Главная Статьи НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КОҲИШ ДОДАНИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КОҲИШ ДОДАНИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КОҲИШ ДОДАНИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ
2018-06-29
2532

Ҳар миллат дар масъалаи ягонагӣ, якпорчагӣ ва некӯ ба ҳам омадани қишру табақаҳои кишвар ба ҳолатҳое рӯ ба рӯ мешавад, ки як муддат ноил шудан ба мувозинати созгор хусусияти буҳронӣ касб менамояд. Гоҳо халалдор шудани осоиши ҳамдигарӣ боиси гусехта шудани сарриштаи кор ва тафаккури мантиқӣ гардида, даҳшати парокандагӣ мардумро дар идроку тааққули воқеият ва раҳоӣ ёфтан аз он  нотавон месозад.  

Зарурати таҳияи консепсияи ваҳдати миллииро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён овард. Зеро ҳангоми  расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар фазои сиёсии кишвари мо ба ғайр аз мақомоти амалкунандаи сиёсӣ боз ду гурӯҳи асосии қудратхоҳ зуҳур намуд: яке нерӯи зиёиёни эҷодкори дунявӣ, ки дар пояи пуштибонӣ аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекард; ва дигаре, рӯҳониёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи давлату мусулмонони Тоҷикистон меҳисобиданд ва ба пиндори худ, ҳеҷ даъвои сиёсӣ не, балки нияти ислоҳоти динию ахлоқии ҷомеаро доштанд. Табиист, ки ин ду нерӯи сиёсӣ ба зудӣ сарпарастони хориҷӣ пайдо карданд. Хушбахтона, аксари зиёиёни пешқадами тоҷик ғаразҳои сиёсии хоҷагони берунаро ба зудӣ дарк карданд, вале исломгароёни сиёсӣ ба “хизмат” омода будани худро бо ниҳоду нерӯҳои беруна барои расидан ба қудрати сиёсӣ эълон намуданд. Бояд эътироф кард, ки солҳои 80-90-уми асри гузашта дар зери таъсири вазъи сиёсии Афғонистон ва суст шудани пояҳои идеологияи давлатӣ на танҳо дар байни пайравони ислом, балки дар миёни муътақидони дину конфессияҳои  дигари ҷомеаи шӯравӣ ҳам як ривоҷу равнақи бесобиқаи ҷаҳонбинии динӣ боло гирифт. Дар ин замина даъвоҳои қудратхоҳӣ ва мавқеъгирии сиёсию динӣ дар фаъолияти аксари ҳизбу созмонҳои навбунёд боло рафт. Чун ҳадафи асосии геополитикӣ барҳам додани империяи абарқудрати шӯравӣ буд, ҳама гуна ҷасоратҳои сиёсии хусусияти ошкорбаёнӣ ва демократӣ дошта аз хориҷ зуд дастгирӣ меёфт. Пуштибонии созмонҳои гуногун аз навгониҳои сиёсию идеологии дар ҷумҳуриҳои тоза ба истиқлол расида аслан дар зери шиори ҳимояи “ҳуқуқу озодиҳои поймолшудаи шаҳрвандон”, ба хусус озодии виҷдон роҳандозӣ мегардид. Дар ҳамин росто, ба арсаи сиёсат омадани ҷараёнҳои динию мазҳабӣ дар ду ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Озарбойҷон ва Тоҷикистон ҳам обрӯю эътибори исломро коста кард ва ҳам ба ваҳдати миллӣ ва пайвандҳои суннатию таърихии ин ду миллат зарбаи ҷонкоҳ ворид намуд. 

Вазъияте, ки дар оғози истиқлолияти ҷумҳурии мо падид омад, ба ҳукми тақдир ё таври тасодуф бо омилҳои таназзули давлати Сомониён як айнияту монандӣ пайдо кард. Шигифтовар он буд, ки ҳамон ҳақиқати талхи таҷрибаи рӯзгор дар солҳои 90-уми асри ХХ дар шаклу муҳтавои андаке дигаргун боз гиребонгири давлати ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Афсӯси дигар он аст, ки раванди кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озодиҳои демократӣ ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ ва таъсиси ҳизби динӣ оварда расонид. Ин ҳизб арзишҳои воло ва муқаддасоти диниро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ истифода мебурд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи дин асоснок менамуд, вале тасаввуроти бисёрҳизбию ҷаҳонбиниии дигарро эътироф намекард. Мутаассифона, пешвоёни созмонҳои ҳизбӣ тавонистанд дар мағзи ҷавонон ақидаи ботилеро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ва арзишҳои қурунивустоӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии онҳо пазируфта шавад. Ҳарчанд мисли оина равшан буд, ки андаруни ҷаҳонбинии динӣ ҷойгузин кардани равандҳои ҷамъиятӣ ҳеҷ вақт боиси пешрафт шуда наметавонад ва дар замони рушди илму технология чунин корбурд нопазируфтанист, вале тӯли солҳои 1992-1997 рафторҳои ногуфтанӣ ва ношунидание дар ҷомеаи мо ҳукмфармо гардид. Дар вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии солҳои 90-ум дар кишвари мо тамоми заминаҳо барои бархӯрди бардавоми мусаллаҳона ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон вуҷуд дошт, зеро гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф ташнаи хуни якдигар буданд ва қумондонҳои саркаш аслан ба сухани касе эътибор намедоданд. Тибқи таълимоти ҷомеашиносии муосир чунин давраҳои тақдирсоз ҳассос дар қишри роҳбарии ҷомеа “ақаллияти созанда” (creative minority)”-ро рӯйи кор меоварад, ки қудрати посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба ин гуна таҳдиду хатарҳои дохилию беруниро дошта бошад. Маҳз ин ақаллияти фаъол ва созанда бақо ва пойдории давлат ва фарҳанги миллиро таъмин карда метавонад. Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини сарвари ин гуна ақаллияти созанда дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардиданд, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонистанд масъулияти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дӯш гиранд. Ва дар ниҳояти кор мардуми шарифи Тоҷикистонро ба санаи фараҳбахши 27 июни соли 1997 – рӯзи имзои ҳуҷҷати муҳим «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расонанд. 

Ҳарчанд Тоҷикистон 21 сол аст, ки дар шароити сулҳу субот ва истиқрори миллӣ кору фаъолият мекунад, вале таъсири нооромиҳои солҳои 90-уми қарни гузашта дар рушди сиёсӣ ва иқтисодии кишвар то ҳанӯз эҳсос мешавад. Ин ҳолат аз ҳама бештар дар булҳавасона пайравӣ кардани насли ҷавон ба раванду ҷараёнҳои номатлуб ва гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ зоҳир мегардад. Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба омӯзиши масъалаҳои диншиносӣ, исломшиносӣ ва мониторинги вазъи динӣ машғул аст, зимни таҳлилҳои охирини худ доир ба рафтори ҷонибдорони андешаҳои ифротӣ ва тундрав дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чеҳраи эҳтимолии иҷтимоӣ ва равонии онҳоро чунин табақабандӣ кард: 

1) Шахсоне, ки дорои сатҳи пасти саводи дунявӣ ва динӣ мебошанд ва илова бар ин, мушкилоти иқтисодӣ доранд, вале касбу кори муайян ва доимӣ ҳам надоранд. Онҳоро навкар ё мардикори муздур меноманд, кадом кореро, ки ба онҳо фармоянд, барои гирифтани дастмузд иҷро мекунанд. Чунин афрод бештар дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, аз таъсири бади ғурбати рӯзгор андеша ва ҷаҳонбинии устувор ҳам надоранд. Ин тоифа ба осонӣ туъмаи осон барои таблиғгарон ва ҷалбкунандагони гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд. 

2) Касоне, ки дар муҳити суннатии оилавӣ тарбия ёфтаанд ва ҷаҳонбинии онҳо асосан хусусияти динӣ дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мутаассифона, як қисми афроде, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар Афғонистон ҳамчун ҷонибдорони мухолифин муҳоҷир шуда буданд, имрӯз якҷоя бо хонаводаашон ҷонибдори гурӯҳу ҷараёнҳои ифротӣ шудаанд ва барои қабули идеологияи онҳо майлу хоҳиши тамом доранд ва дар фикру андешаи ҷустуҷӯи роҳҳои сафар ба хориҷ, пайвастан ба ин гурӯҳҳо ва дарёфти даромадан ба “биҳишти дурӯғин” ҳастанд.

3) Як гурӯҳи афроди бадхӯй ва ҷиноятпеша ҳанӯз дар ҳар ҷое вуҷуд доранд, ки зиндагиро танҳо аз тариқи зӯроварӣ ва гирифтани даромади муфт меписанданд ва тасаввур мекунанд. Баъд аз пурзӯр шудани назорат ва муқовимат бо ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ онҳо дигар натавонистанд бо роҳи одаткардаи худ зиндагӣ кунанд ва барои идомаи фаъолияти ҷинояткоронаи худ хунсардона ба ин гурӯҳҳо пайвастанд.

4) Гурӯҳи шахсоне низ ҳастанд, ки дар шароити нав бо мушкилиҳои гуногун дар зиндагӣ, ба мисли карзҳои бонкӣ, амалҳои коррупсионӣ дар муассисаву корхонаҳо ва дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будан мувоҷеҳ шудаанд. Онҳо аз тариқи пайвастан ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ мехоҳанд нуқсону камбудиҳои худро рӯйпӯш кунанд ва аз фазои мушкилзои зиндагии худ дуртар фирор карда, худро қаҳрамон ва адолатҷӯ нишон доданӣ мешаванд. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти зуд тағйирёбандаи сиёсати ҷаҳонӣ бо такя ба таҷрибаи сулҳофаринии солҳои 90-уми асри гузашта ва консепсияи мукаммали ваҳдати миллии худ фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ ва шабакаҳои илмию таҳлилӣ ва иҷтимоиро васеъ ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоро барои паст кардани шиддати ифротгароӣ, терроризми динӣ, решакан кардани гароиши ҷавонон ба сафи ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ, таблиғи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ваҳдати динию эътиқодии мабно ба мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти исмоилия сафарбар карда истодаанд. Албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳо мушкилоти зиёде дар масъалаҳои ташкилию маъмурӣ ва фаҳмондадиҳию ҳамоҳангсозӣ вуҷуд доранд. Вале як чиз бебаҳс аст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ имрӯз ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки пазируфтории мафкура ва ҷаҳонбинии беруна, кӯркӯрона ва ноогоҳона пайравӣ кардан ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ба ҷуз пушаймонию саргардонӣ меваи дигаре ба бор намеоварад. Бояд ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин ҳам бидонад, ки дар ҳамон солҳои мудҳиши 1992-1997 миллати тоҷик тамоми масъулияти мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризми диниро ба дӯши худ гирифта,  паҳншавии равандҳои номатлуби ифротиро дар минтақа ва марзу буми кишварҳои аъзои ИДМ муваффақона пешгирӣ кард. Насли ҷавони мо бояд боварӣ дошта бошад, ки ин равандҳои зукомшакл падидаҳои муваққатӣ аст ва ба зудӣ воқеияти бозиҳои геополитикӣ, кашмакашҳои сиёсӣ барои ба даст овардани манфиатҳои бештари иқтисодӣ ва ниҳоятан чеҳраи ҳақиқии созмону ҳаракатҳои ифротӣ бо шабакаҳои таблиғотию фармоишии онҳо дар минтақаҳои даргири Ховари Миёна ва умуман олами ислому арсаи ҷаҳонӣ ошкору аён хоҳад шуд. Ва ба таъбири қуръонӣ ифротиён касоне хоҳанд буд, ки Худо “исваддат вуҷуҳуҳум” (3:106) – “рӯйҳояшонро сиёҳ гардонидааст”. 

   Ф. Баротзода–  директори Маркази исломшиносӣ дар 

   назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Время намаза в Душанбе

08.05.2024

Подробнее
Фаджр03:39
Зухр12:40
Аср17:30
Магриб19:35
Иша21:05
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее