Сафаре, ки ба дилҳо боварӣ ва умеди тоза ато кард
Мегӯянд,ки инсонҳоро на беморӣ балки тарсу ваҳм аз беморӣ бештар ба ҳалокат мебарад. Зеро тарс қудрати маҳв кардани инсонро дорад, ки ягон яроқи замонавӣ онро иваз карда наметавонад. Аз ин рӯ оромии руҳӣ ва хотири ҷамъ ба инсон нерӯи тоза мебахшад ва умеди зинда будан ва зиндагии хуб доштанро дар дили инсон бедор нигоҳ медорад. Сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили иди Наврӯз ба вилояти Суғд маҳз ба хотири тинҷиву осудагӣ ва оромии мардуми кишвар сурат гирифт. Инсони оқилу доно ба ин амали ҷавонмардонаи Сарвари давлат баҳои баланд медиҳад ва бори дигар аз ҷасорату мардонагӣ, ҳамдилу ҳамнафаси халқ будани Пешвои миллатро эҳсос мекунад. Зеро агар аз рӯи адолат ва воқеият гирем дар ин айёми паҳншавии вабои аср – бемории коронавирус, ки оламро ба таҳлука андохтааст Пешвои муаззами миллат метавонистанд дар хона ё идораи худ нишаста давлатро идора кунанд ва наврузро бе мардум қайд намоянд. Вале ҳисси ғамхориву муҳаббат ба мардуми Тоҷикистонон касро нагузошт, ки оромии худро гӯянд у мардумро рӯҳафтода кунанд.
Ҷаноби Олӣ дар давоми панҷ рӯз тавонистанд дар ифтитоҳи даҳҳо корхонаҳои ҳаётан муҳим, ки мардумро ба кор таъмин мекунад иштирок карда, дар шаҳру деҳот бо мардум мулоқотҳои самимӣ намоянд.
Рӯзи ҷашни Наврӯз бошад дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёди мардум ин иди ҷаҳониро таҷлил намуда, рӯҳияи тамоми мардумиТоҷикистонро бо беҳтарин суханҳо ва орзуҳо баланд бардоштанд.
Ҷаноби Олӣ дар суханрониҳои худ чандин маротиба такрор намуданд, ки тандурустию саломатӣ неъмати бебаҳост мо бояд дар ин айёме, ки вазъияти чаҳон ташвишовар аст рӯҳафтода нашавем, ҳар як нафар аз руи талаботи мавҷуда аз паси саломатии худ шавад. Пешвои миллат дар канори халқ ва бо халқ буданд, махсусан дар ин рӯзҳо ки васоити ахбори олам ҳама соат ахбороти вазнинро дар бораи короновирус паҳн мекунад, бо халқ будани Пешвои миллат рамзи муҳаббати беандозаи он кас ба мову Шумо буд. Барои дарку маърифати ин рамз муҳим нест, ки инсон олим бошад ё сиёсатмадору ҷомеашинос. Зеро ин рамзи оламу одамгарист, ки бар дили ҳар як нафар таъсири худро дорад.
Афсус, ки хоинони миллат бо роҳбарииМуҳиддин Кабирӣ ва косалесонаш аз ин пешравиҳои ҳаёт, саодати миллат ва рӯҳияи баланди мардуми Тоҷикистон ҳасад бурда, аз дур санги душманона мезананд.
Онҳо ҳама чизро мебинанд магар ба чашми сар намебинанд, ки дар Тоҷикистон касе ин бемориро нодида нагирифта аст. Дар мавриди ин беморӣ ситод амал мекунад, ки ба он Сарвазири Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, вазорати тандурустии кишвар ва кулли вазоратҳои дигар шаборӯз машғули коранду ВАО - пайваста аз он иттилоъ медиҳад. Ситод дар пешгирии ин касалии сироятӣ амал карда мардумро огоҳ мекунанд, ҳамаи ҷойҳои ҷамьиятӣ аз ҷумламасҷидҳо тозаву озода нигоҳ дошта мешавад. Бояд гуфт, ки он воҳима ва ҳаросе, ки чанд ҳафта пеш дар дили баъзеҳо пайдо шуда буд бо шарофатии сафари Пешвои миллат аз байн рафт, Имрӯз мардум ба қоидаҳои ҳифзи саломатӣ риоя мекунанд ва шукри Худо то имрӯз дар Тоҷикистон ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Муҳиддин Кабирӣ бояд фикр кунад ва фаҳмад, ки мардуми Тоҷикистон ба иғвои вай ҳеҷ вақт дода намешаванд, вай ҳақ надорад, ки аз номи миллат ҳарф занад, зеро миллат аз ин хел фарзандони хоин безор аст.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода