الصفحة الرئيسية المقالات Шарму ҳаё аз имон аст

Шарму ҳаё аз имон аст

Шарму ҳаё аз имон аст
2020-02-28
2579

Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон

Ҳамду сано Худовандеро, ки моро ба беҳтарин сурати инсонӣ офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар хотами паёмбарон ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ва бар хонадони поку ёрону пайравонаш.

Дар ҷамъияти мо агар касе як кори ношоямеро бикунад, ўро беҳаё мегўянд ва ин ба ў хеле сахт мерасад, зеро беҳаёӣ аз хислатҳои хеле бади инсонист. Зану мард, пеш аз ҳама бояд аз Худо ва муҳит шарм кунанд. Ин хислат аз зумраи он хислатҳоест, ки ҳам зебандаи занон асту ҳам зебандаи мардон. Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам соҳиби хулқи ҳамида ва шарму ҳаё буданд. Чунонки аз саҳобии ҷалил Абўсаъиди Худрӣ, разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт:

 «Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, дар шармгинӣ сахттар аз дўшизагони парданишин буданд».

Ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо ривоят мекунанд, ки ҳаёву шарми Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар баъзе мавридҳо аз ҳаёи духтарон пурзўртар буд.

 Аз таърих ба мо маълум аст, ки Ҳазрати Усмон ибни Аффон разияллоҳу анҳу домоди Паёмбар (с) ниҳоят боҳилму боҳаё буданд. Мардону ҷавонписарони моро лозим аст, ки бо шарму ҳаё ороста бошанд. Шарму ҳаё инсонро шариф медорад. Мутаассифона, имрўз чунин ба назар мерасад, ки бисёре аз ҷавонон ва нафақат ҷавонон, балки мардони синнашон ба ҷое расида ба рў пўсти беҳаёӣ кашидаанд ва дар гуфтору рафтор аз ҳеҷ сухану амали қабеҳ ибо надоранд. Уламои шариат шарму ҳаёро пўсти имон номидаанд. Он тавре ки дарахт бе пўст мавҷудияти худро аз даст медиҳад, инсон ҳам агар ҳаё надошта бошад, монанди ҳамин дарахти бепўст аст.

Ба ривояти Имом Муслим аз саҳобии ҷалил Абуҳурайра нақл аст, ки Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадиси шарифе фармудаанд:

 «Имон ҳафтоду чанд ё шасту чанд шоха дорад. Бузургтарини ҳамаи ин шохаҳо гуфтани калимаи тайиба: «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур Расулуллоҳ (с)» аст ва хурдтарини ин шоха бартараф кардани чизи озордиҳанда аз сари роҳ аст. Ҳаё яке аз шохаҳои имон аст». Яъне, ҳазрати Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва салам аввалу охири ин шохаҳои дарахти имонро баён кардаанд, аммо ҳаёро бо таъкиди фаровон дар охири сухани худ баён кардаанд. Ин чунин маъно дорад, ки имон ва ҳаё ду тарафи як чизанд. Пас мусалмони асил мекушад то ҳамеша бо шарму ҳаё бошад, зеро шарму ҳаё фарди мусалмонро водор месозад, ки аз чизҳои ҳаром боз истад.

Аммо мутаассифона баъзан баъзе аз мусалмонони дур аз шарму ҳаё ба корҳое даст мезананд, ки барои шахси мусалмон нораво ва ҳатто сабаби нохушӣ ва ғазаби Худованд мегардад. Яке аз ин амалҳои нангину дур аз сифоти инсонӣ зино кардан мебошад, ки баъзеҳо нисбат ба ин амал беправоӣ зоҳир мекунанд. Онҳо фаромўш кардаанд, ки Худованди бузург ҳамеша нозир аст ва аз он амалҳое, ки онҳо ошкоро ва ё пинҳонӣ анҷом медиҳанд, хабардор мебошад.

Қайд намудан зарур аст, ки тамоми бемориҳои сироятӣ дар асоси алоқаи ҷинсии номашруъ, ки онро зино меноманд, сар мезанад, чи тавре ки Худованд дар ояти 32-и сураи Исро мефармояд:

 «Ва ба зино наздик машавед; ба дурустӣ ки вай беҳаёӣ ва бад роҳе аст!»

