Главная Новости МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
2020-07-30
4515

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салом бар Паёмбари акрам (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Ассалому алайкум ҳамватанони азиз, бародарони  гиромӣ!

Дар оғоз ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон самимона табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Худованд бароятон саодату комёбиро орзу дорем.

Ҳамватанони гиромӣ! Боиси сарфарозӣ ва хушнудист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Иди саиди Қурбонро дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ҷашн мегиранд. Агар ба ҳикмат ва маонии тамоми ибодатҳои дини мубини Ислом амиқан назар андозем, дар ниҳоди онҳо маънои ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ, дўстию муҳаббат ва муттаҳидии мусулмононро хоҳем дарёфт.

Яке аз нуктаҳои муҳимми Иди саиди Қурбон барои мусулмонон қурбонӣ намудани чорпое дар роҳи ризои Худованди Мутаъол аст. Чунонки замоне Худованд ҳазрати Иброҳим (а)-ро имтиҳон намуд ва он ҳазрат дар ин имтиҳон комёб гардид. Ба ин хотир, ин рўзгори Иброҳим (а) дарси ибрат барои тамоми пайравони дини мубини Ислом мебошад, ки имону ихлос ба Худо, садоқату ростӣ, меҳру муҳаббат ба Ватану мардуми мусулмон дошта бошанд. Иброҳими Халил (а) ҳама фарзандони Одамро новобаста аз он ки аз кадом қавму миллатанд, дарси садоқату амонатдорӣ ва ихлосу фидокорӣ додааст ва ба ин васила худ ба авҷи қабули даргоҳи илоҳӣ ноил шудааст.

Ҳамватанони гиромӣ! Агар ҳикмати хурсандию шодӣ дар иди моҳи шарифи Рамазон ба хотири анҷоми тоату ибодат ва ба умеди пок шудан аз гуноҳ бошад, пас ҳикмати хурсандию шодӣ дар иди Қурбон ба хотири комёб шудани Иброҳим (а) аз имтиҳони Худованд ва ба умеду таманнои комёб шудани мо аз имтиҳони Худованд дар тўли ҳаёт аст.

Ҳамдиёрони арҷманд! Иди Қурбон дорои фазилатҳои зиёдест. Шод кардани дили ятимону мискинон ба воситаи хайру эҳсон, аёдати беморону зиёрати волидон дар рӯзҳои Иди Қурбон аз ҷумлаи ин фазилатҳо ва сабаби ризомандии Худованди меҳрубон аст. Чунонки бузурге аз ниёгони мо мефармояд:

Ҳарки хандонад ятими хастаро,

Дар кушояд ҷаннати дарбастаро.

Ҳамватанони азиз! Бори дигар Шуморо ба муносибати фаорасии Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта, ба хонадони Шумо хайру баракат, амну офият, сиҳатмандиву  сарбаландӣ, хушиҳои зиндагӣ ва офияту тандурустиро аз даргоҳи Худои якто орзу дорем. Аз Худованди меҳрубон умеди онро дорем, ки дар кишвари мо сулҳу оромӣ ва тинҷию амонӣ доимо пойдор бошад, муҳаббату дӯстӣ ва ухуввату ҳамбастагӣ байни мардум боз ҳам устувор гардад.

  Иди саиди Қурбон барои ҳамагон муборак бошад!

 

Шўрои уламои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее