Главная Мечети Масҷиди ҷомеи марказии ш. Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб

Масҷиди ҷомеи марказии ш. Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб

Карта проезда

ш. Душанбе, кӯч.Шодмонӣ, 58
Телефон :+(992 37) 224-25-11

Масҷиди ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб соли 1890 таъсис ёфтааст. Cолҳои 1920 - 1943 фаъолияташ бо сабаби динситезии режими комунистӣ қатъ гардида буд ва аз соли 1944 дубора фаъолияташ оғоз шуда  то ба имрӯз фаъолият карда истодааст.

Соли 1994 бинои қадимаи масҷид аз байн бардошта шуд. Соли 1995 бинои асосии масҷиди нав дар ҳаҷми ду ошёна бо гунбад  ва биноҳои ду паҳлуи масҷид сохта шуд (солҳои фаъолияти муфтигии Ҳоҷӣ Фатҳуллоҳхон Шарифзода).

Аз соли 1996 оғоз намуда корҳои тармиму таъмири дохил ва деворҳои беруни масҷид оғоз гардид ва соли 2009 ошёнаи аввал, фарш ва деворҳои даруну беруни масҷид ба пуррагӣ анҷом ёфт (дар замони фаъолияти Раиси Маркази исломӣ Ҳоҷӣ Амонуллоҳи Неъматзода).

Солҳои 2010-2014 тармиму таъмири таҳхона ва ошёнаи дуюми масҷид ва таҳоратхонаи он, инчунин болопӯши биноҳои масҷид ва Маркази исломӣ  ба пуррагӣ анҷом гирифт (дар замони фаъолияти Раиси Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода).

Дар шафати масҷиди ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб идораи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Шӯрои уламо ҷойгир аст.

Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб дар як вақт имкони гунҷоиши 10-12 ҳазор намозгузорро дорад.

Другие мечети

Масҷиди ҷомеи ба номи Усмон ибни Аффон (р) ноҳияи И. Сомонӣ
Контактная информация

ш. Душанбе, н. И. Сомонӣ, маҳаллаи Нодира 52,
кӯч Хоҷамбиёи боло, тел: +992 904 56 66 67

Масҷиди ҷомеи ба номи Ҷалолуддини Румии ноҳияи Шоҳмансур
Контактная информация

ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кӯч 
“Бӯстон-3”.Тел:+(992) 919219176

Масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзами ноҳияи Фирдавсӣ
Контактная информация

Суроғаи масҷид: ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ,
кӯч Фирдавсӣ 13/10.Тел :+(992) 918704850

Масҷиди ҷомеи марказии н,Фирдавсии ш. Душанбе ба номи Мавлавӣ Муҳаммадҷон
Контактная информация

ш. Душанбе,н Фирдавсӣ 
кӯч.Панфилов, Тел :+(992)918629819