Имом Аҳмади ибни Ҳанбал (р) мегўяд «Баъд аз қатли одами бегуноҳ ҳеҷ гуноҳеро сангинтар аз зино намедонам».

Ба ривояти Имом Бухорӣ дар яке аз ҳадисҳои Ҳазрати Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам омадааст, ки ҳамаи Паёмбарони пешин шарму ҳаёро амри писандида дониста, онро роҳи наҷот аз воқеъ шудан дар амалҳои ҳаром донистаанд. Чунонки Ақаба ибни Амри Ансорӣ, разияллоҳу анҳу ривоят кардааст, Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, гуфтанд:

«Ба дурустӣ, он чӣ мардум аз панди паёмбарони пешин дарёфтаанд, ин аст: «Ҳар гоҳ шарм накардӣ, пас ҳар чи мехоҳӣ бикун». Яъне, агар шар­му ҳаё надошта бошӣ, ки туро аз чизҳои ҳаром боз­дорад, пас ҳар чӣ хоҳӣ бикун, вале дониста бош, ки барои худ бадбахтӣ хоҳӣ овард. Аз ин ҳадиси шариф маълум мешавад, ки шарму ҳаё дар вуҷуди инсон мақоми хоссае доранд.

 Гар ҳаё набувад, барафтад расми исмат аз миён,

Гар ҷаҳоне дар миён аст, аз тақозои ҳаёст.

Дар ҳадиси Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки аз Абуҳурайра (раз) ривоят шудааст, гуфта мешавад: «Ҷаннат барои шахси бешарму ҳаё ҳаром аст». Ин ҳадис моро ба он водор мекунад, ки бояд бошарму ҳаё ва боандеша бошем. Муъмин бояд аз суханони бемаънӣ поку беолоиш бошад ва шарму ҳаёро як ҷузъи имон бидонад. Ҷаноби Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар дигар ҳадиси худ мефармоянд:

 «Аз бешармию беҳаёӣ дур бошед, зеро Худованд бешарму бадахлоқро дўст намедорад».

Яке аз бузургони дини Ислом Муҳаммади Ғазолӣ дар китоби машҳури худ «Эҳё-ул-улум», дар ҷилди сеюм як бобро махсус ба шарму ҳаё бахшидаанд. Дар ҳамин ҷо ин ҳадиси Расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, оварда шудааст:

Яъне, «Дашном додани мусалмон фисқ аст, (яъне гуноҳ аст) ва куштани он куфр аст».

Шайтон ба қавли Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар тамоми рагу пайванди инсон ба маҷрои хуни ў ҷорист ва ҳамеша инсонро васваса мекунад, ки бемаънӣ ва бешарму ҳаё бошад, ба ҳар гуна корҳои ғайри шаръӣ даст бизанад. Муъмини комил ҳамонест, ки ба шайтон фармонбардорӣ накунад ва аз бандагони хоси Худо бошад.

Ҳазрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салам дар як ҳадиси дигар мегўянд:

Яъне, «Ҳаё бо тамоми ҷузъиёташ хуб аст».

Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳаё бо ҳама анвоъаш хуб аст, ҳам забонро аз суханони бемаънӣ боздоштан, ҳам ибову андешаро риоя намудан ва амсоли ин, ки инсонро зебою бо ахлоқ медорад.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, фармуданд:

«Шарму ҳаё аз имон аст».

Дар шарҳи ин ҳадис баъзе аз уламо бар ин ақидаанд, ки ҳар касеро ҳаё набошад, он касро имони мукаммал нест.

 Дар охир таманнои онро мекунем, ки Худованд ҳамаи гузаштагони ин уммат ва ин миллатро бибахшаду мағфират намояд. Барои мардону занон, бахусус ба ҷавонони мо шарму ҳаё ва иффатро насибу рўзӣ гардонад.

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.11.2024

أكثر
الفجر05:41
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر