Мулоқоти Раиси Шўрои уламои Тоҷикистон бо Директори генералии идораи корҳои исломӣ ва фонди хайрияи Дубай
Рўзҳои 4-6 ноябри соли ҷорӢ дар шаҳри Дубай бо ташаббуси Раёсати ҳамкориҳои исломӣ ва фаъолияти хайриявии ин шаҳр ва Маҷмааи байналмилалии фиқҳи исломии Созмони Ҳамкории Исломӣ Конфронси байналмилалии фиқҳи исломӣ баргузор гардида истодааст. Дар кори нишасти мазкур аз ҷониби Тоҷикистон Раиси Шўрои уламои Маркази исломӢ – Саидмукарам Абдуқодирзода ширкат варзид.
Дар доираи чорабинии мазкур мулоқоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукарам Абдуқодирзода бо Раиси Кумитаи тадорукоти Конфронс ва Директори генералии идораи корҳои исломӣ ва фонди хайрияи Дубай Ҳамд ибн ал-Шайх Аҳмад Ҳамд ал-Шайбонӣ доир гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи дин суҳбат намуданд. Зимни мулоқот Раиси Маркази исломӢ аз Ҳамд ибн ал-Шайх Аҳмад Ҳамд ал-Шайбонӣ даъват намуд, ки аз Тоҷикистон дидан намоянд. Мусоҳиб ин даъвати С. Абдуқодирзодаро бо хушӢ пазируфт.
Ҳамчунин, Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳошияи ин чорабинӢ бо Агентии иттилоотии Аморот мусоҳиба анҷом дода, доир ба фаъолияти Маркази исломӣ ва Шўрои уламо дар Тоҷикистон маълумоти мухтасар дод. Аз натиҷаи мусоҳиба бо Раиси Шўрои уламои Тоҷикистон дар Агентии иттилоотии Аморот матлаб нашр гардид.

Другие новости
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Выступления Президента
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
ПодробнееВыступления Председателья Исламского Центра
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Подробнее


