الصفحة الرئيسية المقالات Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон
2019-08-01
1970

Ба номи он ки ҳастӣ ном аз ӯ ёфт,

Фалак гардиш, замин ором аз ӯ ёфт…

Алҳамду лиллоҳ ва-с-салоту ва-с-салому ало Расулиллоҳ. Аммо баъд: Имрӯз соати он фаро расидааст, то аз чунин ҳақиқате ёдовар шавем, ки ояндаи ҳар як миллат ба навҷавонони он вобастагӣ дорад. Барои аз одобу ахлоқи некӯ пайравӣ кардан бояд роҳнамое дошт. Алҳамду лиллоҳ ҷавонон беҳтарин раҳнаморо доро ҳастанд, ки дар тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ - хоҳ дар эҳтироми падару модар бошад, хоҳ дар эҳтироми устоду муаллим, хоҳ дар эҳтироми завҷу завҷа, хоҳ дар эҳтиром ва ҳаққи ҳамсоя ва ҳоказо аз ӯ пайравӣ кунанд. Ин раҳнамо каломи Парвардигор аст, ки дар саҳифаҳо навишта шуда, дар дилҳо ҳифз гардидааст, дар забонҳо хонда шуда, ба Пайғамбари Худо (с) нозил шудааст.

          Қуръони Маҷид китоби аъло ва волои осмонист. Он ба мисли дастархон пеши аҳли башар густурда шудааст, ки ҳар кас ихтиёр дорад, аз он баҳравар гардад. Китобест дар маҷмуъ ба ҳама ниёзҳои мардум ҷавобгӯ.

 Расули Худо (с) мефармоянд: «Қуръонро тиловат кунед, зеро Қуръон дар рӯзи киёмат хонандаашро шафоат мекунад». (Ривояти Имом Муслим). Боз Расули Худо (с) мефармоянд: «Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро ёд бигирад ва ба дигарон ёд бидиҳад». (Ривояти Имом Бухорӣ). Қуръони карим каломи Худо аст, ки онро бар Пайғамбараш Муҳаммади Мустафо (с)  нозил намудааст. Қуръон китобе аст рост ва дуруст, ки ҳама матолибаш барҳақ ва саҳеҳ асг. Ҳофизон ва қориёни Қуръон дӯстони Худоянд. Худо онҳоро вориди биҳишт мекунад ва ҷузъи муқаррабонаш мегардонад ва эшон аз растагоронанд.  Худованди мутаъол мефармояд: «Агар ин Қуръонро бар кӯҳ нозил мекардем, онро аз тарси Худо тика-тика ва ларзон медидӣ». (Сураи «Ҳашр», ояти  21). Агар Қуръон бар кӯҳ нозил мешуд аз азамат ва ҷалоли каломи Худо ларзон ва тика-тика мешуд. Пас бар мусулмон лозим аст, ки Қуръонро бо фурӯтанӣ ва хушӯъ тиловат намояд ва аз тарси Худо гиря кунад, зеро ҳаргиз кӯҳ аз қалби инсон нармтар нест.

Расули Худо (с) моро ба хондани Қуръон супориш мекунанд ва подошҳоеро, ки барои хонандаи Қуръон дар назар гирифта шудааст, ба мо муаррифӣ менамоянд, ки иборатанд аз:

1. Пайғамбари акрам (с) мефармоянд: «Ҳар кас як ҳарф аз Қуръонро бихонад, як некӣ ба ӯ дода мешавад. ҳар некӣ  баробар ба даҳ некӣ аст. Намегӯям «Алиф. лом.мим» як ҳарф аст, балки «алиф» як ҳарф, «лом» як ҳарф ва «мим» як ҳарф аст».

 Расули акрам (с) ба мо меомӯзанд, ки дар муқобили ҳар ҳарфе аз Қуръон як некӣ дар назар гирифта шудааст ва ҳар некӣ дар назди Худованд даҳ баробар подош дорад. Пас вақте калимаи «Алиф. лом.мим»- ро бихонем, сӣ (3x10=30) ҳасана ба мо дода мешавад, вақте як калимаи сеҳарфӣ сӣ ҳасана дорад, агар ҳамаи оятҳои Қуръон ё микдори зиёде аз оёташро тиловат кунем, подошҳои фаровонеро, иншоаллоҳ, ба даст хоҳем овард.

2. Расули акрам (с) мефармоянд: «Қуръон бихонед, зеро Қуръон дар рӯзи қиёмат хонандаашро шафоат мекунад. Қуръон дар рӯзи қиёмат ба сурати мавҷуде зебо ва хушчеҳра ҳозир мешавад ва ҳофизону қориёни Қуръон ӯро мешиносанд. Дар пешгоҳи Худованд барои ҳофизон ва қориён шафоат мекунад, Худованд ононро мебахшад ва вориди ҷаҳаннам намешаванд.

   3. Дар ҳадиси дигар Расули Худо (с) мефармоянд: «Ҳар кас Қуръонро бихонад ва ба он тасаллут дошта бошад, дар биҳишт ҳамнишини фариштагон хоҳад буд ва касе, ки Қуръонро бо душворӣ бихонад, ду музд дорад. Дар ин ҳадис Пайғамбар (с) подоши қории Қуръонро барои мо баён мекунад. Агар хонандаи Қуръон маҳорат дошта бошад, яъне: ба истилоҳи мо қорӣ ва ҳофизи Қуръон бошад, ки аҳкоми таҷвидиро риоят кунад, дар рӯзи қиёмат ҳамнишини фариштагон хоҳад буд, аммо агар хуб хонда натавонд ва хондани Қуръон барояш душвор бошад, Худованд ба ӯ ду подош иноят мекунад. Пас дар ин муомила бо Худо ҳар ду даста фоида мекунанд ва аз инояту раҳмати бепоёни Парвардигор баҳраманд мегарданд.

Мо Қуръони муқаддасро қироат намуда, кӯшиш мекунем, ки онро дарк кунем ва дар рафтору кирдор ва гуфтори худ онро татбиқ намоем, то ки ба ин васила ба ҷойгоҳи волои инсонӣ ва ахлоқи неку ва ҳамида ноил шавем. Худованд дар қуръони муқаддас мефармояд:

«Эй мардум, аз Парвардигоратон барои шумо панде ва барои он чи дар синаҳо аст, шифое ва барои мӯъминон роҳ намудане ва бахшоише омадааст!». (Сураи «Юнус», ояти 57).

Қуръони муқаддас на аз ҷиҳати вақт ва на аз ҷиҳати муҳит ҳудуд надорад ва инсониятро ба некӣ ва фақат ба некӣ даъват менамояд. Зеро боварӣ ва корнамоӣ ба ҳақиқат ва парҳезгорӣ меорад, эҳсосот ва тафаккури дурустро меомӯзад. ҳамешагии ахлоқу зиндагии оилавиро раҳнамоӣ менамояд. Ростқавлиро дар фаъолияти идоравӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ меомӯзад. Ва ин ягона роҳе мебошад, ки ба сӯи хушбахтӣ ва рушду камол, муҳаббат ва якдигарфаҳмӣ мебарад.

Қуръони карим сухани возеҳ ва равшан аст, ҷудокунанда миёни ҳақ ва ботил аст ва он сухани беҳуда ва ҳазл нест. Касе ба он чанг занад, ҳидоят ёфтааст ва ҳар он ки ҳидоятро дар ғайри он меҷӯяд, гумроҳ мешавад, ҳар касе, ки онро дастуруламали зиндагии худ қарор медиҳад, Худованд қадри чунин шахсро баланд карда ӯро ёрӣ мекунад ва саодати дорайнро насибаш месозад.

Сармутахассиси Раёсати фатвои

Маркази исломӣ Хомӯшов Ҷамолиддин

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.11.2024

أكثر
الفجر05:42
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر