Главная Статьи КӮРЕ, КИ РОҲИ ВАТАНРО НАМЕЁБАД

КӮРЕ, КИ РОҲИ ВАТАНРО НАМЕЁБАД

КӮРЕ, КИ РОҲИ ВАТАНРО НАМЕЁБАД
2020-09-11
1598

Дар ҳақиқат чизеро, ки мо мушоҳида мекунем ва мешунавем, ниёз ба аммову агар надорад. Дар ёд дорем, он ҳаводиси хунини ҷанги шаҳрвандиро. Он ҳодисаҳои даҳшатоваре, ки ҷони ҳазорон инсони бегуноҳро гирифт. Мушоҳида намудем, он кушторҳое, ки наҳзатиёни хунхор ва бегонапараст бар муқобили ҳамватанони бегуноҳ ва мусулмони мо анҷом доданд. Шунидем, он садоҳои гӯшхароши тиру туфанг, ки қалби ҳазорон ва ҳатто миллионҳо сокинони мамлакатро лабрези ваҳшат намуд. Ҳазорон ватандорро беватан, ҳазорон кӯдаконро ятим, ҳазорон занонро бева намуд. Ҳазорон бародару хоҳарро аз ҳам ҷудо ва дар дили ҳазорон падару модар доғи ҳасрати бефарзандиро барҷо гузошт. Он ҳама хунрезиҳои наҳзатиёнро мушоҳида намудем. Ба хотири манфиатҳои шахсиашон даст ба чандин амалҳои ғайриинсонӣ заданд.Тайи 29 сол ва ҳатто зиёда аз он аст, ки наҳзатиёни беимон даст аз чунин амалҳои золимонаи хеш намекашанд. Чандин инсонҳои саршинос ва ватандӯсти моро террор намуданд. Чандин ҷавонони моро гумроҳ намуда, ба кишварҳои Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳои ҷангзада фиристонданд. Ҳамаи он хунрезӣ ва амалҳои хиёнаткоронаи наҳзатиёни золимро рӯйи қоғаз овардан имконнопазир аст. Ин амалҳои даҳшатовари ин золимони асрро, ки ман мисол овардам, танҳо заррае аз чунин амалҳои ғайриинсониашон буд.

  Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои миллати тоҷик як шахси боимон, поквиҷдон, миллатдӯст, сулҳофар ва оқилу доное зарур буд, то миллат ва истиқлолияти давлатиро, ки бо кӯшиш ва заҳматҳои ҳазорсолаи тоҷикон ба даст омада буд, аз нестӣ ба ҳастӣ кашонад. Барои мо сарваре, зарур буд, то тавонад дар муддати начандон тӯлонӣ барои мо сулҳу амониро ҳадя намояд. Дар чунин рӯзҳои сахту даҳшатнок касе пайдо намешуд, ки ҷони худро сипари миллат кунад. Лекин аз бахти баланди миллати шарафманди тоҷик буд, ки Худованд як сарвари оқилу доно, поквиҷдон, боимон, миллатдӯст ва содиқро барои мо сарвар таъйин кард, ки ин шахси ватанпарвар бо қабул намудани чунин  масъулияти бузург аз ҳисси баланди меҳанпарастии худ шаҳодат дод. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, дар як муддати начандон тӯлонӣ сулҳу амонӣ ва осоиштагиро барои мо ҳадя намоянд. Ин абармарди даврон бо чораҳои саривақтии худ тавонистанд, ки дар як муддати начандон тӯлонӣ садҳо ҳазор гурезагон ва беватаншудагонро дубора ба хоки аҷдодиашон баргардонанд. Садҳо ҳазор беватаншудагон ба ватан баргаштанд. Тавонистанд, истиқлолияти давлатиро, ки бо машаққатҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик ба даст омада буд ва дар ҳоли аз даст рафтан буд, наҷот диҳанд. Тавонистанд, садҳо ҳазор кӯдакро аз ятимӣ, ҳазорон занонро аз бевашавӣ ва садҳо ҳазор падару модарро аз бефарзандӣ наҷот диҳанд. Маҳз тавассути кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муззами миллат аст, ки мо имрӯз дар як кишвари ободу зебо ва орому осуда зиндагӣ мекунем. Кишваре, ки дар онҷо сулҳ танинандоз аст. Тоҷикистон хонаи имрӯзу фардои мо аст. Маҳз бо шарофати Пешвои муаззами миллат аст, ки мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ имрӯз марҳила ба марҳила ҳалли худро ёфта истодаанд. Борҳо баромадҳои Пешвои муаззами миллат дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз он ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва парафшон гардидани Парчами давлатиамон дар ин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Ташаббусҳои тақдирсози Пешвои муаззами миллат дар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, аз он ҷумла об, ки 3 маротиба аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид  мақоми байналмилалӣ гирифт, аз дурандешии ин ҳомии тоҷикон далолат медиҳад. Аз ҷониби мусулмонони дунё ба унвони беҳтарин мусулмони ҷаҳон эълон гардидани Пешвои муаззами миллат далели ин гуфтаҳост. Бо умеди Худо, дар канори Пешвои миллат ва пайравӣ аз ташаббусҳои неки Ҳукумати мамлакат мо бемории сироятии коронавирусро низ пушти сар хоҳем кард.

Тамоми он корнамоиҳои Пешвои муаззами миллатро наметавон ба рӯйи коғаз овард. Ба ҳар ҳол кӯшиш намудам, то заррае аз корнамоиҳои Пешвои муаззами миллатро, ки ҳаммаашон ба манфиати халқу миллати тоҷик равона гардидаанд, рӯи қоғаз биоварам. Мо тамоми ин корнамоиҳои сулҳофаронаи Пешвои муаззами миллатро мушоҳида намудем ва ҳам шунидем.

    Хулоса, Ҳазрати Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳояшон мефармоянд, ки дӯст доштани Ватан аз имон аст. Аз ин ҳадиси муборак чунин бармеояд, ки касе Ватанашро дӯст намедорад, беимон аст. Инро мо дар симои наҳзатиён ва ҳамроҳонашон мебинем. Инчунин, шахсе, ки дӯстдори ватани хеш аст, боимон мебошад. Мо инро дар симои Пешвои муаззами миллат мебинем. Хунрезӣ ва бегонапарастии наҳзатиён, ки қариб буд, миллатро ба нестӣ кашонад, аз нафрати ин золимони аср нисбати кишвари азизамон Тоҷикистони азиз шаҳодат медиҳад. Дар дунё имрӯз ҳар як давлат аз паи пешравиву тараққиёти худ аст. Ватани азизи мо низ ба тараққиву пешравиҳои зиёде ноил гашта истодааст. Ин пеш аз ҳама бо ташаббуси марди ҷасуру доно, оқилу хирадманд, меҳрубону мушфиқ, ғамхору дилсӯз ва адолатхоҳу ватандӯст Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои муаззами миллат бо сарварии хеш Тоҷикистонро ба чунин рӯзҳои нек оварда расонданд.

 Аммо наҳзатиҳои дурӯғгуву фасодкор мардуми шарафманди моро ба ғуломӣ нисбат додаанд. Мо бояд ба ин нокасон ҷавобҳои дандоншикан диҳем. Дар ҷавоб чунин гуфтаниам, ки дуруғгуй, фасодкор, беғайрат, тамаъкор, ҳаромкор ва  буздилтар аз шумо дар рӯи дунё вуҷуд надорад. Худи шумо ғуломи ҳалқабаргӯши давлатҳои хориҷа шудаед. Як рӯз дар як давлати исломӣ, рӯзи дигар дар як давлати Аврупо ҳамчун ғуломи онҳо бо як созашон ба рақс медароед. Шумо нокасон гадои  Ватанед. Нону намаки ин Ватан шуморо кӯр мекунад. Кӯре, ки дигар ҳаргиз роҳи Ватанро пайдо намекунад!

Одилхуҷа Мусоев,

имомхатиби масҷиди ҷомеаи ба номи Шайх Абулқосими Гургонии деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее