الصفحة الرئيسية المقالات ВАТАНДОРӢ ВА ҲИМОЯИ ВАТАН АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

ВАТАНДОРӢ ВА ҲИМОЯИ ВАТАН АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

ВАТАНДОРӢ ВА ҲИМОЯИ ВАТАН АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ
2025-10-15
21

Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон

Тоҷикистон – Ватани азизу маҳбуби мост. Ватанро азиз доштан, ба муқаддасоташ арҷ гузоштан ва дар навбати худ ободу шукуфо гардонидани он фарзи имонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ватандӯст ва худогоҳу хештаншинос мебошад.

Дар таълимоти дини мубини Ислом Ватан модари дуюм арзёбӣ мегардад. Дӯст доштан ва ободу шукуфо гардонидани Ватан яке аз фармудаҳои дини мубини Ислом мебошад ва қавли машҳури «Муҳаббат ба Ватан аз имон аст» далели ин гуфтаҳост.

Сулњу салоњ, амну суботи Ватан барои инсон неъмати бузургест, ки бидуни он њаёти хешро бо саодатмандї наметавон гузаронид. Аз њамин хотир аст, ки Худованд ба сабаби амн ќарор гирифтани Макка миннат карда, чунин фармуд:

«Оё надидаанд, ки Мо Ҳарами боамн пайдо кардем ва [ҳол он ки] мардуми гирдогирдашон рабуда мешаванд? Оё [чизи] беаслро бовар медоранд ва ба неъмати Худо носипосї мекунанд?» (Сураи Анкабут, ояти 67).

Касе дар кишвар ноили амн гардад ва дар бадан ноили тандурустї, чунин кас тамоми дунёро ноил гардидааст. Зеро неъмати амн аз дунё ва тамоми дороии он бењтар аст.

Паёмбар (с) фармудаанд: “Касе аз шумо сањар бархезад, дар худ амнро њис кунад ва дар бадан тансињатиро, дар назди ў ќути њамонрўзааш бошад, чунон аст, ки барояш дунё љамъ оварда шудааст” (Ривояти Тирмизї ва Ибни Моља).

Худоро шукр, мо имрӯз Ватани орому осуда дорем ва бояд сулҳу суботи онро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳтиёт кунем. Бо дарназардошти аҳаммияти ҷиддӣ доштани масъалаи дӯст доштани Ватан аз дидгоҳи дини мубини Ислом, ҳамчун мусулмони комил мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин - соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем ва барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем.

Айни ҳол дунё дар шароите қарор дорад, ки аҳли башар бояд бештар ба қадри сулҳу субот ва осоиштагӣ бирасанд. Ҳоли кишварҳои ҷангзада барои ҳамаамон маълум аст. Вақте оташи ҷанг шуълавар бошад, инсон ба ягон нияту мақсади худ муваффақ намешавад. Ин сулҳу субот дар кишвари азизи мо бо заҳматҳову қурбониҳои зиёд ба даст омадааст. Гузашта аз ин, дар фарҳанги ҳазоронсолаи миллати мо ҳамеша ҷангу хунрезӣ, ифроту зиёдаравӣ мазаммат шуда, баръакс, иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу дӯстию мадоро тарғиб мешавад. Ҳаким Фирдавсӣ гӯё барои имрӯз мефармояд:

Маёзор мӯре, ки донакаш аст,

Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст.

Ҷаҳон хостӣ, ёфтӣ, хун марез,

Макун бо Ҷаҳондори Яздон ситез.

Вақте сухан дар мавриди дӯст доштани Ватан меравад, бешак муҳимтарин рукни давлатдории мо – истиқлол пеши назар меояд. Зеро маҳз соҳибистиқлолии давлат кафили бақои миллат, кафили зиндагии осоишта, кафили дастовардҳои азими мост. Дар даврони соҳибистиқлолї мо ба дастовардҳои беназир ноил шудем. Бо инояти правардигор ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Ватанамонро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, ба кишвари тарққикунанда табдил додем. Шаҳрҳои обод сохтем, роҳу пул бунёд намудем... Хуллас, барои ҳаёти босаодат ва арзанда тамоми шароитҳоро муҳайё сохтем.     

Бинобар ин, мо бояд ба қадри неъмати осиштаву сулҳу салоҳ расем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, зеро худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма мегирад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар давлати миллӣ заиф бошад, миллат пароканда мегардад. Аз ин рӯ, мо бояд барои мустаҳкам намудани мактаби худшиносии миллӣ, ки асосҳои он ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошанд, тамоми кӯшиши худро ба харҷ диҳем.

Ҳақиқатан, паст будани сатҳи худшиносии миллӣ дар мафкураи ҷавонон андешаҳои бегонапарастӣ ва хурофотпарастиро эҷод намуда, арзиши мафҳумҳои «миллат», «давлат» ва «ватан»-ро заиф мегардонад. Дар натиҷа ҷавонон ба таблиғоти доираҳои ғаразнок дода шуда, ба ифротгароӣ майл пайдо мекунанд. Маҳз паст будани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ боиси ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо гашт. Иддаи одамон фирефта шуда, аз ҷониби ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ бар зидди давлат ва миллати худ барангехта шуданд. Ин воқеаҳои хунин барои миллати мо фаромӯшнашавандаанд. Мо ҳаргиз онро аз хотир намебарорем, балки аз он дарси ибрат мегирем.

Натиҷаи паст будани ҳисси ватандӯстӣ ва фирефта шудан ба бозиҳои пасипардагии бегонагон буд, ки дар гузаштаи начандон дур шаҳрвандони баъзе аз кишварҳо таҳти таъсири ифротгароён муқобили давлату миллати худ қиём намуда, кӯшиши табаддулоти давлатӣ карданд, ватани худро хароб намуда, биноҳои ободро оташ заданд. Дар он замон барои онҳо давлату миллат ҳеҷ арзише надошт.

Вақте дар мавриди дилхоҳ буҳроне суҳбат мекунем, бояд дар бораи сабабҳои ба миён омадани он истода гузарем. Сабаби асосии ҷангу ҷидол ва бесуботӣ дар аксари кишварҳои мусулмоннишин хурофотпарастиву ҷаҳолат мебошад, ки пайваста аз ҷониби гурӯҳҳои ифротиву террористӣ тарғибу амалӣ мешавад. Чунин гурӯҳҳо ба илму фарҳанг аслан рағбат надошта, баръакс душмани ашадии илму фарҳанг мебошанд. Зеро вақте дар ҷомеа илму фарҳанг арзиши худро гум кунад, ҷои онро хурофоту ифротгароӣ мегирад. Хурофоту ифроте, ки ба нобудии давлату миллат оварда мерасонад. Аз хурофот то экстремизм ва терроризм фосила як қадам аст.

Ин ҳама бояд барои мо низ дарси ибрат бошад. Зеро инсони мусулмон ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақ надорад, ки дидаву дониста нисбат ба тақдири ватану миллати худ бепарвоӣ кунад. Дониста бошем, ки хатар ба давлати миллии тоҷикон ин хатар ба миллат, ба хонадон, ба зану фарзандон, ба ҳар яки мову шумо мебошад. Агар мову шумо бетарафӣ пеша кунем, ҳеҷ гоҳ аз ин хатар эмин нестем. 

Пешвои миллат дар Паёми худ ба масъалаи хурофотпарастӣ таваҷчуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, зарари онро барои ҷомеа ва махсусан барои насли ҷавон таъкид намуданд: «Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад».

Дар ҳақиқат, бо хурофот ҷомеаро пеш бурдан ғайриимкон аст. Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, пойбанди хурофот ва фарҳанги бегона будан маънои беэътиноӣ, бемасъулиятӣ ва бетарафӣ нисбат ба ояндаи Ватану миллатро дорад.

Бояд тазакур дод, ки ватани моро ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад, чунки ин Ватан аз мост ва тақдири имрӯзу фардои он низ дар дасти худи мост.
Бинобар ин, мо – соҳибватанон бояд сарҷамъу аҳлона заҳмат кашем, Ватанамонро обод созем ва ба наслҳои оянда як мулки ободу давлати пешрафта ба мерос гузорем. Ин талаби замон, тақозои нангу номус, нишонаи соҳибватанӣ ва шарти ватандорист!

Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем. Моро лозим аст, ки ҳама чун як тан дар зери ливои миллат муттаҳид бошем, сарбозу сарсупоридаи Ватан бошем ва сулҳу суботи кишварамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Зеро дар замони вазъи буҳронии минтақава  бархӯрдҳои шадиди фарҳангӣ маҳз даст ба дасти ҳам додан, аз як гиребон сар баровардан ва ободу хуррам нигоҳ доштани сарзамини аҷдодӣ ягона роҳи наҷот ва эмин мондан аз чунин гирдобҳои пурталотум аст.

Худоро шукр, имрӯз амну осоиштагии мо барқарор аст ва ин ҳама моро водор ба шукргузорӣ мекунад. Зеро тавре дар ҳадиси саҳеҳи Паёмбари акрам (с) мехонем:

 “Касе шукргузори мардум нест, Худоро шукргузорӣ намекунад”. (ривояти Бухорӣ).  

Ин неъмати тинҷиву осудагие, ки дорем, ба амну баракати хизматҳои шабонарӯзии ҷавонмардони ҷонфидои Ватан -  Сарбозони бонангу номус ҳастанд, ки  барои осудагии мо сина сипар мекунанд. Ба қавли шоир:

То бихобад миллате осуда дар болини ноз,

Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад.

        Воқеан, хеле кори бошарафона ва ҷавонмардона аст, вақте инсон барои ҳимояи нангу номусаш, барои ҳимояи хонаи ободаш, ки Тоҷикистон аст, иқдом мекунад. Имрӯзҳо, ки даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар давом дорад, мо аз тариқи телевизион мушоҳида мекунем, ки ҷавонмардони бағайрату баномуси мо ба даъвати Модар-Ватан лаббайк мегӯянд. Бо истифода аз ҳамин фурсат, биёед дасти дуо бардорем ва аз даргоҳи Худованд барои ҳамаи наваскарон тану ҷони солим, ақли расову зеҳни гиро ва хизмати содиқона ба манфиати миллату давлатро орзу намоем.

        Мо борҳо иброз доштаем, ки ҳифзи Ватан дар таълимоти Ислом аз ҷойгоҳи муътабаре бархӯрдор аст.  Дар таълимоти шариат ибораи маъруфе мавҷуд аст, ки дӯст доштани Ватанро ба ҳама воҷиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватани мина-л-имон», яъне дӯст доштани ватан аз имон аст. «Ҳуббу-л-ватан» дӯст доштани Ватан аст, муҳофизати Ватан аст, хизмати Ватан аст, обод кардани он аст, садоқат ва ростӣ аст.

وقت الصلاة في طاجيكستان

15.10.2025

أكثر
الفجر04:54
الظهر12:40
العصر15:51
المغرب17:55
العشاء19:25
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر