Абдулбасир Саидзода

Муовини аввали Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдулбасир Саидзода

Абдулбасир Саидзода - муовини аввали Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Абдулбасир Саидзода 3-уми ноябри соли 1963 дар деҳаи Қандаки Обигарми ноҳияи Файзобод дар оилаи пешвои тариқати нақшбандия эшони Абдурраҳмонҷон (қуддиса сирруҳу) ба дунё омадааст. Таълими ибтидоии диниро дар назди падари бузургвораш гирифтааст. Баъд аз хатми мактаби миёна бо дастури падараш муддати чаҳор сол дар назди махдуми Бурҳонуддин таълим гирифта, як қатор дарсҳои динӣ аз қабили сарфу наҳв ва фиқҳро аз худ мекунад. Баъдан дар назди домулло Ҳикматуллоҳ таҳсилашро идома дода, муддати ҳафт сол тафсири Қуръони карим, ҳадис, ақоид, усул, маъонӣ, мантиқ, адабиёт ва дигар улуми диниро меомӯзад. Ҳамин тариқ номбурда аз устодони асил таълиму тарбия гирифта, дар соҳаи илму адаб ба пояи камол расида ва ахлоқи ҳамидаро касб кардааст.

А. Саидзода фаъолияти корияшро дар муассисаҳои динӣ аз соли 2000-ум шуруъ намудааст. Номбурда ба даъвати собиқ муфтии ҷумҳурӣ марҳум шайх Амонуллоҳ Неъматзода дар масҷиди ҷомеъи “Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе ба ҳайси имомхатиб кор ва фаъолияти худро оғоз мекунад. Аз соли 2002 ба ҳайси узви Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта мешавад. Аз соли 2006 ба вазифаи сархатиби масҷиди ҷомеъи “Шоҳмансур”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва ҳамзамон аз соли 2010 то ҳол ба ҳайси муовини аввали Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа карда истодааст.

А. Саидзода дар риштаи эҷоду таълиф низ маҳорати хубе дорад. Соли 2010 китоби ӯ бо номи “Фармудаи уламо аз аҳодиси Мустафо ва каломи Худо” ба табъ расид, ки муҳтавои он роҷеъ ба баъзе масоили зарурии шаръӣ баҳс мекунад. Ҳамчунин мақолаҳои зиёде дар мавзӯъҳои гуногун навишта, дар боби ахлоқу одоби шаръӣ мавъизаҳои фаровоне ба сабт расонидааст. Номбурда дар эҷоди шеър низ маҳорат дорад ва ашъоре чанд дар наъти Пайғамбари Худо (с), васфи Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара ва дигар мавзӯъҳои гуногун эҷод кардааст.

А. Саидзода дар муддати фаъолияти корияш ҳамчун намояндаи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ аз қабили Русия, Туркия, Кувайт, Эрон, Арабистони Саъудӣ ва ғайра сафарҳои хидматӣ анҷом дода, дар баромадҳои худ аз дину мазҳаб дифоъ намудааст. Дар сафари корие, ки дар пойтахти Чеченистон шаҳри Грозний баргузор гардида буд, дар мавзӯи “Ислом дини сулҳу ваҳдат аст” баромад намуд, ки аз ҷониби ҳозирин мавриди писанду таҳсин қарор гирифт.

А. Саидзода дар ҳама баромаду мавъизаҳои худ ҷиҳати боз ҳам боло бурдани сатҳи худшиносӣ ва маърифати динии мардум саъйу талош меварзад ва дар ҳама чорабиниҳо ва сафарҳои корӣ фаъолона ширкат намуда, барои хотири рушду шукуфоии кишвари азизамон саҳми босазо дорад.

Мавсуф бо якчанд ифтихорномаҳои давлатӣ сарфароз гардидааст.

Другие

Саидмукаррам  Абдуқодирзода
Саидмукаррам Абдуқодирзода

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳусайн Мўсозода
Ҳусайн Мўсозода

Муовини Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамолиддин Хомӯшов
Ҷамолиддин Хомӯшов

Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳикматуллоҳ Сиҷоатзода
Ҳикматуллоҳ Сиҷоатзода

Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Время намаза в Душанбе

16.04.2024

Подробнее
Фаджр04:14
Зухр12:40
Аср17:14
Магриб19:13
Иша20:44
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее