Главная Статьи Иди Қурбон ва Қурбонӣ - Рўйдоди азими таърихӣ

Иди Қурбон ва Қурбонӣ - Рўйдоди азими таърихӣ

Иди Қурбон ва Қурбонӣ - Рўйдоди азими таърихӣ
2020-07-24
2006

Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон

Иди Қурбон, қурбонӣ дар он ва умуман маросими ҳаҷ аз ойинҳои ибодатие ҳастанд, ки барои уммати Ислом аз хонадони Ҳазрати Иброҳим (ъ) ба ёдгор мондаанд. Яке аз озмоишҳои Худованд аз Ҳазрати Иброҳим (ъ) забҳ ва қурбонӣ кардани фар­зан­даш Исмоил дар роҳи Худо буд. Ҳазрати Иброҳим пайи ҳам се бор дар хоб диданд, ки фар­занди худ Исмоилро забҳ мекунад. Ў яқин кард, ки Худованд ӯро ба забҳи фарзандаш амр кардааст ва моҷарои хобашро ба Исмоил дар миён гузошт. Ис­моил ба ӯ гуфт: «…Эй падар, ба ҳарчи амр шудаӣ, анҷом бидеҳ, иншоаллоҳ маро аз собирон хоҳӣ ёфт!». (Сураи «Соффот». Ояти 102)

       Ҳазрати Иброҳим (ъ) дасти фарзандашро гирифт ва аз Макка ба сӯи забҳгоҳ дар сар­замини Мино ҳаракат кард. Дар роҳ вақте ба доманаи кӯҳи Сабир расиданд, Шайтон ба роҳзанӣ ва васвасаи Исмоил пардохт, то ӯро аз ин азимат бозгардонад. Ҳазрати Иброҳим (ъ) вақте талошҳои Шайтонро дар бероҳ намудани фарзандаш дид, ҳафт сангчаеро аз замин бардошт ва ба сӯи Шайтон партофт. Шайтон навмедона ба ақиб баргашт.

            Ҳазрати Иброҳим (ъ) ва Исмоил вақте ба забҳгоҳ расиданд, Ҳазрати Иброҳим (ъ) барои ризои Худо фарзандашро бо дастони худ ба замин ба рӯй хобонд ва ҳарду таслими амри Ҳақ гаштанд. Ва ҳамин ки Ҳазрати Иброҳим (ъ) корд бар гардани Исмоил ниҳод, аз осмон нидо расид, ки: «Эй Иброҳим, (аз забҳи Исмоил воист) ту хоби худро ба амал баровардӣ!» (Сураи «Соффот», ояти 104) ва гӯсфандеро барои қурбонӣ ба ҷои Исмоил ба назди вай фиристод ва фармуд: «Мо некӯкоронро ҳамин тавр подош медиҳем. Ин набуд, магар озмоиши ошкоре … ва ёди ӯро дар пасиниён зинда доштем». (Сураи «Соффот», ояти 100-111)

           Ҳар сол мусалмонони ҳаҷгузор рӯзи иди Қурбон ба ёди ин рӯйдоди азими таърихӣ ва эҳёи хотираи хонадони Ҳазрати Иброҳим (ъ) дар сарзамини Мино, ки забҳгоҳ дар он воқеъ шудааст, чорвоеро забҳ менамоянд ва гӯшти онро ба одамони камбағал ва камбизоат тақсим мекунанд. Ба таври умум, ҳар мусулмоне, ки имконияти молӣ дорад, дар ин рӯз дар хонааш ва аз ҷониби тамоми аҳли хонаводааш чорвое забҳ менамояд ва хотираи қурбонии Ҳазрати Иброҳим (ъ) ва Исмоил (ъ)-ро дар худ зинда месозад.

       Бояд ёдовар шуд, ки анҷом додани ибодатҳое чун закот ва қурбонӣ бар зиммаи ҳар бандаи мусулмони болиѓ, ки молаш ба нисоб расидааст, воҷиб аст. Ибодатҳо дар дини мубини Ислом ба як эътибор баданӣ мешаванду молӣ. Ибодати баданӣ монанди намоз ва рўза ва ибодати моливу баданӣ монанди ҳаҷ.

       Яке аз ибодатҳои молӣ ин қурбонӣ мебошад. Дар дини мубини Ислом қурбонӣ - ин пайравӣ намудани суннати маъруфу машҳури Ҳазрати Иброҳим (а) буда, холис барои ризои Илоҳӣ ва бо номи Худованди бузург анҷом дода мешавад. Худованди карим, вақте ки ба Паёмбари худ ҳазрати Муҳаммад (с) неъмати бузург, яъне «Ҳавзи Кавсар»-ро ато кард, ба тарафи ду некӣ ҳидоят дод, ки яке намоз ва дигарӣ қурбонӣ аст. Чунончи мефармояд: «Пас намоз гузор барои ризои Парвардигори худ ва ба номи Ў шутурро  қурбонӣ кун» (Сураи «Кавсар»).

Инчунин дар ривоят омадаастЗайд ибни Арқам (р) аз Паёмбар (с) мепурсад: «Эй Расули Худо, ин қурбониҳое, ки мебинам, чист?» Паёмбар (с) гуфтанд: «Ин суннати падаратон Иброҳим (а) аст». Пас саҳобаҳо гуфтанд: «Чӣ фоида (фазилат) доранд?» Паёмбар (с) гуфтанд: «Ба ивази ҳар як мўи чаҳорпо як некӣ ба қурбоникунанда мерасад». (Ривояти Ибни Моҷа)

          Қайд кардан ба маврид аст, ки қурбонӣ аз ҷумлаи он ибодатҳоест, ки дар рўзҳои муайян адо карда мешавад. Яъне 10,11,12-уми моҳи  Зулҳиҷҷа, ба ғайр аз ин рўзҳо ин ибодати бузург адо намешавад. Шахсе ки ба ў қурбонӣ воҷиб буд ва ба сабаби ғафлат дар ин рўзҳо қурбонӣ накард, ба ў лозим аст, ки қимати моли қурбониро ба муҳтоҷону ниёзмадон садақа диҳад. Бояд донист, ки агар шахсе дар рўзҳои қурбонӣ ба ҷойи куштани ҷонвар қимати онро садақа кунад, қурбониаш адо намешавад. Ҳамчунон ки ба рўза гирифтан намоз адо намеёбад ва ба ҳаҷ кардан закот соқит намешавад. Агар ба зиммаи шахсе аз соли гузашта қурбонӣ мондааст ва ҳоло мехоҳад онро адо кунад, ўро мебояд ивази ҳар ҷонвар қимати онро садақа кунад.

        Хотиррасон бояд кард, ки гўшти қурбониро фурўхтан ҳаром аст. Агар шахсе аз нодонӣ ин корро кард, бар ў лозим аст ҳамон миқдор пулро садақа кунад.

        Беҳтар он аст, ки гўшти қурбониро ба се ҳисса ҷудо кунанд, як ҳисса барои аҳлу аёл, як ҳисса барои дўсту рафиқон, як ҳисса барои бенавоёну камбағалон. Чунонки Худованд мефармояд:

       «Ва шутурони қурбониро барои шумо аз шаоири Худо сохтаем; барои шумо дар он некӣ ҳаст. Пас, [дар ҳолате, ки] бар чаҳор пой истодаанд, номи Худоро бар наҳри онҳо ёд кунед; пас, чун паҳлўи онҳо ба замин афтад, аз он бихўред ва ба дарвеши бесуол ва суолкунанда бидиҳед бихўранд. Ҳамчунин чаҳорпоёнро барои шумо ром гардонидем, бувад ки шукр кунед».(Сураи «Ҳаҷ», ояти 36)

Хулоса аз гуфтаҳои боло бармеояд, хайру эҳсон, ҷавонмардию саховатпешагӣ ба он андоза қадр мешавад ва арзиши беохир дорад, ки Паёмбар (с) дар аҳодиси муборакашон умматро ба ин аъмоли хайр раҳнамоӣ кардааст, то онҳо дар пайи анҷоми чунин аъмол бошанд, зеро асли таълимоти дини мубини Ислом мусовот ва мувосот дар байни афроди ҷомеа мебошад.

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее