الصفحة الرئيسية المقالات Дўстӣ ва бародарӣ байни мусалмон ва ғайри мусалмон аз нигоҳи Ислом

Дўстӣ ва бародарӣ байни мусалмон ва ғайри мусалмон аз нигоҳи Ислом

Дўстӣ ва бародарӣ байни мусалмон ва  ғайри мусалмон аз нигоҳи Ислом
2020-02-10
2557

Инсон мавҷуди иҷтимоӣ аст ва ногузир бояд дар канори дигарон зиндагӣ кунад ва бо онҳо муомила ва нишасту бархост дошта бошад. Дар натиҷаи ин иртиботҳо гоҳе инсонҳо бо ҳам наздиктар мешаванд ва дар масири кору зиндагӣ мушовиру ёрдамчии ҳамдигар мегарданд. Яъне дар натиҷаи дар канори ҳам зиндагӣ кардан, пайванд ва робитаи хос дар миёни онҳо ҳосил мегардад, ки ба тарзи муомилаву иртиботҳои онҳо ранги дигар мебахшад.

ҳар нафаре, ки бихоҳад таълимоти дини мубини Исломро бо рафтор кардан бо ғайри мусулмонон хулоса кунад, бояд бидонад, ки чӣ амри ҳалол ва чӣ амри ҳаром аст. Худованди пок дар қуръони азимушшаън муъминонро ба некўӣ ва эҳсон ва адолат даъват мекунад ва ин аъмоли шоистаро дар афроде, ки мусулмон нестанд, низ тавсия медиҳад. Чунонки дар ояти 42 сураи Моида мефармояд: «Худованд одилонро дўст медорад».

Агар фарди оқилу доно аз қуръони карим аҳкоми ин муомилотро ҷустуҷў кунад, ба осонӣ дарк мекунад, ки Худованди маннон дар робитаи муъминон бо яҳуду насоро аҳамияти хос дода онҳоро бо нидои «ё аҳлал-китоб», «ё айюҳаллазина утул-китоб» хитоб менамояд, ишора ба ин аст, ки онҳо дар асл соҳиби дини осмонӣ ҳастанд ва дар ин нукта бо мусулмонон дар усули дини осмонӣ хешованд мебошанд.

Дар аҳодиси Паёмбар (с) бошад, тавсияҳои зиёде аз ҷониби он ҳазрат (с) нисбати уммат дар китобҳои эътиқодӣ ва фиқҳӣ дарҷ гардидааст, то ҷое, ки қуръони карим мефармояд:

«ғизои аҳли китоб барои шумо ҳалол аст ва ғизои шумо низ барои онҳо ҳалол аст ва занони покдомани аҳли китоб барои шумо ҳалол мебошад». (Сураи Моида, ояти 5).

Яке аз тавсияҳои дини Ислом ухувати башарист, ки лозимаи он мусовот миёни инсонҳост. Ин бародарию баробарӣ бар ду поя устувор аст:

Аввал:ҳамаи мардум бо муқтазои асли тавҳид бандаи Худои якто ҳастанд. Худованде, ки онҳоро ба беҳтарин сурат офаридааст ва онҳо дар мақоми убудияти Худованд яксонанд.

Дувум: ҳама инсонҳо аз ҳар нажоду ранг ва сарзамине, ки бошанд, бо ҳар забоне, ки суҳбат кунанд, аз ҳар қишру табақае, ки бошанд, фарзанди Одаманд ва дар манзалати фарзандии вай дар як мартаба қарор доранд. Ин гуфтаҳо маншаъ аз хитоби Расули гиромии Ислом (с) гирифтааст, ки дар ҳаччат-ул-вадоъ ба ҷамъи зиёде аз мардум арз намуд: «Эй мардум! Парвардигоратон яке аст ва падаратон низ якест. ҳамаи шумо аз Одам ҳастед ва Одам аз хок офарида шудааст. ҳеҷ арабе бар ғайри араб ва ҳеҷ сафедпўсте бар сиёҳпўст ба ҷуз василаи покӣ ва парҳезгорӣ бартарӣ надорад». (Муснади Аҳмади ҳанбал, ҷ. 5, с. 412).

Инчунин Худованди мутаъол дар сураи ҳуҷурот, ояти 13 фармудааст: «Эй мардум! Мо шуморо аз мард ва зане офаридем ва ба сурати миллатҳо ва қабилае даровардем, ба ростӣ гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортаринатон аст».

Ухувват аз се унсур – муҳаббат, мусовот ва таовун ташкил мешавад. Мумкин аст баъзеҳо эътироз кунанд, ки Худованди мутаъол дар сураи ҳуҷурот, ояти 10 фармудааст: «Мўъминон бародари якдигаранд».

