Главная Новости МУРОҶИАТНОМАИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР

МУРОҶИАТНОМАИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР

МУРОҶИАТНОМАИ  ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР
2020-07-28
4934

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон 

 

Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифу сарбаланди кишварро бо фаро расидани Иди Қурбон табрику таҳният мегӯяд.

Бо қарори Шӯрои уламо таҷлили Иди Қурбон рўзи 31 июли соли 2020 муқаррар шудааст. Бинобар сабаби паҳншавии бесобиқаи бемории сироятии короновирус дар ҷаҳон, ҷиҳати эмин нигоҳдоштани аҳолии  кишвар аз сирояти бештари он, тибқи фатвои Раёсати Шӯрои уламо намози Иди Қурбон баргузор намегардад.

Иди Қурбон рўзи хайру саховат ва дастгирии фақирону камбизоатон, бенавоёну ятимон буда, онҳое ки қудрати қурбонӣ карданро доранд, бояд аз ҳоли фақирону мискинон бохабар шаванд.

Ҳикмати қурбонӣ дар он аст, ки мардуми камбизоат аз он баҳра баранд ва дар рўзи ид ҳамроҳи дигарон шодиву сурур дошта бошанд. Дар ин маврид Пайғамбари Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: «Фақиронро аз суол намудан дар ин рўз бениёз гардонед!».

Дар Иди Қурбон то се рўз қурбонӣ кардан ҷоиз аст. Бо дарназардошти баргузор нашудани намози ид, тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ қурбонӣ баъд аз тақрибан як соат аз тулуи офтоб анҷом дода мешавад. 

Гўшти қурбонӣ се тақсим карда шуда, қисме барои соҳиби қурбонӣ, қисме барои хешу табор ва ёру дўстон ва қисми дигар ба одамони камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд дода мешавад.

Бо назардошти вазъияти кунунӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар рўзи ид мардум аз қабули меҳмонон худдорӣ намуда, таъоми омоданамудаашонро ба хонаҳои кўдакон, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон бурда диҳанд, зеро ки аҷру подоши зиёд дорад.

Одатан, дар рӯзҳои ид одамон ба хонаҳои якдигар рафта, дар ҳаққи гузаштагон дуо мекарданд. Ҳамчунин кӯдакон низ ба идгардак баромада, мардумро табрик мекарданд. Хотиррасон менамоем, ки айни ҳол дар давлатҳои ҳамсоя мавҷи дуввуми бемории сирояти COVID-19 хуруҷ карда, ҳолати дубораи карантинӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар ҳолати ташкил намудани идгардаки калонсолон ва хурдсолон эҳтимолияти паҳншавии дубораи вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Беҳтар аст, ки ҳар нафаре аз хонаи худ дар ҳаққи гузаштагон дуо кунанд, зеро  дуо аз ҳар ҷо қабул мешавад.   

Дар мавриди ҳифзи сиҳатии омма, Пайғамбар (с) фармудаанд: “Шахси мариз назди шахси тандуруст оварда нашавад.” Олимон зимни ҳадиси мазкур фармудаанд:  «Шахсони солим набояд бо касоне, ки ба бемориҳои сирояткунанда гирифторанд, нишасту бархост кунанд, то ин ки беморӣ ба онҳо нагузарад».

Мувофиқи таълимоти шариат риояи муқаррароти фатвои Шўрои уламо барои мусулмонони ҳамон кишвар воҷиб аст. Аз ин рў, қотеона тақозо карда мешавад, ки мардум хатари сироятёбиро ҷиддӣ дарк карда, аз идгардаки калонсолону кўдакон қатъиян худдорӣ намоянд.

Дар баробари ин, хотирнишон мекунем, ки вақтҳои охир ҳангоми адо намудани намози ҷаноза талаботи Дастурамали «Тартиби дафни бандаи муъмин», ки аз ҷониби Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидааст, сарфи назар карда мешавад. Намозҳои ҷаноза мисли пештара бо шумораи зиёди одамон, бе риояи қоидаҳои беҳдошт, бидуни пўшидани ниқоби муҳофизатӣ ва масофгирии ҷисмонӣ анҷом дода мешаванд. Ин ҳолат хатари воқеии сироят ба бемории COVID-19-ро дучанду даҳчанд менамояд.

Бо иштирок дар чунин ибодатҳо ҳар кас худ, хешу табор ва аторофиёнро зери хатари ҷиддии сироятёбӣ қарор медиҳад, ки чунин рафтор аз лиҳози дини мубини Ислом, хусусан мазҳаби ҳанафӣ қатъиян маҳкум мегардад. Аз чунин амали хатарзо ягон гуна савоб ҳосил намешавад, балки ингуна ашхос муртакиби гуноҳ мегарданд.

Бинобар ин, Шўрои уламо ҷиҳати эмин нигоҳ доштани мардум аз сирояти бемории COVID-19 қотеона тақозо менамояд, ки намозҳои ҷаноза бо иштироки шумораи ками хешу таборони наздики маййит, бо рияои қатъии Дастурамали «Тартиби дафни бандаи муъмин» анҷом дода шавад.

Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи беҳдоштӣ  анҷом дода, дар масофаи 2 метр аз тобут дуртар меистад. Имом ва намозхонон бояд масофаро риоя намуда, ҳатман ниқоб пўшанд. 

Намозҳои ҷаноза танҳо аз ҷониби мутасаддиён – имомхатибон, имомони масҷидҳои панҷвақта ва шахсоне, ки ба ин кор муваззаф шудаанд, хонда мешаванд.

Бо таманниёти солимии ҷомеа мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Иди Қурбон аз самими қалб муборакбод намоем. Ба кулли ҳамватанон ибодати мақбул, бахту иқболи баланд, хушбахтиву некрўзӣ, барору комёбиҳо дар кору зиндагӣ, дили шоду хонаи обод, ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ, фазои софу беғубор ва неъмати бузурги тинҷиву осоиштагӣ таманно менамоем.

 

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломӣ

Время намаза в Душанбе

20.04.2024

Подробнее
Фаджр04:07
Зухр12:40
Аср17:19
Магриб19:17
Иша20:48
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее