الصفحة الرئيسية المقالات ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ НА САРҲАДРО ЭЪТИРОФ МЕКУНАДУ НА ДАВЛАТРО

ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ НА САРҲАДРО ЭЪТИРОФ МЕКУНАДУ НА ДАВЛАТРО

ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ НА САРҲАДРО ЭЪТИРОФ МЕКУНАДУ НА ДАВЛАТРО
2019-10-07
2399

Бо рӯйдодҳои 11-уми сентябри соли 2001 вазъи сиёсии ҷаҳон ба куллӣ тағйир ёфт ва масъалаи мубориза бо терроризм дар сатҳи мукаммалтару ҳамаро фарогиранда ба вуҷуд омад. Баъди ин амалиёти террористӣ дар Аврупо дар бораи терроризми исломӣ сухани зиёд мегӯянд, вале ислом ба монанди дигар динҳои ҷаҳонӣ нисбат ба хушунату зӯроварӣ муносибати манфӣ дорад, ислом наметавонад сарчашмаи терроризм бошад.

     Солҳои охир дар кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ) амалҳои мушаххасе баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм сурат мегирад. Ҳуҷҷатҳои сиёсиву ҳуқуқие қабул мегарданд, ки ба сифати санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ шинохта мешаванд. Ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ байни давлатҳои аъзои он вусъат меёбад.  Ҳатто маркази ягонаи муборизаи зидди терроризм ва экстремизм, ки соли 2000 таъсис дода шудааст, дар асоси аҳдномаи байни кишварҳои ИДМ аз моҳи июни соли 1993 оиди муборизаи муштараки зидди терроризм, фаъолият дорад.

Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ барномаи мубориза бар зидди терроризм ва шаклҳои дигари зуҳури экстремизмро пазируфта, дар Ереван қарор дода буданд, ки неруҳои муштараки зудамалро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ташкил менамоянд. Ташкилоти Ҳамкории Шанхай (ШОС) бошад, Конвенсияи муборизаи зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизмро қабул намудааст.

Ҳоло давлатҳои ҷаҳон дар роҳи мубориза бо терроризм  қонуну санадҳои  муштарак ва инфродиро таҳия месозанд. Тоҷикистон низ  аз доираи он мамлакатҳои  гирифтори терроризм ва экстремизм берун нест. Роҳбарияти олии Тоҷикистон дар асоси санадҳои дохиливу байналхалқӣ муборизаи худро бо терроризм ба роҳ мемонад. Асосҳои ҳуқуқии муборизаи зидди терроризм дар заминаи низоми ҳуқуқӣ – Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» сурат мегирад. Дар қонун субъектҳои бевосита ва бавоситаи мубориза бар зидди терроризм дар Тоҷикистон нишон дода шудааст.

Халқи тоҷик дар таърихи чандинҳазорсолаи худ бо меҳнату заҳамоти пайваста зиндагӣ пеша карда, ҳеҷ гоҳ ба хони касе дасти тамаъ ва ё чашми ҳасадро раво надидааст. Тоҷикон ба раванди босуръат ва тағйирёбандаи таърих ҳамрадиф гардида, ҳеҷ гоҳ фарҳанг ва маънавиёти аҷдодии хешро пеши по назадаанд.

Аммо дар ҳама давру замон дар баробари чеҳраҳои маъруфи илмию фарҳангӣ ва сиёсиву давлатии миллати тоҷик фарзандони пасттиннат, сиёҳдилу нотавонбин ва бадхоҳу бадрафторе низ вуҷуд доштанд, ки фирефтаи мақсадҳои нопоки бегонагон гардида, аз халқу миллати хеш фаромӯш карданд. Чунин нафарони ватанфурӯш дар ҳама давру замон вуҷуд доштанд ва имрӯз ҳам кам нестанд. Барои чунин нафарони худношинос ва носипос мафҳумҳои Ватан, миллат, марз, таърих, фарҳанг ва сулҳу суботи азалӣ маъниву мазмуне надоранд. Онҳо фирефтаи фиребу найранги кишварҳои манфиатхоҳ ва гурӯҳҳои тундрави сиёсӣ гардида, ҳадафи асосии худро танҳо одамфиребӣ, хиёнат ба давлату меҳан ва марзу буми аҷдодӣ қарор додаанд.

Чунин ашхоси худношиноси шомили гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ба хоҷагони хориҷии худ содиқона хизмат мекунанд. Ба ин гуна нафарон собиқ кормандон ва аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъ эълоншудаи ТЭТ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои носипосе, ки ба қадри нону намаки ин ватани азиз нарасидаанд, шомил буда метавонанд.  Аз рӯйи навиштаҳо ва иттилооти дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашрнамудаи онҳо маълум мегардад, ки аксари онҳо аз илми сиёсатшиносӣ ва дарки вазъи сиёсии ҷаҳони муосир умуман хабар надоранд. Чунки, агар онҳо вазъи сиёсии ҷаҳон ва мавқеъгирии абарқудратҳоро дарк карда метавонистанд, ҳеҷ гоҳ ба чунин амалҳои ношоям даст намезаданд. Онҳо худро ҷонибдор ва пуштибони исломи ҳақиқӣ меҳисобанд, вале аз суханрониҳо ва навиштаҳои аксари онҳо ба осонӣ пай бурдан мумкин аст, ки онҳо аз мазмуну муҳтаво ва фалсафаи ислом умуман хабаре надоранд.

Бадбахтии дигар дар он аст, ки онҳо ҳатто аз мақсаду мароми пасипардагии кишварҳои абарқудрате, ки худро дар ҷайби онҳо ҷо кардаанд, бехабаранд. Ин гурӯҳҳои ифротгаро кайҳо боз ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ пайваст гардида, ақидаҳои онҳоро пуштибонӣ карда, аз бозичаи дасти дигарон гардиданашон бехабаранд.

Ҷониби Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои аввали доман паҳн кардани зуҳуроти терроризм ва экстремизм, ки он вабои аср мебошад, бо қатъияти том мубориза мебаранд. Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон аз миёни роҳбарони кишварҳои сайёра ягона сиёсатмадорест, ки аввалин шуда, дар сатҳи байналмилалӣ муборизаи ошкорро бар зидди ин падидани номатлуби аср оғоз намудааст. Ӯ дар баромадҳои хеш чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар бо исрор таъкид мекунанд, ки терроризм ватан, миллат ва мазҳаб надорад. Дар ин самт қайд кардан ҷоиз аст, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад, ки терроризм ба ягон миллат, давлат ва мазҳаб алоқа надорад. Дар суханронҳои хеш Пешвои миллат пайваста ба муборизаи қатъӣ бар зидди терроризм ва ифротгароии динӣ мавқеи устуворро касб намуда, барои дар муддати кутоҳ пурра решакан кардани ин падидаи номатлуби аср пешниҳодоту таклифҳои судмандро ироа менамоянд. Сарвари Тоҷикистон аз ҷумла таъкид менамоянд, ки таърих ва таҷрибаи талхи бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон, гувоҳи он аст, ки дар мубориза бо қувваҳои бадхоҳи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак метавон пирӯз гардид. Вале боиси таассуф аст, ки то ба ҳол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъгирии ягона нисбат ба терроризм ва экстремизм ба назар намерасад. Сарвади давлатамон дар ин робита қайд намудаанд: “Дар ин робита, ман борҳо таъкид намудаам ва ҳоло бори дигар иброз менамоям, ки террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад. Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шаванд».

Дар сатҳи баланд ва фазои боварибахшу ҳамдигарфаҳмии дар моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар Конфронси дар сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» доиргардида, ки ҳадафи меҳварии он муборизаи байналмилалӣ алайҳи терроризму экстремизм буд, террористон ва ифротгароёни хориҷии Тоҷикистонро бе тараф гузошта натавонист. Онҳо бо унвонҳо ва истифода аз номҳои мустаор Тоҷикистонро дар саҳифаҳои интернетӣ зери танқид қарор дода, андешаҳо ва фикрҳои пур аз кинаву адовати хешро иброз намуданд. Аслан нороҳатии онҳо аз муборизаи қавӣ ва истодагарӣ карда тавонистани роҳбарияти олии Тоҷикистон бар муқобили терроризм ва ифротгароии динӣ буд. Чун рӯз рӯшан аст, ки агар онҳо ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ наздикӣ ва алоқаи қавӣ намедоштанд, ҳеҷ гоҳ ба муқобили чунин чорабинии сиёсию байналмилалӣ ба мавзӯи терроризм алоқамандбуда барнамехостанд.

Сабаби асосии танқидҳо ва айбдоркуниҳои беасоси ин гурӯҳҳои бадхоҳ ва манфиатхоҳ дар он аст, ки роҳбарияти олии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои 90-уми асри сипаришуда, бар зидди гурӯҳҳои тундрав дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷанг эълон карда, ҳадафу мақсад ва амалу рафтори онҳоро ғайриинсонӣ ва душмани дину инсоният дониста буд. Дар баробари ин доир ба аз байн бурдани чунин гурӯҳҳои ифротгаро дар Афғонистон бо роҳбарияти олии кишвар нишасту гуфтугӯҳои махсус доир намуда буд.

Дар маҷмӯъ қайд кардан ба маврид аст, ки тамоми андешаҳои ғаразноки нотавонбинони миллати тоҷик, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ нашр мешаванд, дар зери барномаи махсуси абарқудратҳо тарҳрезӣ шуда, дар амал тадбиқ шуда истодаанд. Дар зери ин ҳадафҳои нопок ҳамон ҷанги иттиллотӣ, ҳамон бархурди тамаддунҳо, ҳамон раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва ҳамон марҳилаи дуюми ҷанги сард қарор дорад. Нотавонбинони миллати тоҷик агар аз раванди босуръати ҷангу нофаҳмиҳои сайёра, бо ҳам омадани тамаддунҳо ва марҳилаи дуюми ҷанги сард огоҳӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳ теша ба решаи хеш намезаданд ва ҳеҷ гоҳ шармсори миллати хеш намегардиданд. Онҳо  солҳост, ки аз дасти хоҷагони хориҷии худ манфиат ба даст оварда, ком ширин кардаанд. Агар ҳадафу мақсади нопоки хоҷагони хориҷии худро дарк намоянд ҳам, ҳеҷ гоҳ аз онҳо дил канданӣ нестанд чунки, аллакай ба хоинӣ ва дилсиёҳию бадгумонӣ одат кардаанд.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудаанд ва ин ду мафҳум ба ҳам пайвасти ногусастанӣ доранд. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Дар солҳои баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ибтидои солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири омилҳои беруна мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳу созмонҳое ташкил дода шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода мекарданд ва ниҳоят ин кор ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм, фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».

Мо ҳамеша ҷонибдори пешниҳодҳо ва дастурҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошему терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

Рушду нумӯи ҷомеаи навин аз афкори солиму устувори ҷавонон вобастагӣ дорад. Андешаи солим ва дар мизони ақл баркашидашудаи ҷавонон барои миллати тоҷик муҳим ва муфид аст. Ба андешаи мо, яке аз роҳҳои асосии тарбияи ҷавонон ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва бегонапарастӣ дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намудану ба кору амалҳои нек ҷалб кардани онҳо аст. Аксари ҷавонони тоҷик пайваста барои рушду нумӯ бахшидани соҳаҳои гуногун саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, донишҷӯёни макотиби олӣ дар озмунҳо фаъолона ширкат варзида, ба ҷойҳои намоён сазовор мегарданд. Варзишгарони мо берун аз кишварамон дар сабқатҳо ширкат варзида, парчами кишварро боло мебардоранд. Тавассути ҷавонони бомаърифати тоҷик, ки дар дигар мамолики дунё таҳсил менамоянд, Тоҷикистонро ба хубӣ мешиносанд ва дар симои ин тоифа ҷавонон ба мардуми кишвар эҳтиром мегузоранд. Нуктаи аз ҳама муҳим барои инсон ин дӯст доштани Ватан мебошад.

Воқеан таъсиси созмони гуногуни байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои байни давлатҳо аз қабили Созмони Ҳамкории Шанхай ва ғайраҳо ва фаъолияти самарабахши онҳо собит менамояд, ки давлатҳо робитаи дӯстӣ баста, муносибату ҳамкориро дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ тавсеа медиҳанд. Ҳамагуна мушкилоти ҷойдошта ҳалли худро меёбаду манфиат ва мавқеи ягон ҷониб сарфи назар намешавад, халқу миллатҳои гуногун танҳо дар фазои дӯстиву эътимод зиндагӣ менамоянду барои рафъи мушкилоти якдигар дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Салимзода А. Ф.,

ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон,  профессор

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.11.2024

أكثر
الفجر05:42
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر