Вопрос № 01420

Шавҳарам маро ба хонаи модарам равон карда, сипас гуфт, ки «ҷавобатро додам, рафта шавҳар кун». Он вақт ҳомила будам, алҳол тифлаки нозанине дорам. Пас аз ин суханони шаварам дигар бо алоқа надорам. Ман бо волидонам дар Русия зиндагӣ дорем. Панҷ моҳ пеш ба ӯ занг зада гуфтам, ки ҷавоби пурраи маро бидеҳ. Маро дашном дод ва суханони бемаънӣ гуфт. Ман дигар бо ...

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Шавҳарам маро ба хонаи модарам равон карда, сипас гуфт, ки «ҷавобатро додам, рафта шавҳар кун». Он вақт ҳомила будам, алҳол тифлаки нозанине дорам. Пас аз ин суханони шаварам дигар бо алоқа надорам. Ман бо волидонам дар Русия зиндагӣ дорем. Панҷ моҳ пеш ба ӯ занг зада гуфтам, ки ҷавоби пурраи маро бидеҳ. Маро дашном дод ва суханони бемаънӣ гуфт. Ман дигар бо ӯ зиндагӣ кардан намехоҳам. Оё никоҳи мо бурида шудааст? Вагарна ман чӣ кор кунам?

Саволдиҳанда: Марворид

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Хоҳари азиз, ҳамон вақте ки шавҳаратон ба шумо “ҷавобатро додам, рафта шавҳар кун”, никоҳи шумо қатъ шудааст ва шумо озод ҳастед, байни шумо дигар никоҳе вуҷуд надорад, метавонед, ки шавҳр кунед.

2017-09-20
4000
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

27.04.2024

Подробнее
Фаджр03:53
Зухр12:40
Аср17:25
Магриб19:24
Иша20:55