Вопрос № 01667

Агар байни зану шавҳар нофаҳмӣ ба миён ояд ва шавҳар аз сабаби илми кофӣ надоштан ҳамсарашро ду бор талоқ диҳад, яъне гўяд, ки “талоқатро додам, ба номи Худо талоқатро додам”, бо вуҷуди...

Вопрос:

Ассалому алайкум. Агар байни зану шавҳар нофаҳмӣ ба миён ояд ва шавҳар аз сабаби илми кофӣ надоштан ҳамсарашро ду бор талоқ диҳад, яъне гўяд, ки “талоқатро додам, ба номи Худо талоқатро додам”, бо вуҷуди ин онҳо зиндагии худро идома диҳанд, оё дар ин сурат никоҳи онҳо аз байн инарафтааст? Оё зану шавҳар метавонанд бе таҷдиди никоҳ зиндагии худро идома диҳанд?

Саволдиҳанда:Иқбол

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, лафзи “талоқатро додам” аз ҷумлаи лафзҳои сареҳи талоқ аст ва дар сурати ду бор талаффуз кардани он зан ду талоқи раҷъӣ мешавад. Ҳукми як ё ду талоқи раҷъӣ ин аст, ки бидуни таҷдиди никоҳ зану шавҳар метавонанд зиндагии худро идома диҳанд. Ба шарте ки қабл аз ин байнашон ягон талоқ воқеъ нашуда бошад. Агар пас аз вуқуъи ду талоқ боз талоқи сеюм воқеъ шавад, идомаи зиндагии якҷоя миёни онҳо комилан қатъ мегардад. Аз он ҷо ки масоили талоқ паҳлуҳои гуногун дорад, беҳтар аст, ки шумо дар сурати имкон ба Раёсати фатво муроҷиат кунед.

2018-03-02
3703
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

25.04.2024

Подробнее
Фаджр03:57
Зухр12:40
Аср17:23
Магриб19:22
Иша20:53