Ва Паёмбари бузургвори Ислом (с) фармудааст: «Мусалмон бародари мусалмон аст». Дар посух бояд гуфт, ки ухувати диние, ки бар асли имон аст, хостарин ва амиқтарин навъҳои бародарист, аммо бо навъҳои дигаре аз бародариҳо мисли бародарии меҳанӣ, бародарии миллӣ ва инсонӣ мунофот надорад. Монанди ин фармудаи Худованди мутаъол:

«Ва ба сўи мардуми Од бародарашон ҳудро фиристодем». (Сураи ҳуд, ояти 50).

«Ва ба сўи қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем». (Сураи ҳуд, ояти 61)/

«Ва ба сўи мардуми Мадян бародарашон Шуъайбро фиристодем». (Сураи ҳуд, ояти 84).

«қавми Нўҳ паёмбаронро такзиб карданд, замоне ки бародарашон Нўҳ ба онхо гуфт: Чаро парҳезгориро пешаи хеш намекунед?». (Сураи Шуаро, ояти 105-106).

«Замоне ки бародарашон Лут ба эшон гуфт: Чаро роҳи парҳезгориро дар пеш намегиред?». (Сураи Шуаро, ояти 161).

қуръони карим миёни паёмбарон ва қавмҳояшон, ки онҳоро такзиб мекарданд ва бар рисолати эшон эътироз мекарданд, ба робитаи бародарӣ ишора кардааст, чунки паёмбарон аз миёни эшон баромаданд ва ба онон бегона набуданд ва дар воқеъ бародари қавмии якдигар буданд. Дар миёни Банӣ Одам робитаи бародарии инсонӣ бар пояи фарзанди одам будан барқарор аст, чунонки баёнаш дар ҳадиси ҳаҷҷат-ул-вадоъ гузашт. Шоире дар ин маврид фармудааст:

«Аз он ҷо, ки асли ман аз хок аст, ҳама сарзаминҳоро ватани хеш медонам ва ҳама мардуми ҷаҳонро хешовандонам ба шумор меоварам».

          Назари Ислом бар ин нест, ки ҳамаи дарҳоро ба рўи худ баста бошад ва мардуми мусалмон танҳо дар андешаи  зиндагии худ бошанд ва ба дигарон аҳамият надиҳанд ва коре ба салоҳу фасод, ҳидояту гумроҳӣ ва тараққиву таназзули дигарон надошта бошад. ҳеҷ гоҳ чунин набудаву нест!

Аз ҳамон оғози тулўъи фаҷри Ислом, рисолати он рисолати ҷаҳонӣ ва даъвате барои ҳамаи башарият ва раҳмате барои ҳамаи инсонҳо, сарфи назар аз арабу аҷам ва барои ҳамаи нажодҳо навобаста аз рангу пўст будааст.

Чунонки Худованди маннон дар каломи беназири худ, дар сураи «Анбиё», ояти 107 фармудааст:

«Мо туро нафиристодем, магар он ки барои ҷаҳониён мояи хайру раҳмат бошӣ».

Инчунин дар сураи Аъроф, ояти 158 омадааст:

«Бигў, эй мардум, ман фиристодаи Худованд ба сўйи ҳамаи шумо ҳастам».

Яке дигар аз усул ва арзишҳое, ки Ислом пайравони худро ба он мехонад, мадоро ва ҷавонмардӣ бо ғайри мусалмонон ва таомул бо онҳо бо табъи баланди инсонӣ ва бо рўҳияи орӣ аз кинаву таассуб нисбат ба дигарон аст. Ин навъи рафтор бо ғайри мусулмононе аст, ки бо Ислом мухолифанд, аммо дар мавриди аҳли китоб, яъне масеҳиён ва яҳудиён бо таваҷҷуҳи хос аз бархурдорӣ ба дини Ислом ва мансубияти ҳамаи онҳо ба Иброҳими Абуланбиё рафтори хосе мавриди таъкид қарор гирифтааст.

Бар ҳамин асос аст, ки Ислом онҳоро аҳли китоб номида, хўрдани гўшти ҳайвонотеро, ки аҳли китоб забҳ кардаанд ва издивоҷ бо занони аҳли китобро мубоҳ гардонидааст.

Худованд дар қуръони карим сураи Фурқон, ояти 54 фармудааст:

«Ў Худовандест, ки аз об инсонро офарида ва аз тариқи насаб ва сабаб ононро ба якдигар хешованд гардонидааст».

Равобити хешутаборӣ аз дидгохи дини мубин ба се асл қарор дорад: насабӣ, сабабӣ, разоъӣ, Ин ҷо чун робитаи сабабӣ вуҷуд дорад, силаи раҳм зуҳур мекунад. Ин рўҳияву тасомуҳ ва ҳамзистии густурдаву арзишмандро, ки дар шариати Ислом дида мешавад, дар ҳеҷ яке аз адёни дигар пайдо наметавон кард.

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.11.2024

أكثر
الفجر05:41
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر