Главная Статьи Таърихчаи оби Замзам

Таърихчаи оби Замзам

Таърихчаи оби Замзам
2019-07-11
2238

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Алҳамду ли-л-лоҳ ва-с-салоту ва-с-салому ъало расули-л-лоҳ ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин:

Оби Замзам беҳтарин оби рӯи замин аст ва акнун беш аз панҷ ҳазор сол аз зуҳури ин оби гуворо ва шифобахш аз замони ҳазрати Исмоъил ъалайҳи-с-салом то кунун мегузарад. Замзам обе аст, ки Худованд онро ба унвони ҳадия ба муъминоне, ки аз маконҳои дурдаст барои зиёрати хонааш мушарраф мешаванд, арзонӣ доштааст. Он дорои фоидаҳои бисёре аст. Баъзе аз фоидаҳои оби Замзам ин аст, ки хастагиро аз байн мебарад ва баданро тақвият мекунад. Мушоҳида мекунем, ки зоирини хонаи Худо баъд аз тавоф ва хастагӣ, ҳангоме, ки оби Замзамро менӯшанд, эҳсоси хастагӣ аз онон дур мешавад ва фаъолтар мешаванд.

 Достони зоҳир шудани оби Замзам бо достон ва саргузашти ҳазрати Иброҳим ва ҳамсараш Ҳоҷар ва фарзандашон ҳазрати Исмоъил иртибот дорад. Ҳазрати Иброҳим (а) ба дастури Худованд, ҳамсараш Ҳоҷар ва фарзандаш Исмоъилро, ки тоза (нав) таваллуд шуда буд, аз сарзамини Канъон (Фаластин) ба сарзамини хушк ва сӯзони Форон (Макка), ки на ҷондоре, на об ва алафе дошт, дар миёни дарраҳои кӯҳистонӣ, мутақил кард (кӯчонид), онҳо ҳеч зод ва тушае баҷуз як машки об ва кисае (халтае) хурмо чизе надоштанд. Ҳазрати Иброҳим (а) он дуро канори дарахти бузурге дар наздикии макони Каъба гузошт. Сипас аз Макка хориҷ шуд. Чун қасди баргаштан намуд, ҳамсараш ба дунболи ӯ ба роҳ афтод ва гуфт: Эй Иброҳим моро дар ин биёбоне, ки ҳеч кас ва ҳеч чизе вуҷуд надорад, раҳо мекуни ва куҷо меравӣ? Ҳоҷар чандин бор сухани хешро такрор кард. Аммо аз Иброҳим (а) ҷавобе нашунид. Онгоҳ Ҳоҷар гуфт: Оё Худованд ба ту чунин дастур додааст? Ҳазрати Иброҳим (а) фармуд: Бале. Ҳоҷар гуфт: Дар ин сурат, Худованд моро зоеъ намекунад.

Онгоҳ ҳазрати Иброҳим (а) ба роҳаш идома дод, то ин ки аз дидаи онон нопадид гардид. Пас дасти дуо ва тазарруъ ба даргоҳи Худои бениёз баланд кард ва арза дошт: "Парвардигоро! Ман бархе, (баъзе) аз фарзандонамро дар водии (хушк), беоб ва бегиёҳ, назди хонаи гиромии ту сокин сохтам. Парвардигоро! То намозро барпо доранд, пас ту дилҳои (гурӯҳе) аз мардумро ба онҳо моил бигардон ва аз меваҳо ба онҳо рӯзӣ деҳ, бошад ки онон сипосгузор гарданд". (Сураи «Иброҳим»:ояти 37).

Ҳоҷар ва Исмоъил (а) танҳо монданд. Ҳоҷар аз он обе, ки ҳамроҳ дошт менӯшид, аз он хурмо мехӯрд ва кӯдакашро шир медод. То ин ки пас аз андак замоне оби ҳамроҳи Ҳоҷар тамом шуд ва ташнагӣ бар онҳо ғолиб шуд. Ташнагии фарзанд модарро ба талош барои ёфтани об водошт. Пас барои ҷустуҷӯи об ба ҳар сӯй медавид, шояд ки касеро биёбад ё ин ки ҷуръаи обе пайдо кунад. Паси кӯҳи Сафо азҳама наздиктар буд, бинобар ин Ҳоҷар дар паи об ба фарози кӯҳи Сафо рафт, вале чизе наёфт. Сипас аз Сафо поин омад ва давон-давон ба фарози кӯҳи Марва рафт. Онҷо низ чизе наёфт ва касеро надид. Ва ин фосилае миёни ду кӯҳи Сафо ва Марваро ҳафт бор паймуд ва то онҷо, ки тавонист саъй кард. Аммо талош ва саъйяш бенатиҷа буд. То ин ки ба муъҷизаи илоҳӣ баногоҳ дар канори ҳазрати Исмоъил чашмаи обе зоҳир шуд ва фаввора зад. Ҳоҷар аз тарси инки он об ба даруни замин фурӯ равад, миқдори хок ва шинро (қумро) атрофи он рехт ва обро дар онҷо нигоҳ дошт. Сипас машки худро пур кард ва ба фарзандаш дод ва худ нӯшид. Ин чашмаи муборак Замзам ном гирифт. Ва ба Ҳоҷар ва фарзандаш ҳаёти дубора бахшид.

Пас аз муддате қабоили Ҷурм, ки аз онҷо мегузаштанд, мутаваҷҷеҳ шуданд, ки дар ин минтақа обе вуҷуд дорад. Аз ин ҷиҳат онон бо касби иҷоза аз модари Исмоъил дар канори ин чашма, ки ба чоҳе табдил шуда буд ва оби фаровон дошт, сукунат гузиданд.

Ҳазрати Исмоъил (а) бузург шуд ва бо яке аз духтарони Ҷурҳумӣ издивоҷ кард ва сипас бо падараш ҳазрати Иброҳим (а) хонаи Каъбаро бино карданд. Пас аз чанде қабоили Кинона ва Хузоъа низ дар ҷивори (ҳамсоягии) Каъба сокин шуданд. Ҷурҳумиён ҳурмати Каъба ва ҳарамро поймол карданд. Онгоҳ Худованд оби Замзамро аз ҷӯшиш андохт ва хушк кард. Сипас Кинона ва Хузоъа Ҷурҳумиёнро берун ронданд ва худ бар сарзамини Макка мусаллат (ҳоким) гардиданд.

Имом Бухорӣ (раҳ) достони ҳазрати Иброҳим ва ҳамсараш Ҳоҷар ва фарзандашон Исмоъил (а)-ро дар китоби Саҳеҳ аз забони Абдуллоҳ ибни Аббос (р) чунин нақл мекунад:

Ибни Аббос (р) мегуяд: Аввалин бор, ки занон аз шолкамар истифода карданд ба тақлид аз модари Исмоъил, Ҳоҷар буд. Вай шолкамар истифода кард, то радди пояшро аз байн бибарад ва Сора онро набинад. Сипас, Иброҳим (а) Ҳоҷар ва фарзандаш, Исмоъилро, ки ширхора буд, бурд ва дар наздикии Байтуллоҳ (Хонаи Худо) зери дарахти бузурге, ки болотар аз Замзам дар қисмати болоии масҷид қарор дошт, гузошт. Дар он замон дар Макка ягон касе вуҷуд надошт ва об набуд. Иброҳим (а) онҳоро бо як кисаи (халтаи) хурмо ва як машки об, ҳамонҷо раҳо кард. Сипас, ба онҳо пушт кард ва ба роҳ афтод. Модари Исмоъил, ба дунболи ӯ ба роҳ афтод ва гуфт: Эй Иброҳим! Моро дар ин биёбоне, ки ҳеч кас ва ҳеч чизе вуҷуд надорад, раҳо мекунӣ ва куҷо меравӣ? Ва чандин бор ин ҷумларо такрор кард. Аммо Иброҳим (а) ба ӯ таваҷҷӯҳ намекард. Онгоҳ Ҳоҷар гуфт: Оё Худованд ба ту чунин дастур додааст? Иброҳим (а) гуфт: Бале. Ҳоҷар гуфт: Дар ин сурат Худованд моро зоеъ нахоҳад кард, сипас баргашт. Иброҳим (а) ба роҳаш идома дод, то инки ба гарданаи кӯҳ, ҷое ки дигар онҳо ӯро намедиданд, расид. Онҷо рӯй ба сӯи Каъба кард ва дастҳояшро баланд намуд ва чунин дуо кард: Парвардигоро! Ман зан ва фарзандамро дар сарзамини бидуни кишт ва заръе (зироате) дар канори хонаи ту ки (таҷовуз ба) онро ҳаром сохтаи, сокин кардаам, то намозро барпо доранд. Сипас ту дилҳои гурӯҳе аз мардумро ба сӯи онон мутамоил кун ва онҳоро аз меваҳо рӯзӣ ва ато фармо, бошад ки сипосгузорӣ кунанд.

Ва Ҳоҷар низ Исмоъилро шир медод ва аз он об, менӯшид, то ин ки оби машкаш тамом шуд. Онгоҳ ӯ ва фарзандаш ташна шуданд. Ӯ фарзандашро медид, ки аз шиддати ташнагӣба худ мепечид ва ё поҳояшро ба замин мезанад.

Ҳоҷар, ки наметавонист шоҳиди ин саҳна бошад, ба роҳ афтод ва болои кӯҳи Сафо, ки онро наздиктар ёфт, рафт ва дар онҷо истод ва ба сӯи рудхона нигоҳ кард, ки оё касеро мебинад? Вале касеро надид. Сипас, аз кӯҳи Сафо поин омад, то ба рудхона расид. Онгоҳ гушаи пироҳанашро боло кашид ва монанди касе, ки дучори мушкил шуда бошад, давид, то ин ки аз рудхона гузашт. Сипас, болои кӯҳи Марва рафт ва онҷо истод ва нигоҳ кард, ки оё касеро мебинад? Вале касеро надид. Ва ҳафт бор ин амалро такрор намуд.

Ибни Аббос (р) мегуяд: Набийи Акрам (с) фармуд: "Пас ба ҳамин хотир аст, ки мардум байни Сафо ва Марва саъй мекунанд".

Саранҷом ҳангоме, ки мушарраф ба кӯҳи Марва шуд, садое шунид. Ба худ гуфт: Сокит бош. Онгоҳ хуб гуш фаро дод. Дубора ҳамон садоро шунид. Сипас гуфт: Садоятро ба гушам расониди, агар метавонӣ ба ман кумак кун. Ногаҳон, фариштаеро канори ҷойгоҳи Замзам дид, ки бо пояш ва бо болаш ба замин мезанад, то ин ки об берун омад. Сипас Ҳоҷар, обро ҷамъ кард ва бо дасташ ҷилави (пеши) онро гирифт. Ва аз он об бар медошт ва дар машк мерехт. Ва пас аз ҳар бор бардоштан, об ҳамчунон фаварон мекард (ҷӯш мезад).

Ибни Аббос (р) мегуяд: Набийи Акрам (с) фармуд: "Худованд Модари Исмоъилро раҳмат кунад, агар ӯ Замзамро раҳо мекард" ё ин ки фармуд: "Агар ӯ аз он об барнамедошт, Замзам чашмаи ҷорӣ ва равон мешуд".

Ровӣ (ривояткунанда) мегуяд: Ӯ об нӯшид ва фарзандашро шир дод. Фаришта ба ӯ гуфт: Аз ҳалок шудан натарс. Зеро инҷо хонаи Худост, ки ин писар ва падар онро хоҳанд сохт. Ва Худованд дӯстонашро зоеъ намегардонад. Гуфтанӣ аст, ки ҷои хонаи Каъба, замине муртафеъ (баланд) ва теппамонанде буд, ки сел аз чап ва рости он мегузашт.

Ҳоҷар ин гуна зиндагӣ мекард, то инки иддае (чанде) аз қабилаи Ҷурҳум аз роҳи Кадоъ меомаданд. Дар қисмати поини Макка таваққуф карданд ва паррандаеро, ки ғолибан даври об мегардад дар онҷо диданд. Гуфтанд: Ин парранда атрофи об давр мезанад ва аз замоне, ки мо ин рудхонаро мешиносем обе дар он вуҷуд надоштааст. Сипас, як ё ду нафарро фиристоданд. Ногаҳон, онон об диданд ва баргаштанд ва хабари обро бар эшон оварданд. Онон ба сӯи об рафтанд ва дар канори об модари Исмоъилро диданд. Ба ӯ гуфтанд: Оё ба мо иҷоза медиҳӣ, ки назди ту бимонем? Гуфт: Бале. Вале шумо ҳечгуна ҳақе аз об надоред. Гуфтанд: Бошад.

Ибни Аббос (р) мегуяд: Набийи Акрам (с) фармуд: "Модари Исмоъил, ки унс гирифтан бо мардумро дӯст дошт, пешниҳоди ононро пазируфт. Онҳо ҳам дар онҷо таваққуф карданд ва касонеро барои овардани хонаводаҳояшон фиристоданд. Онон низ омаданд ва дар онҷо сукунат гузиданд, тавре ки чанд хонавода аз қабилаи Ҷурҳум дар онҷо ҷамъ шуданд.

Исмоъил (а) рушд карду навҷавон гардид ва араберо аз онон фаро гирифт. Дар ин ҳангом, мавриди писанди онон воқеъ шуд ва онҳо ӯро инсоне бо арзиш медонистанд. Аз ин ҷиҳат ҳангоме, ки ба синни булуғ расид, яке аз духтаронашонро ба никоҳи ӯ дароварданд. Ва пас аз муддате, модари Исмоъил фавт кард. Саранҷом, баъд аз издивоҷи Исмоъил, Иброҳим (а) омад,то хонаводаашро, ки ба хотири Худо раҳокарда буд, сар бизанад (хабар бигирад). Пас ба хонаи Исмоъил омад, вале ӯ онҷо набуд. Аз ҳамсараш дар бораи ӯ пурсид. Ҳамсараш гуфт: Барои касби ризқи мо берун рафтааст. Сипас, Иброҳим (а) ҷӯёи вазъи маъишатӣ ва зиндагии онон шуд. Гуфт: Вазъи мо хеле бад аст. Дар тангно ва сахтӣ басар мебарем. Ва хулоса ин ки забони шиква (шикоят кардан) кушод. Иброҳим (а) гуфт: Ҳангоме, ки ҳамсарат омад, ба ӯ салом бирасон ва бигӯ, то остонаи дарвозаи хонаашро тағйир диҳад. Ҳангоме, ки Исмоъил омад, бӯи ошное эҳсос кард. Аз ин ҷиҳат пурсид: Оё касе назди шумо омадааст? Гуфт: Бале пирамарде чунин ва чунон, назди мо омад ва суроғи туро гирифт. Ба ӯ гуфтам, ки ту куҷо рафтаи. Ва ҳамчунин аз вазъи зиндагии мо пурсид. Ба ӯ гуфтам, ки дар сахтӣ ва машаққат басар мебарем. Исмоъил гуфт: Оё ба ту супорише кард? Гуфт: Бале, ба ман дастур дод, ки ба ту салом бирасонам ва гуфт: Остонаи дари хонаатро иваз кун. Исмоъил гуфт: Ӯ падари ман аст ва дастур додааст, то аз ту ҷудо шавам. Пас назди хонаводаат бирав. Ингуна ӯро талоқ дод ва бо зани дигаре аз ин қабила издивоҷ кард. Иброҳим (а) барои муддате, ки Худо мехост, назди онон наёмад. Сипас омад ва бори дигар Исмоъилро наёфт. Назди ҳамсараш рафт ва суроғи Исмоъилро гирифт. Гуфт: Ба талаби рӯзӣ берун рафтааст. Пурсид: Ҳоли шумо читавр аст? Ва ҷӯёи вазъи маишатӣ ва зиндагии онон шуд. Гуфт: Мо дар осӯдагӣ ва осоиш басар мебарем ва Худоро ситоиш намуд. Иброҳим (а) пурсид: Ғазои (хӯроки) шумо чист? Гуфт: Гушт. Пурсид: Ошомидании шумо чист? Гуфт: Об. Иброҳим (а) дуо кард ва гуфт: Худоё! Дар гушт ва оби онон баракат иноят фармо".

Расули Худо (с) фармуд: "Он замон, дар Макка ҳубуботе вуҷуд надошт, вагарна барои онҳо низ дуои баракат менамуд. Ба ин ҷиҳат ҳаркас берун аз Макка танҳо ба хурдани гушт ва об иктифо кунад, барояш носозгор хоҳад шуд".

Иброҳим (а) гуфт: Ҳангоме, ки ҳамсарат омад, ба ӯ салом бирасон ва бигӯ: Остонаи дари хонаатро муҳкам нигаҳ дор. Вақте ки Исмоъил омад, пурсид: Оё касеназди шумо омадааст? Гуфт: Бале, пирамарди хушқиёфа назди мо омад, ки дорои чунин сифатҳои хубе буд. Онгоҳ, суроғи туро гирифт. Ба ӯ гуфтам, ки ту куҷо рафтаи. Сипас аз вазъи зиндагии мо пурсид. Ба ӯ гуфтам, ки мо дар осоиш басар мебарем. Исмоъил пурсид: Оё ба ту васияте кард? Гуфт: Бале, ба ту салом расонад ва дастур дод, то остонаи дари хоаантро муҳкам нигаҳ дори. Гуфт: Ӯ падари ман будааст ва манзур аз остонаи дар, туи. Ба ман дастур додааст, то бо ту зиндагӣ кунам. Сипас, Иброҳим (а) барои муддате, ки Худо мехост назди онон наёмад. Баъд аз он, замоне омад, ки Исмоъил, наздики Замзам ва зери дарахти бузург машғули тарошидан ва сохтани тире буд. Ҳангоме, ки падарашро дид, бархост ва ба сӯи ӯ рафт. Ва рафтореро, ки шоистаи падар нисбат ба фарзанд ва фарзанд нисбат ба падар буд, анҷом доданд. Сипас, Иброҳим (а) гуфт: Исмоъил! Худованд маро ба анҷоми коре, амр кардааст. Исмоъил гуфт: Ончиро, ки Парвардигорат ба ту дастур додааст, анҷом деҳ. Гуфт: Оё ту ба кумак мекуни? Гуфт: Кумакат мекунам. Гуфт: Ҳамоно Худованд ба ман дастур додааст, то инҷо хонае бисозам. Ва бо дасташ ба сӯи теппаҳои муртафеъ (баланд)-и атрофаш ишора кард. Ровӣ (ривояткунанда) мегуяд: Инҷо буд, ки пояҳои хонаи Худоро бино ниҳоданд. Исмоъил (а) санг меовард ва Иброҳим (а) банноӣ (бинокорӣ) мекард. Ҳангоме, ки деворҳои он боло меравад, Ислоил ин санг (-е ки ба мақоми Иброҳим (а) маъруф аст)-ро овард ва Иброҳим (а) бар он истод ва банноӣ мекард ва Исмоъил ба ӯ санг медод. Ва ҳарду чунин дуо мекарданд:

"Раббано тақабал минно иннака анта-с-самиъ-у-ъалим", Сураи Бақара, яъне Парвардигоро! Аз мо бипазир, ҳамоно ту шунаво ва донои. Саҳеҳи Бухорӣ: 3364.

Время намаза в Душанбе

19.04.2024

Подробнее
Фаджр04:09
Зухр12:40
Аср17:18
Магриб19:16
Иша20:47
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее