Вопрос № 01945

Агар зан сухани шавҳарро рад кунад, шавҳар ба занаш гўяд, ки “агар ҳамин корро накунӣ, талоқат мекунам”, вале зан он корро анҷом диҳад, никоҳ пок мемонад?...

Вопрос:

Ассалому алайкум домуллои азиз. 1. Агар зан сухани шавҳарро рад кунад, шавҳар ба занаш гўяд, ки “агар ҳамин корро накунӣ, талоқат мекунам”, вале зан он корро анҷом диҳад, никоҳ пок мемонад? 2. ҳамсарам келин интихобнамудаи падарам мебошад ва мо якдигарро дўст медорем. Ман алҳол дар Русия ҳастам, вақте ба ҳамсарам зуд-зуд занг мезанам, падарам монеа мешавад. Боз монеаҳои дигаре ҳам вуҷуд доранд. ҳол он ки мо аз падарам дур зиндагӣ дорем. ҳамроҳи падарам бародарам зиндагӣ дорад. Ў шастсола аст ва аз шароб ҷудо шуда наметавонад. Чӣ бояд кард?

Саволдиҳанда: Султон

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, дар чунин ҳолат талоқ воқеъ намешавад ва дар никоҳ халале пеш намеояд. Барои дарёфти тафсили бештар ба Раёсати фатво муроҷиат кунед. 2. Аз ҳамсаратон дур ҳам бошед, вале аз суҳбати ў дур нашавед, падаратон ҳаққи ин корро надорад. Шумо ҳамеша дар ҳаққи падаратон дуои хайр кунед, иншоаллоҳ ислоҳ мешавад.

2018-12-07
2862
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

26.04.2024

Подробнее
Фаджр03:55
Зухр12:40
Аср17:24
Магриб19:23
Иша20:54