоҷикистон зарар расониданаш мумкин аст.

Дар шароити кунунӣ ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳоро дида истодааст, ки дар кишвар беморони гирифтори КОВИД19 ворид нашаванд. Муассисаҳои тандурустӣ шахсони аз кишварҳои сироятёфта омадаро дар карантин нигаҳ дошта истодаанд.

Ҳамаи ин чораҳо барои ҳифзи нигаҳдории тандурустӣ мебошад. Дар масъалаи ба карантин нигоҳ доштани одамон ПМТ пешниҳод кардааст, ки дар биноҳои васеътар ва дорои шароит ҷой кунанд. Бояд зикр кард, ки дар муассисаҳои табобатӣ ва осоишгоҳҳо ва ҷойҳои махсус одамон ба карантин нигаҳдорӣ мешаванд. Дар ҳолати изтирорӣ дар маконҳои холӣ одамонро ҷой медиҳанд. Масалан, дар Қирғизистон одамонро барои карантин дар хобгоҳи пойгоҳи ҳарбии «Манас» ҷойгир кардаанд.

Муассисаҳои табобатии шахсӣ ва дар маҷмуъ гумон мекунам, ки муассисаҳои тиббии Тоҷикистон барои ба карантин қабул кардани одамон омода мебошанд.

Дар Тоҷикистон ситоди байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки протоколҳои он барои иҷро ба тамоми муассисаҳои давлатӣ фиристода шудааст.

Аммо дар ин ҷо бояд зикр кард, ки пеш аз ҳама аз лиҳози мафкуравӣ одамонро омода кардан лозим аст, ки чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд. Дар ҳолати нарасидани ниқобҳо худи одамон бо дока метавонанд, ки ниқобҳо тайёр кунанд, ки ин ҳам як роҳи пешгирии хатари коронавирус ба шумор меравад.
Бо маслиҳатҳои худ ПМТ нишон додан мехоҳад, ки ба Тоҷикистон иқдоми хайрхоҳона дорад, аммо дар ин пешниҳодҳо низ ғаразҳои сиёсӣ нуҳуфтааст. Яъне худашонро чунон вонамуд мекунанд, ки коршиноси машҳуртарини иқтисодиёт ва вирусологи машҳури олам бошанд, ҳол он ки танҳо инсонҳои иддаои сиёсидошта ҳастанду халос!

Тоҷикистон – Президент, Ҳукумат, вазоратҳои масъул, коршиносон ва кормандони ҳирфавиро дорад, ки дар ҳолати зарурӣ метавонанд, ки маслиҳати даркориро дода, барои нигаҳдории саломатии шаҳрвандони кишвар чораҷўӣ кунанд.

Ба он шукрона бояд кард, ки дар Тоҷикистон айни замон шахсони бо коронавирус сироятёфта ба қайд гирифта нашудаанд.

Мардуми тоҷик аз ин пештар низ буҳронҳои зиёдро паси сар карда буд ва ин буҳронро ҳам паси сар хоҳад кард.

Зоҳир Илёсов,

ходими дин

Время намаза в Душанбе

06.06.2020

Подробнее
Фаджр03:22
Зухр12:40
Аср17:45
Магриб19:56
Иша21:26
Выступления Президента
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Подробнее